Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон 11-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои лигаи олӣ - "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ, бо ҳузури 7500 тамошобин доир гардид.
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 27-ум кушода шуд. Рустам Соиров, ҳамлагари “Истиқлол”, тӯби ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз назди дарвоза бо зарбаи сахт ба нишон расонд.
Голи дуюми “Истиқлол”-ро легионери африқоии даста Блессинг Элеке аз Нигерия дар дақиқаи 69-ум зад. Вай тӯби ҳавододаи сарвони даста Алишер Ҷалиловро аз ҷаримагоҳ вориди дарвоза кард.
Дар дақиқаи 84-ум легионери “Равшан” Мусо Нурназарови туркман бо кӯмаки ҳамдастааш Муҳаммадҷон Раҳимов ҳисобро тағйир дод. Вай тӯбро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт. Ин аввалин ҷоизаи “Истиқлол” дар мавсими нав зери раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассис аз Сербия, мебошад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозӣ дар варзишгоҳи “ТалКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир гардид, ба дастаи “Истиқлол” медалҳои тилло ва Суперҷоми Тоҷикистон супурда шуд. Дастаи “Равшан”, ки сармураббиаш Аҳлиддин Турдиев мебошад, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Дар ин маросим, инчунин ба ҳайати доварони бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бо сардории довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҷоизаҳо тақдим гардид.
Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи “Истиқлол”, бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2024” мукофотонида шуд.
Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва «Равшан» бори чаҳорум бо ҳам барои Суперҷоми Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд. Дар ду бозии пешин (солҳои 2014 ва 2021) душанбегиҳо ва як бор (2023) кӯлобиҳо пирӯз шуда буданд.
Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, “Равшан” “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд. Голро Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-уми бозӣ ба самар расонд.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори понздаҳум барпо гардид. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст. "Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 14 маротиба ширкат варзидааст, 12 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2024) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. “Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷомро ба даст овардаанд.
СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2024
«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН» - 2:1
Голҳо: Рустам Соиров, 27 (1:0). Блессинг Элеке, 69 (2:0). Мусо Нурназаров, 84 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ятимов («Истиқлол»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
11-уми май. Турсунзода. Варзишгоҳи «Талко-Арена». 7500 тамошобин.
НАТИҶАҲОИ БОЗИҲОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН (2010-2024):
2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0
2022 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2023 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1
2024 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1