Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, ки ҳамагӣ 25 нафар ширкат дошт, баъд аз се ғалаба бар Милан Рандл (Словакия), Самир Гучапшев (Русия) ва Александр Иддир (Фаронса) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда Асет Ахметҷонов аз Қазоқистонро шикаст дод ва барои ҷойи аввал ба ҷуз медали тилло бо ҷоизапулӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт. Дар ин вазн Александр Иддир аз Фаронса ва Кюҷау Нхабали аз Украина медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Вале паҳлавонони дигари тоҷик - Шӯҳратҷони Фахризода (73 кг), Саидҷамол Алимардонов ва Cафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Саидҷалол Саидов (-90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Зиёратшо Баротов (ҳарду – беш аз 100 кг) – аз медал бенасиб монданд.