Дар чанд ҷумла
Кумитаи занон аз коҳиши никоҳу талоқ дар як соли охир хабар дод
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, соли гузашта дар кишвар талоқ ва ҳамчунин никоҳ низ кам шудааст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки назар ба як соли пеш ҳазор адад камтар будааст.
Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта 75 ҳазор ақди никоҳ дар кишвар сабти ном шудааст, ки дар қиёс ба соле пеш ҳазор адад камтар аст.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон гуфт, издивоҷҳои бармаҳал ва омода набудани духтарон ба зиндагии мустақилона, аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон аст.
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн солҳост, ки аз мавзуъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Вазири корҳои хориҷӣ: нозирони САҲА нигоҳи якҷониба доштанд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) тартиби сабтиномро риоя накарда, аз ширкат дар интихоботи порлумонӣ худдорӣ намуданд.
САҲА рӯзи 4-уми феврал дар эъломияе гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон" боис шуд, ки аз назорати интихоботи моҳи март даст кашад.
Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал нозирони ин созмонро ба вайрон кардани муқаррароти интихобот ва хатари ба вуҷуд овардани шарҳи нодурусти вазъияти дохилии Тоҷикистон муттаҳам кард.
"Сабтиноми ҳамаи мушоҳидон то 10-уми феврал давом кард. Фақат гурӯҳи Дафтари ниҳодҳои демкоратӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА аз пеши худ таърихҳои дигарро барои сабтином пешниҳод карданд. Онҳо хостанд, ки қонунгузории моро вайрон кунанд. Пешниҳод карданд, ки онҳоро то 31-уми январ сабтином кунанд. Азбаски КМИР тартибу қоидаи худашро дорад, натавонистем онҳоро то 31-уми январ ба қайд гирем," – гуфт вазир.
Ӯ афзуд, нозирон сипас таърихи дуюмро пешниҳод карданд: “То 3-юми феврал ҳам мо ин корро карда натавонистем. Онҳо гашта ба Вена рафтанд ва дар он ҷо Шӯрои доимии Вена/САҲА-ро даъват карданду хостанд, ҳамин масъалаи иштироки онҳоро аз нуқтаи назари манфӣ ба тамоми аъзои созмон расонанд."
Мария Телалян, роҳбари Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар баёнияи 4-уми феврал гуфтааст, "набудани кафолати расмӣ дар бораи он ки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд", як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин Дафтари ниҳодҳои демократии САҲА-ро ба он муттаҳам кард, ки ҳайати арзёбии ниёзҳои ин ниҳод дар гузорише вазъияти дохилии Тоҷикистонро беасос ва яктарафа арзёбӣ кардаанд.
"Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар ин гузориш масъалаҳое қайд гардидаанд, ки ба интихобот ва рафти омодагии он рабте надоранд. Чунин муносибат хавфи ба вуҷуд овардани шарҳи нодурусти вазъияти дохилиро ба бор меорад. Ба замми ин дар гузориш аз иқдоми мусбати мақомоти давлатӣ барои таҳкими субот ва рушди кишвар чизе зикр нашудааст," -- гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 2-юми марти имсол баргузор мешавад. 63 узви Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Дар ҳоли ҳозир аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад.
Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.
Нозирони САҲА дар ҳоле аз мушоҳидаи интихобот даст кашиданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва ин созмон дар солҳои охир бино бар ширкати мухолифони ҳукумат дар ҳамоишҳои он ба сардӣ гароидаанд.
Бозгашти беш аз 600 ҳазор кас аз хориҷа ба Тоҷикистон
Дар нуҳ моҳи соли 2024 зиёда аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа, асосан Русия, ба кишвар баргаштаанд.
Ин оморро Имматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дод. Вале на ӯ ва на вазири кору муҳоҷират посух надоданд, ки чӣ теъдод аз онҳо ихроҷ шуда, чӣ қадар ихтиёрӣ бозгаштанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, танҳо ҳаминро гуфт, ки “вобаста аз дигаргуниҳо дар қонунҳои Русия” бозгашти муҳоҷирон ба ватан бештар шуд.
Баъд аз ҳамлаи шаби 22-юми марти соли 2024 ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав шикояти муҳоҷирон аз санҷишу тафтиш ва ихроҷашон аз қаламарави Русия бештар гардид.
Мақомоти қудратии Русия зиёда аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаҳои иттилоотии зидди муҳоҷирон дар Русия то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъд аз он бештар шуд.
Думаи давлатии Русия дар соли 2024 даҳҳо қарору қонунро қабул кард, ки ба истилоҳ зидди муҳоҷирон равона шуда буданд.
Сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ ва маҳдуд кардани қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост.
Номаи Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон дар бораи риояи таҳримҳо
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаи кори ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон, ки зери таҳрим ҳастанд, ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Амрико дар ин нома аз ҳукумати Тоҷикистон пурсидааст, ки дар баробари ширкатҳои русӣ, ки таҳрим шудаанд, чӣ корҳо анҷом медиҳад.
