Дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон ҷараён дорад, ки то рӯзи 29-уми апрел идома хоҳад кард.
Дар мусобиқа беш аз 450 шатранҷбоз аз 14 кишвар – Афғонистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд.
Пайрав Қодирӣ, шатранҷбози тоҷик, дар мусобиқа байни наврасони то 14-сола дар шоҳмоти сареъ (рапид) соҳиби нишони нуқра гардид. Вай дар байни 43 шатранҷбоз чун намояндаи Қазоқистон Жаунбай Алдияр аз 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст овард, вале бар пояи нишондиҳандаҳои иловагӣ Пайрав мақоми дуюмро гирифт.
Пайрав набераи рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Насибҷон Амонӣ мебошад, ки солҳои дароз дар Қазоқистон ба сар мебарад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Пайрав дар шаҳри Алматои Қазоқистон зода шудаасту ҳоло дар мактаби ҳамон ҷо омӯзиш мегирад ва ҳам дар Академияи шоҳмоти Жансаи Абдумалик машқи шатранҷ мекунад.
Амонӣ афзуд, “бегумон ин пирӯзии Пайрав ҳам барои ӯ ва ҳам дар торихи шатранҷи тоҷик рӯйдоди фараҳбахш аст, зеро чанд сол аст, ки шатранҷбозони навраси тоҷик дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ чунин натиҷаи баланд ба даст наоварда буданд. Алъон ӯ муборизаашро барои ба даст овардани мақоми воло дар рақобатҳои шатранҷи классик идома медиҳад.”
Пеш аз ин мусобиқа Пайрав дар мусобиқаи шатранҷбозони то 14-сола дар ноҳияи Дарвоз ҳам дар шатранҷи барқосо (блитс) ва ҳам дар бозии клоссик қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.