Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусия дар Тошканд беш аз 600 варзишгари синну солашон гуногун, аз наврасон то собиқадорон, иштирок доранд. Мусобиқот дар маҷмааи варзишии “Узбекистон” баргузор шудааст. Тоҷикистонро беш аз 40 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнусия миёни бузургсолон паҳлавонони тоҷик шаш медал (се нишони нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи бузургсолони Тоҷикистон 11 гуштигири мард дохил буд, ки 7 нафарашон дар самбои варзишӣ ва чаҳор нафар дар самбои размӣ рақобат карданд.
Дар самбои варзишӣ паҳлавонони тоҷик Деваштич Устопириён дар вазни 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни 88 кило медалҳои нуқра гирифтанд. Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Халид Толибзода дар вазни 88 кило дар самбои размӣ медали нуқра ба даст овард. Ду нафари дигар – Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кило ва Рамазон Ҷумъаев дар вазни 79 кило - дар намуди самбои размӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар мусобиқаи наврасон дар самбои варзишӣ Амирҷон Шарифов дар вазни 58 кило медали нуқра ва Сафиаллоҳ Ҳикматов дар вазни 71 кило медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар самбои варзишӣ миёни навҷавонон Абдулло Қодиров (64 кг), Абдулло Лоиқов (79 кг), Фирдавси Баҳодур (88 кг), дар самбои размӣ Шоҳин Азиззода (79 кг) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Шоҳрух Назаров дар рақобатҳо миёни варзишгарони нобино ва хирачашм (SVI-1) дар вазни 79 кило бо медали тилло мукофотонида шуд.
Рӯзҳои 19-20-уми апрел мусобиқа миёни устодон барпо мегардад, ки Тоҷикистонро паҳлавонон – собиқадорони самбо намояндагӣ мекунанд.
Гуфтугӯ