Раҳимзода ҷузъиёти номаро ошкор накарда, танҳо гуфт, "мақомот онро баррасӣ доранд".
Баъд аз оғози ҷанги Русия дар хоки Украина, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи ширкатҳои русӣ таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Намунаи охираш таҳрими ширкати "Газпромнефт" аст, ки намояндагияш дар Тоҷикистон ҳам фаъолият дорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ аз раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ пурсид, ки баъд аз таҳрими Амрико, кори ширкати "Газпромнефт" дар Тоҷикистон чӣ мешавад? Султон Раҳимзода дар ин бора ҳеч шарҳи мушаххас надод ва танҳо ишора кард, ки ин соли аввал нест, ки ширкатҳои русӣ таҳрим мешаванд.
Бештар аз 80 дарсади бензину газро Тоҷикистон аз “Газпромнефт” мехарад ва танҳо дар 6 моҳи соли гузашта аз он 451 ҳазор тонна сӯзишворӣ гирифтааст. Нигаронӣ ҳам аз он аст, ки таҳримҳои Амрико агар маҷрои газу бензини русиро ба Тоҷикистон набандад ҳам, эҳтимол камтар кунад.
Қарзи “Талко” аз барқ ба беш аз 570 миллион сомонӣ расидааст
Қарзи “Талко”, корхонаи алюминиюми тоҷик, аз истифодаи пули барқ ба беш аз 570 миллион сомонӣ расидааст.
Дар ин бора Муҳаммад Ғуломзода, масъули Шабакаҳои тақсими барқ, рӯзи 11-уми феврал хабар дод.
Қарзи ин корхонаи воқеъ дар шаҳри Турсунзода то моҳи январи соли 2024 зиёда аз 351 миллион сомониро ташкил медод.
Напардохтани пули барқ аз ҷониби корхонаи “Талко” дар ҳолест, ки ин ширкат аз имтиёз бархурдор аст. Он нерӯи барқро нисбат ба корхонаҳои дигари саноатӣ ва аҳолӣ арзон дастрас мекунад.
Арзиши як киловат/соат нерӯи барқ барои корхонаҳои дигари саноатӣ 70,35 дирам, барои аҳолӣ 30,75 дирам, вале барои корхонаи “Талко” 18,6 дирам пешбинӣ шудааст.
"Барқи тоҷик": Пешниҳоди боло бурдани нархи барқ дар баррасӣ аст
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" тасдиқ кард, ки пешниҳоди боло бурдани нархи нерӯи барқ, дар баррасии ҳукумат қарор дорад.
Чанд рӯз қабл намояндагони Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ҳам гуфта буданд, ки эҳтимол имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар боло меравад.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ба пурсишҳои батакрори Радиои Озодӣ дар бораи ва аз кай ва чӣ қадар гарони шудани қимати барқ посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, ки ин амр дар салоҳияти ҳукумат аст.
Аз ин пеш, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфта буд, ки пешниҳод барои боло бурдани арзиши барқ ба ҳукумат ирсол шудааст.
Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи ниҳоии барқ "пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад".
Бори ахир нерӯи барқ моҳи январи соли 2024 гарон шуда буд. Аз он вақт сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 30,75 ва корхонаҳо 70,35 дирам месупоранд.
Корхонаҳои “Талко”, Комбинати металлургии Тоҷикистон ва корхонаи нуриҳои "Азот" нархи барқро аз дигар корхонаҳо арзонтар мегиранд.
“Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз, аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд. Соҳиби корхонаи “Азот” маълум нест.
Сафири Русия гуфт, Душанбе дар таҳқиқи "Крокус" ҳамкорӣ кард
Сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳолатҳои ҳамла ба толори консертии "Крокус", фаъолона ширкат доранд.
Семен Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон ба дархостҳои ҳамтоёнашон аз Русия дар бораи таҳқиқи ҳодисаи "Крокус" фавран вокуниш карданд.
Аммо Сафири Русия ҷузъиёти ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Русияро ифшо накардааст. Семен Григорев танҳо гуфтааст, ки тамосҳои ду кишвар дар ин бахш идома доранд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамкории мақомоти Тоҷикистон бо Русия дар робита ба қазияи "Крокус" аз чӣ иборат буд. Вале наздикони бархе аз гумонбарони ин ҳамла дар Тоҷикистон пештар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муфаттишони рус бо онҳо дар Душанбе суҳбат кардаанд.
Изҳороти ахири Сафорати Русия дар ҳоле садо дод, ки таҳқиқи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус" ба анҷом расида, қарор аст парванда моҳи март ба додгоҳ равад.
Ба гумони нақшарезӣ ва кӯмак ба ҳамлаи рӯзи 22-юми марти соли гузашта ба толори "Крокус" зиёда аз бист тан, асосан зодагони Тоҷикистон, дар боздошт ҳастанд.
