Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн


Варзишгарони тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн
Варзишгарони тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн

Варзишгарони тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои III осиёии наврасон, ки 22-юми октябр дар Баҳрайн баргузор шуд, ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо Тимоти Фок, иҷрокунандаи вазифаи раиси Шурои олимпии Осиё, зимни суханрониаш гуфт, “ман паёми худро бо ташаккур ба Баҳрайн оғоз мекунам. Дар замоне ки мо ниёз доштем, Баҳрайн дасти худро боло карда, ба оилаи олимпии Осиё барои мизбонии Бозиҳои сеюми осиёии наврасон омодагии худро баён кард”.

Бояд гуфт, Бозиҳои III осиёии наврасон мебоист дар Узбекистон мегузашт, аммо бо сабаби сари вақт омода нашудани инфрасохтори варзишӣ Тошканд аз мизбонии ин чорабинӣ даст кашид.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо дар Баҳрайн зикр шуд, ки дар мусобиқот беш аз чор ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон, ки дар Баҳрайн то 31-уми октябр баргузор мешаванд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохиланд, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай-тай (бокси тайландӣ), ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009 дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ - тӯли 9 рӯз идома карданд.

Дар ин Бозиҳо танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013 дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG