Ин бозӣ, ки шоми чоршанбеи 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо бартарии футболбозони “Истиқлол” сурат гирифт. Дар нимаи аввали дидор мизбонон чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо аз онҳо пурсамар истифода карда натавонистанд.
Дар дақиқаи аввали нимаи дуюми бозӣ ҳамлагари “Истиқлол” Рустам Соиров ҳисобро боз кард. Голи дуюмро легионери эронии “Истиқлол” Ризо Деҳқонӣ дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд.
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бо ҳисоби 2:0 рақибашро шикаст дода, се имтиёз гирифт.
Сармураббии “Истиқлол” Игор Черевченко гуфт, “пеши даста вазифаи аз гурӯҳ баромадан гузошта шудааст. Мо ҳамаи саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ки сазовори боварӣ бошем.”
Пас аз пирӯзӣ бар “Гоа” барои “Истиқлол” шонси хуби аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан пайдо шуд. Ҷойи аввалро, бешубҳа, “Ал-Наср” соҳиб мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд ду бозии дигари сафариро ақалан мусовӣ намуда, дар майдони худ бар “Ал-Завра” бо ҳисоби дилхоҳ пирӯз шавад.
Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи D рӯзи 1-уми октябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бар дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Голҳоро Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ дар дақиқаи 52-юм ва Жоао Феликс дар дақиқаи 81-ум ба нишон расонданд.
Дарвоқеъ, дар ин бозӣ ҳам сармураббии “Ал-Наср” Ҷорҷе Фернандо Пинҳейро де Ҷесус ба сарвони даста, ҳамлагар Криштиану Роналду имкон дод, ки истироҳат кунад.
Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC 17-уми сентябр дар меҳмонӣ аз тими «Ал-Наср» бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, “Ал-Завра” дар меҳмонӣ бар “Гоа” бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.
“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи D
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
«Ал-Завра» (Ироқ)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Гоа» (Ҳиндустон)
Даври 1-ум
«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2
Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)
17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0
Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).
17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
Даври 2-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0
Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)
1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)
1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | “Ал-Наср” | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-0 | 6 |
2 | “Ал-Завра” | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-2 | 3 |
3 | “Истиқлол” | 1 | 0 | 0 | 1 | 2-5 | 3 |
4 | “Гоа” | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-4 | 0 |
Даври 3-юм
22-юми октябр (чоршанбе)
18:45 (бо вақти Душанбе) - «Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ
18:45 - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ
Гуфтугӯ