Чор нафари онҳо омилони асосӣ муаррифӣ шуда, дар рӯзҳои аввали боздошт бо гӯши нимбурида, беҳушу беҳаракат ва порчае аз селофан дар гардан дар додгоҳ дида шуданд.
Ҷоизаи президент ба 46 варзишгари тоҷик дода мешавад
10-уми феврал бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 ва мураббиёни онҳо амри президенти Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин бора сомонаи president.tj хабар додааст.
Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо, ки аз Фонди захиравии президент ҷудо шудааст ва 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ (қариб 164 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ҷудо гардидааст.
Зимнан, ҷоизаи президенти Тоҷикистон соли 2015 таъсис ёфтааст ва бори нӯҳум аст, ки ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо супурда мешавад.
То ин давра ба 370 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон 8 миллиону 250 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шудааст.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои осиёӣ муқаррар шудааст.
Се медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуданд, натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2024 мебошад.
Дар Олимпиадаи Порис-2024 аз 14 варзишгари тоҷик се нафар – Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев (-92 кг) дар риштаи бокс - бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар ду ришта - ҷудо ва гуштии озод - дар қаҳрамонии ҷаҳон пас аз 17 сол медал ба даст оварданд. Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Абдулмаҷид Кудиев моҳи октябри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 70 кило дар шаҳри Тиранаи Албания медали биринҷӣ гирифт. Қаблан, Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон соҳиби медали нуқра шуда буд.
Вале варзишгарони тоҷик соли 2024 натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то ҳоло касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло нагирифтааст.
Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати қариб даҳ сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.
Акмал Убайдов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, дар вазни то 60 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай пас аз панҷ сол барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси Осиё медали тилло овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.
Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 дар як маросими ботантана, ки онро рӯзҳои наздик Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ташкил мекунад, супурда хоҳад шуд.
Дар мусобиқае дар Душанбе Эрон бар Узбекистон пирӯз шуд
Рӯзи якшанбеи 9-уми феврал дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз ёфт, ки то 16-уми феврал идома хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни занон дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат дорзанд.
Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе доир мегарданд.
Аввалин бозии мусобиқаи имсола миёни дастаҳои мунтахаби занонаи футзали Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар бозии дигари даври якум тими миллии Эрон дастаи мунтахаби Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври аввали мусобиқа озод буд, нахустин бозии худро дар қаҳрамонии CAFA-2025 бо тими Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи душанбеи 10-уми феврал баргузор мешавад.
Баъдан занони футзалбози тоҷик 12-уми феврал бо мунтахаби Туркманистон, 14-уми феврал бо дастаи Узбекистон ва 16-уми феврал бо тими Эрон рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби занона
Иштироккунандагон:
Қирғизистон
Тоҷикистон
Туркманистон
Узбекистон
Эрон
Даври якум
9-уми феврал (якшанбе)
Туркманистон – Қирғизистон – 1:1
Узбекистон – Эрон – 0:9
Даври дуюм
10-уми феврал (душанбе)
16:00 – Туркманистон - Узбекистон
19:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
Даври сеюм
12-уми феврал (чоршанбе)
16:00 – Эрон - Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон – Туркманистон
Даври чаҳорум
14-уми феврал (ҷумъа)
16:00 – Эрон - Туркманистон
19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Даври панҷум
16-уми феврал (якшанбе)
16:00 – Қирғизистон - Узбекистон
19:00 – Тоҷикистон – Эрон
Вазири тандурустӣ гуфт, пайванди узвҳои бадан зиёд шудааст
Дар Тоҷикистон пайванди узвҳои бадан, аз ҷумла гурда ва ҷигар дар соли гузашта зиёд шудааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 10-уми феврал гуфт, “дар соли 2024 дар кишвар ба 298 бемор ҷарроҳии пайванди узвҳо (аз ҷумла, 199 адад пайванди гурда ва 67 ҷигар) гузаронида шудааст, ки нисбат ба як сол пеш 74 адад зиёд мебошад”.
Ба гуфтаи ӯ, 30 дарсади ин ҷарроҳишудагон шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон, Амрико ва кишварҳои дигаранд ва онҳоро нархи ками ин амалҳо ба Тоҷикистон ҷалб кардааст. Вале вазир нагуфт, ки харҷи ин навъи ҷарроҳиҳо чӣ қадар аст.
Абдуллозода афзуд, ки пизишкони тоҷик ҳоло имкон доранд, ки пайванди дилу ғадуди зери меъда низ анҷом диҳанд: “Имрӯз мутахассисони мо ба шаҳри Тошканди Узбекистон рафта, дар умум 12 ҷарроҳии пайванди ҷигар анҷом додаанд."
