Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижа: "Ман ҷангро хотима дода наметавонам, вале..."


Манижа Сангин. Акс аз соли 2021
Манижа Сангин. Акс аз соли 2021

Манижа Сангин, овозхони тоҷики Русия, рӯзи 8-уми май таронаи навашро ба забони англисӣ бо номи “Нури шамъ” муаррифӣ мекунад.

Худи ӯ, ки барои мухолифаташ бо ҷанги Русия дар Украина маҷбур шуд ба хориҷа биравад, ин оҳангро “умед ба фардои беҳтар” номидааст.

Манижа ширкатдори охирини озмуни бонуфузи мусиқии Eurovision аз Русия дар соли 2021 аст, чун баъди шурӯи ҷанг дар Украина Русия аз ҳаққи ширкат дар ин озмун маҳрум шуд.

Манижа дар суҳбат бо PA Media/dpa аз Шветсия гуфтааст, худи ӯ ҳам барои мавқеи зиддиҷангиву пуштибонияш аз муҳоҷирони тоҷик баъди ҳамлаи “Крокус” мавриди ҳамлаҳои интернетӣ, масдудкунии саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳқиру тавҳин қарор гирифт.

Ӯ дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ҳоло бисёр эҳтиёткор шуда, маҷбур аст ҳар ҳарфашро санҷида бигӯяд.

“Ман як овозхон ҳастам ва ман аз ҳамин роҳ паёми худро мерасонам. Ман беақл нестам, медонам, ки ман ҷангу фишорҳоро хотима дода наметавонам. Ман бо ин низом ҷангида наметавонам, вале ман қадам ба қадам метавонам як ҷаҳоне пур аз инсонҳое бисозам, ки дидгоҳҳои монанд ба маро паҳн карда метавонанд,” – афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG