“Истиқлол” дар бозии даври панҷум 12-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин ғалабаи чаҳоруми “Истиқлол” ва аввалин бохти КМВА дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Панҷ бозии дигари даври панҷуми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Барқчӣ» (Ҳисор) - «Ҳулбук» (Восеъ) –– 2:1, «Вахш» (Бохтар) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 2:0, “Равшан” (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:1, Эсхата» (Хуҷанд) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 1:2, «Истаравшан» (Истаравшан) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:4.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷум дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 11 имтиёз ҷойи дуюм ва “Равшан” бо 10 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардаанд.
Ду даста - “Истиқлол” ва “Вахш” – то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. Се даста – “Истаравшан”, “Ҳосилот” ва “Панҷшер”, ки – пирӯзӣ ба даст наовардаанд, дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.
Бозиҳои даври шашуми мусобиқа рӯзҳои 18-20-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа «Ҳулбук» бо «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ» бо «Эсхата», рӯзи шанбе «Ҳосилот» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо «Равшан», рӯзи якшанбе КМВА бо “Вахш” ва «Барқчӣ» бо «Истиқлол» рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти 34-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ
Даври 5-ум
11-уми апрел (ҷумъа)
«Барқчӣ» – «Ҳулбук» - 2:1
«Вахш» – «Панҷшер» - 2:0
12-уми апрел (шанбе)
«Истиқлол» – КМВА – 2:1
13-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» – «Ҳосилот» - 2:1
«Эсхата» – «Хуҷанд» - 1:2
14-уми апрел (душанбе)
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ” – 2:4
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷой | ДАСТАҲО | Бозӣ | Тӯбҳо | Хол |
1 | “Истиқлол” | 5 | 9-3 | 13 |
2 | «Вахш» | 5 | 9-4 | 11 |
3 | “Равшан” | 5 | 9-4 | 10 |
4 | КМВА | 5 | 9-6 | 8 |
5 | «Барқчӣ» | 5 | 8-5 | 8 |
6 | «Эсхата» | 5 | 10-9 | 7 |
7 | “Регар-ТадАЗ” | 5 | 7-7 | 7 |
8 | “Ҳулбук” | 5 | 6-7 | 7 |
9 | «Хуҷанд» | 5 | 5-8 | 6 |
10 | «Истаравшан» | 5 | 5-9 | 2 |
11 | «Ҳосилот» | 5 | 4-9 | 2 |
12 | «Панҷшер» | 5 | 0-10 | 1 |
Даври 6-ум
18-уми апрел (ҷумъа)
«Ҳулбук» – «Хуҷанд»
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
19-уми апрел (шанбе)
«Ҳосилот» – «Истаравшан»
«Панҷшер» – «Равшан»
20-уми апрел (якшанбе)
КМВА – “Вахш”
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
ПЕШСАФОНИ МУСОБИҚАИ ЛИГАИ ЯКУМ
Дар мусобиқоти имсолаи лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, 14 даста ширкат дорад. Бар асоси низомнома ғолиби лигаи якум дар соли 2025 ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ мушарраф мешавад.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқот тимҳои «Моҳир»и Ёвон ва «Парвоз»-и Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд бо шашимтиёзӣ мутаносибан зинаҳои якуму дуюмро ишғол кардаанд.
Дастаҳои «Шодмон»-и Ҳисор ва «Саройкамар»-и Панҷ бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум ҷойгир шудаанд.
Гуфтугӯ