Дар Тоҷикистон тарқибан ду даҳаи охир амалиёти пайванди гурдаву ҷигар ва узвҳои дигари инсон анҷом дода мешаванд. Бештар аз комёбии онҳо дар ин самт хабар дода мешавад, ҳарчанд бархе аз корбарон аз нокомиҳо дар чунин амалиёт низ гуфтаанд.
Артиши Исроил аз долони Нетсарим дар Ғазза берун шуд
Артиши Исроил аз долони Нетсарим, ки Ғаззаро ба ду қисмат ҷудо мекунад, пурра берун шудааст.
Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки ин як шарти созиши оташбас дар Ғазза буд, ки иҷро карданд.
Пас аз пурра берун шудани артиши Исроил аз ин долон ҳазорон фаластинӣ ба самти дигар кӯч бастаанд.
Ин долонро артиши Исроил барои он сохта буд, ки иҷозаи ҳаракати фаластиниҳо аз як қисмати Ғазза ба дигар бахшашро надиҳад.
Рӯзи 19-уми январ пас аз 16 моҳи ҷанг Исроил бо ҲАМОС созиши оташбас имзо карданд.
ҲАМОС, ки гурӯҳи террористӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико шинохта мешавад, бар асоси ин созиш бояд гаравгонҳои исроилиро раҳо кунад. Исроил артишашро аз Ғазза берун мекунад ва гурӯҳе аз зиндониёни фаластиниро раҳо мекунад.
ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла кард ва беш аз 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт.
Исроил бо ҳадафи нобудии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард. Дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 47 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.
КМИР 68 номзадро сабти ном кардааст
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадҳои аҳзоб аз рӯйхати ҳизбиро сабти ном кардааст.
Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, ки 68 номзад сабти ном шудаанд. Шаш ҳизби Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карда буданд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ду номзади Ҳизби демократ сабти ном нашудаанд, аммо сабабаш маълум нест.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, ягон номзад пешниҳод накардааст. Намояндагони ҳизб сабаби инро шарҳ надоданд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бо 28 номзад, аз ҳама зиёд Ҳизби халқии демократӣ номзад пешниҳод кард ва ҳамаи онҳо сабти ном шудаанд.
Аз ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ 13 номзадӣ, сотсиалистӣ 6, коммунистӣ 5 ва Ҳизби демократӣ 3 номзад ба қайд гирифта шудаанд. Аксари ҳизбҳо тарафдори ҳукумат гуфта мешаванд.
Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нагуфтанд, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ чанд номзадро сабти ном кардаанд.
Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.
Интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар кишвар рӯзи 2-юми марти имсол баргузор мешавад.
Зиёд шудани истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши истихроҷи ангишт дар кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати саноат, соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 485 ҳазор тонна бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, қариб як миллион тонна ангишт ба "Маркази барқу гармидиҳии 2"-и шаҳри Душанбе, 356 ҳазор барои корхонаҳои саноатӣ ва қариб 445 ҳазор ба аҳолӣ фурӯхта шудааст.
Ҳамасола зиёд шудани истихроҷи ангишт дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, кишвар то соли 2037 кишвар ба "иқтисоди сабз" мегузарад. Аммо зиёд шудани истихроҷи ангишт ва истифодаи он дар саноат, нигаронии бархе коршиносони ҳифзи муҳити зистро ба миён овардааст.
Наталя Идрисова, ки даҳ сол ба инҷониб мушкилоти зистмуҳитии Тоҷикистонро меомӯзад, пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, афзоиши корхонаҳои истеҳсоли ангишт, Тоҷикистонро аз роҳи расидан ба иқтисоди сабз дур мекунад.
КҲФ мегӯяд, ки ду танро аз дарёи Сир наҷот дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро аз дарёи Сир наҷот додаанд. Ҳодиса 7-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аввал як сокини 26-солаи Хуҷанд, бо нияти худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Сир партофтааст. Роҳгузаре бо номи Муслим Ҷӯраев барои наҷоти ин нафар худро ба дарё партофтааст.
Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳардуи онҳо наметавонистанд ба соҳил расанд. Ғаввосон ё имдодгарони Кумита ҳардуи онҳоро аз об зинда берун овардаанд.
Дар як ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисае аст, ки сокинон бо нияти худкушӣ худро ба дарёи Сир мепартоянд. Рӯзи 4-уми феврал як духтари 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен худро ба Сирдарё партофт ва ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ӯро наҷот доданд.
Ҳамасола дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Ким Чен Ин гуфтааст, Русияро дар ҷанг бо Украина кумак мекунад
Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи 8-уми феврал дар як суҳбаташ гуфтааст, ки пуштибониашро аз Русия дар ҷанги зидди Украина идома медиҳад.
Пештар, мақомоти Украина гуфта буданд, ки Кореяи Шимолӣ беш аз даҳ ҳазор сарбозашро ба ҷабҳаи ҷанг бо пуштибонӣ аз Русия фиристодааст.
