Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2025: Иштироки 11 даста дар минтақаи Душанбе


Яке аз бозиҳои "Регар" бо "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ
Яке аз бозиҳои "Регар" бо "Истиқлол". Акс аз бойгонӣ

Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2025 дар минтақаи Душанбе доир гардид.  

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд – роҳандозӣ мешаванд.

Дар минтақаи Душанбе шаш дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол» (Душанбе), КМВА (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳулбук» (Восеъ) ва панҷ дастаи лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Сардор» (Турсунзода), «Ёқут» (Ваҳдат), «Душанбе» (Душанбе) ва «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ) - иштирок мекунанд.

Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлонанд, дархост кардаанд дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, зеро алъон қароргоҳи онҳо дар пойтахти кишвар аст ва дар ҳамин ҷо тамрин мекунанд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:

Гурӯҳи «А»: КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Ёқут», «Душанбе», «Рангон», «Шодмон».

Гурӯҳи «Б»: «Барқчӣ», «Истиқлол», «Сардор», «Ҳулбук», «Ҳосилот».

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат мегиранд.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе рӯзи 20-уми январ оғоз меёбанд. Ҳамаи бозиҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, дар мавсими соли 2024 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гардида буд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Бахтиёр Зарипов ба самар расонда, беҳтарин бозигари финал эътироф шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори чордаҳум сурат мегирад. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – 6 бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2024):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0

XS
SM
MD
LG