Ким Чен Ин дар суҳбаташ ҳамкориҳои низомии Амрико бо Ҷопон ва Кореяи Ҷанубиро танқид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки сохтани мушакҳои дорои кулоҳаки ҳастаиро афзоиш медиҳад ва дар сурати зарурат ба таҳдидҳо посух медиҳад.
Кореяи Шимолӣ як кишвари қафомонда аст, ки он аз ҷониби як хонавода идора мешавад.
Кореяи Шимолӣ бо ҳамсоякишвараш Кореяи Ҷанубӣ солҳост, ки муносибати бад дорад.
Эрон шарташ барои музокира бо ИМА-ро эълон кард
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки кишвараш омодаи музокира дар мавриди барномаи ҳастаӣ бо ИМА ҳаст, вале онро дар шароити “фишори сахти иқтисодӣ” қабул надоранд.
Амрико ва Исроил иддао доранд, ки Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ аст. Эрон инро рад мекунад.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 4-уми феврал таҳрими нав нисбат ба Эрон ҷорӣ кард, ки ба фурӯши нафти ин кишвар зарбаи сахт мезанад.
Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ки Эрон дар сурате вориди гуфтугӯ ба ИМА хоҳад шуд, ки таҳримҳои нав бекор шаванд.
Трамп гуфта буд, ки ИМА ҳозир аст, бо Эрон музокира кунад, вале ин кишвар ҳеч шонсе барои сохтани силоҳи ҳастаӣ надорад.
Эрон солҳост, ки бо Исроил, шарики калидии Амрико дар Ховари Миёна душманӣ дорад ва вуҷуди ин кишварро қабул надорад.
Исроил ва ИМА Эронро ба он айбдор мекунанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Лубнон, Ғазза, Сурия ва Ироқро алайҳи Исроил сармоягузорӣ мекунад.
Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA миёни занон оғоз меёбад
Рӯзи якшанбеи 9-уми феврал дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз меёбал, ки то 16-уми феврал идома хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар чаҳорумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 байни занон дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе доир мегарданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври аввали мусобиқа озод аст, нахустин бозии худро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2025 бо тими Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи душанбеи 10-уми феврал баргузор мешавад. Баъдан занони футзалбози тоҷик 12-уми феврал бо мунтахаби Туркманистон, 14-уми феврал бо дастаи Узбекистон ва 16-уми феврал бо тими Эрон рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, дар се мусобиқаи пешин (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024), ки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа –Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доштанд, бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2025 байни дастаҳои мунтахаби занона
Иштироккунандагон:
Қирғизистон
Тоҷикистон
Туркманистон
Узбекистон
Эрон
Даври якум
9-уми феврал (якшанбе)
14:00 – Туркманистон - Қирғизистон
17:00 – Узбекистон – Эрон
Даври дуюм
10-уми феврал (душанбе)
16:00 – Туркманистон - Узбекистон
19:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
Даври сеюм
12-уми феврал (чоршанбе)
16:00 – Эрон - Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон – Туркманистон
Даври чаҳорум
14-уми феврал (ҷумъа)
16:00 – Эрон - Туркманистон
19:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Даври панҷум
16-уми феврал (якшанбе)
16:00 – Қирғизистон - Узбекистон
19:00 – Тоҷикистон – Эрон
Трамп гуфтааст, ки бо Путин дар бораи ҷанги Украина гап задааст
Доналд Трамп, президенти Амрико ба нашрияи New York Post гуфтааст, ки телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия дар бораи ҷанг дар Украина гап задааст.
Ин гуфтугӯ кай анҷом шудааст, маълум нест.
Трамп дар ин суҳбаташ гуфтааст, ки Путин мехоҳад, “кушта шудани одамон бас шавад.”
Президенти ИМА гуфтааст, ки ӯ нақшаи дақиқи қатъи ҷангро дорад ва умедвор аст, ки хунрезӣ зуд ба поён мерасад.
Трамп бо саволи инки чанд бор бо Путин гап задааст, ҷавоб надодааст.
"Ҳамаи кушташудаҳо ҷавону зебо ҳастанд. Шабеҳи кӯдакон ҳастанд. Ду миллион нафар бе ягон сабаби ҷиддӣ кушта шудаан", --гуфтааст Трамп дар бораи кушташудаҳои ҷанги миёни Русия ва Украина.
Ӯ шарҳ надодааст, ки омори ду миллион кушташуда дар ҷанги Русия бо Украинаро аз куҷо гирифтааст, вале бори дигар таъкид кардааст, ки агар ба ҷои Ҷо Байден ӯ президент мешуд, ин ҷанг ҳеч гоҳ рух намедод.
Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 8-уми феврал дар паёме гуфт, ки Владимир Путин, президенти Русия омодаи музокироти сулҳ нест. Ӯ гуфт, Путин истеҳсоли силоҳу аслиҳаро афзоиш медиҳад ва бахшҳои нав дар артишаш эҷод мекунад.
Ҳафтаи оянда Ҷей Ди Венс, ноиби президенти ИМА дар ҳамоиши амниятӣ дар Мюнхени Олмон бояд бо Владимир Зеленский, президенти Украина суҳбат кунад.
Аз ин пеш, рӯзи 7-уми феврал Доналд Трамп гуфта буд, ки ҳафтаи оянда бо Путин ва Зеленский суҳбат хоҳад кард.
"Ҳафтаи оянда эҳтимол ман бо президент Зеленский ва президент Путин суҳбат кунам",--гуфта буд ӯ.
Доналд Трамп дар маъракаи интихоботиаш ваъда дода буд, ки ҷанги Русия бо Украинаро дар 24 соат қатъ хоҳад кард.
Ҳоло маълум нест, ки ин ҷанг кай, бо кадом шарт ва ба нафъи кадом кишвар ба поён мерасад.
Моҳи феврали соли 2022 Русия бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд. Кишварҳои ғарбӣ Русияро барои ҳамлааш ба Украина маҳкум ва алайҳаш таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ карданд.
“Бахтиёр пулро нагирифт”. Зани рус аз наҷоти кӯдакаш миннатдор аст
Юлия – модари кӯдаки хурдсоле, ки ӯро як марди тоҷикистонӣ шабонгоҳ дар роҳи пурбарфе наҷот додааст, аз Бахтиёр миннатдор аст.
Сомонаи русии Регнум рӯзи 7 феврал баъди сӯҳбат бо модари Лиза навишт, Юлия баъди ҳодисаи наҷоти тифлаш бо ёрии полис Бахтиёрро пайдо кард ва ба ӯ ҷоизаи пулӣ пешниҳод намуд, вале ин мард рад кард. Насаби Бахтиёр нашр намешавад.
Рафтори Юлия, ки дар мақола танҳо исми аввалааш оварда шудааст, аз ҷониби полис аз рӯи моддаи “дар ҳолати хатарнок гузоштани тифл” санҷида мешавад.
Ҳодиса тахминан соатҳои 4-и субҳи рӯзи 6 феврал дар назди шоҳроҳи деҳаи Становое дар вилояти Маскав рух додааст. Бахтиёр давоми бист соли охир дар Русия ба сар мебарад ва дар як ширкати интиқоли хӯрок кор мекунад. Ӯ ба ҳамин расона нақл кард, ки ҳамон шаб вақти бозгашт аз кор бо суръати суст ҳаракат мекард ва ногоҳ чашмаш ба канори роҳ уфтод.
“Хаёл кардам гурба ё харгӯш аст”, вале маълум шуд, ки ин як тифли яксола аст, ки бо як тан либоси сабук дар роҳи пурбарф чорпо ҳаракат мекард. Бахтиёр мошинро манъ карда кӯдакро дар як кампале печонду дасту пояшро молид, то ки аз ях кардани баданаш пешгирӣ кунад. “Кӯдак сурх не, кабуд шуда буд”, нақл кард Бахтиёр ба Регнум.
Ҳамон замон ба хадамоти ёрии таъҷилӣ ва полис занг зада дар бораи пайдо шудани кӯдак хабар дод. Дар ин лаҳзаҳо пиразане омада аз ӯ талаб кард, ки кӯдакро ба ӯ бидиҳад, чун бибиаш аст. Бахтиёр мегӯяд, эҳсос кард, ки вазъи рӯҳии ин зан хуб нест ва то омадани духтур ва полис интизор шуд. Кӯдакро ба беморхона бурда аз сардӣ наҷот доданд, менависад Регнум.
Мақомоти тафтишотӣ рафтори волидони Лизаро месанҷанд ва аллакай тасдиқ шудааст, ки модаркалони кӯдак воқеан ҳам мушкилоти равонӣ дорад.
Ширкати Трюдо дар маросими ҷанозаи Оқохони 4
Барои иштирок дар маросими хайрбод бо Оқохони 4, раҳбари маънавии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 8 феврал ба шаҳри Лиссабони Португалия аз ҷумла нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳозир шудааст. Оқохони 4 ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт.
Барои иштирок дар маросими хайрбод бо Оқохони 4, раҳбари маънавии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 8 феврал ба шаҳри Лиссабони Португалия аз ҷумла нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳозир шудааст. Оқохони 4 ҳафтаи ҷорӣ дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт.
Маросими хайрбод дар Маркази имоилиҳо барпо мешавад ва дар миёни иштирокдорони ин маросим мақомоти расмии кишвари Португалия ва дигар меҳмонҳои баландпояи хориҷӣ ҳузур доранд.
Рӯзи 5 феврал баъди нашри хабари даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони 4 Трюдо дар изҳороте аз ӯ чун “як дӯсти азизи” хонаводаӣ, “дӯсти тамоми мардуми Канада ва ҳар нафари хостори сулҳ дар ҷаҳон” ёд кард.
Баъди маросими ҷаноза, ҷасади раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон, ки пайравонаш дар Африқо, Осиё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва ҳам Тоҷикистон ба сар мебаранд, қарор аст рӯзи 9 феврал дар як маросими бисёр хусусие дар Миср ба хок супурда шавад.
Бар асоси васияти ӯ, писараш Шоҳзода Раҳим Ал Ҳусайнӣ Оқохони 5-ум ва раҳбари нави исмоилиҳои ҷаҳон эълон шудааст. Маросими тахтнишинии ӯ рӯзи сешанбе барпо мешавад.
Рӯзи 8 феврал дар кишвари Покистон як рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Нахуствазир Шаҳбоз Шариф гуфт, ки Оқохон “як дӯсти ҳақиқии Покистон” буд ва ёди ӯ ба хотири саҳмаш дар рушди ҷаҳонӣ, маориф, беҳдошт ва тарҳҳои башардӯстона гиромӣ хоҳад буд.
Трамп фармони бекор кардани ёриҳо ба Африқои Ҷанубиро имзо кард
Бар асоси як амри ахири президенти ИМА Доналд Трамп, барномаи садҳо миллион доллар кӯмак ба Африқои Ҷанубӣ бекор мешавад.
Фармони Трамп аз 7-уми феврал сабаби инро дар қабули қонун дар бораи азхудкунии замин дар соли гузашта, шикояти ин кишвар ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятҳо бо иттиҳоми “наслкушӣ аз тарафи Исроил” ва иқдоми Африқои Ҷанубӣ барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Эрон арзёбӣ кардааст.
Трамп гуфтааст, ки наметавонад ин кишварро дастгирӣ кунад, чун сиёсатҳои он барои манфиатҳои миллии ИМА ва мутаффиқонаш хатар эҷод мекунад. ИМА соли 2023 ба Африқои Ҷанубӣ дар ҳаҷми тахминан 440 миллион доллар кӯмак кардааст.
Ҳанӯз вокуниши мақомоти Африқои Ҷанубӣ нашр нашудааст.
Трамп аз эҳтимоли мулоқот бо Зеленский дар ҳафтаи оянда гуфт
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, эҳтимолан ҳафтаи оянда ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот мекунад. Инчунин ӯ гуфт, бо президенти Русия Владимир Путин ҳам мехоҳад дидор кунад.
Трамп рӯзи 7 феврал гуфт, ки мехоҳад ҳафтаи оянда дар мулоқот бо Зеленский мавзӯи ҷанг дар Украинаро баррасӣ кунад. Ӯ нагуфт, ки ин мулоқот ба таври рӯбарӯ барпо мешавад ваё ба шакли конфронси видеоӣ. Эҳтимоли барпо шудани ин мулоқотро ӯ ба хабарнигорон дар ҷараёни дидораш бо нахуствазири Ҷопон Сигеру Исиби баён кардааст. Трамп дар бораи ҷанги Украина гуфт, “ман мехоҳам, ки ҳама чиз аз рӯи одамгарӣ тамом шавад.
Мехоҳам, ки он хотима ёбад, ин ҷанги бемаънӣ”. Ӯ гуфт, мехоҳад бо Зеленский дар бораи таъмини амнияти захираҳои табиии мисли маъдан сӯҳбат карда, бар ивази ёрии ИМА “ягон чизи баробарвазн ба даст оварад”. “Мо мехоҳем, ки онҳо ҷавоби мутаносиб бидиҳанд”, гуфт Трамп.
Баъди ин Зеленский шоми ҷумъа гуфт, ки Вашингтон ва Киев дар фикри барпо кардани “музокирот” ҳастанд.
«Мо ба ҳамкориҳо бо президент Трамп арҷ мегузорем. Инчунин дар фикри баргузории мулоқоти ҳайатҳо мебошем. Тимҳои украинию амрикоӣ ҷузъиётро баррасӣ доранд. Сулҳи пойдор ва дарозмуддат бояд наздиктар бошад», навишт Зеленский дар саҳифааш дар шабакаи Х.
24-уми феврал аз замони ҳуҷуми васеъмиқёси артиши Русия ба хоки Украина се сол пур мешавад, вале то ҳол ҳеҷ аломате аз наздик омадани мӯҳлати хатми ин ҷанг мушоҳида намешавад.
Ҳамлаи паҳподҳо дар се минтақаи Русия
Шаби гузашта дар паи ҳамлаи паҳподҳои украинӣ дар се вилояти Русия хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ осеб дидаанд.
Дар натиҷаи нобуд кардани паҳподҳо дар фазои Ростови лаби Дон тирезаҳои 14 бинои истиқоматии баландошёна шикастаанд. Юрий Слюсар, раҳбари вилоят гуфт, аз як бинои баландошёна 68 сокинро ба ҷои бехатар интиқол додаанд. Мардумро дар як литсеи маҳаллӣ ҷой карда барои гарм нигоҳ доштанашон автобус овардаанд. Дар ин ҳодиса инчунин мошинҳои дар наздикиҳо буда осеб дидаанд. Чанде баъд Слюсар гуфт, ки дар яке аз ин биноҳо қубури газ хароб карда шуд ва рӯзона мутахассисон барои таъмири он даъват мешаванд.
Дар ноҳияи Чертовскии вилояти Ростов биноҳои маъмурию маишии як корхонаи маҳаллӣ осеб дидаанд. Шаш корманди он ба ҷои амн интиқол ёфтанд. Касе осеб надидааст.
Дар бораи ҳамлаҳои шабонаи бесарнишинҳо волии Волгоград Андрей Бочаров ҳам хабар дод. Ӯ гуфт, ки пораҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба истгоҳи нафти ноҳияи Кумилженский афтодаанд. Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор сар назад ва дар миёни сокинон ва биноҳои маишӣ осебе мушоҳида намешавад.
Дар минтақаи Краснодари Русия ҳам пораҳои паҳподҳо бом ва тирезаҳои панҷ бинои истиқоматиро хароб кардаанд. Дар ин бора волии Краснодар Вениамин Кондратйев хабар додааст. Ин ҷо ҳам касе осеб надид.
Вазорати дифои Русия гуфт, шаби гузашта дар фазои минтақаҳои мухталифи ин кишвар 36 паҳпод нобуд карда шуд. Нисфи онҳо дар фазои вилояти Ростов, 11 адад – дар Волгоград, 5 – дар Белгород ва ду ададаш дар фазои минтақаи Краснодар нобуд карда шудаанд.
Фармон дар бораи афзоиши маошҳо дар Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми феврал фармон дод, ки аз 1-уми сентябри имсол нишондиҳандаи ҳадди ақалли маош дар кишвар ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Фармон "Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия” ном дорад. Бар асоси ин фармон, маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, дигар сохторҳои буҷавӣ ва ҳамчунин стипендияи донишҷӯён аз 20 то 30% боло бурда мешавад.
Оғози соли 2024 меъёри музди ҳадди аққал дар кишвар 800 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бархе иқтисодшиносон мегӯянд, афзоиши маош дар Тоҷикистон бо сабаби таваррум зиёд эҳсос намешавад, чун арзиши молу маҳсулот ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пайваста дар ҳоли боло рафтан мебошад.
Гугуш китоби хотироташро нашр мекунад
Гугуш - хонандаи саршиноси эронӣ гуфт, ки китоби хотироташ базудӣ нашр мешавад ва дар он достони шигифтангези зиндагии ин чеҳраи хотирсоз барои наслҳои мухталифи эрониён дарҷ хоҳад шуд.
Дар ин бор Радио Фардо бо такя ба изҳороти хонум Гугуш дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст, ки рӯзи 7 феврал нашр шуд. Хонум Гугуш баробар бо хабари чопи қарибулвуқӯи китоби хотироташ тасвире аз ҷилди ин китобро нашр кардааст, ки дар он ҷузъиёти бозпурсӣ шуданаш аз ҷониби вазорати иттилооти Эронро нақл мекунад.
Гугуш исми ҳунарии Фоиқа Оташин аст, ки дар давраи пеш аз инқилоби исломӣ мисли бисёр дигар ҳунармандон озодона дар саҳнаҳои баланди Эрон ва телевизион ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ гуфтааст, ҳеҷ гоҳ талаби ходимони амниятро барои навиштани хотираҳояш иҷро накард ва ҳеҷ қасде надошт, ки саргузаштҳояшро дар ихтиёри онҳо гузорад.
“Навиштан ҳаргиз паноҳгоҳи ман набуд, - гуфтааст Гугуш. - Ба вижа замоне, ки ба маънои мурури хотироте буд, ки беш аз он ки оромиш биёварам, дарднок буданд”.
Қарор аст тарҷумаи форсии ин китоб бо қалами Ҳумо Саршор – як рӯзноманигори собиқадор ва дӯсти назидки Гугуш мунташир шавад.
Нусхаи аслии англисии китобҳо чопхонаи “Саймонд энд Шустер” нашр хоҳад кард ва аз ҳоло дар муаррифии ин асар чопхона навиштааст, ки “пеш аз он ки Мадонна ё Биёнсе бошанд, Гугуш буд”.
Ба навиштаи Радио Фардо, ин бори аввал дар таърихи мусиқии Эрон аст, ки яке аз бузургтарин ситораҳои попи қарни 20-ум достони шигифтангези зиндагии худро ривоят мекунад. Дар ин китоб аз зинаҳои тайкардаи зиндагии Гугуш то замони дастёбӣ ба шӯҳрат дар Эрони пеш аз инқилоби исломӣ (соли 1979), зиндон, тарки кишвар ва саранҷом бозгашти пирӯзмандонааш ба саҳнаи ҷаҳонӣ қисса мешавад.
Гуфтугӯ