Бар асоси қуръакашӣ “Истиқлол” дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Сипоҳон”-и Эрон, “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат мекунад.
Бошгоҳи футболи «Шарҷа» аввалин рақиби “Истиқлол” дар лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 мебошад. Бозӣ миёни ин ду даста 17-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.
«Шарҷа», бошгоҳи футбол аз шаҳри Шарҷа, соли 1966 таъсис ёфтааст ва дар Про-лига – дивизиони олии қаҳрамонии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иштирок мекунад. “Шарҷа” қаҳрамони шашкаратаи Иморот буда, нӯҳ бор Ҷоми миллии ин кишварро соҳиб шудааст.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба гурӯҳи “А” шомил аст. Рақибони “Равшан” дастаҳои “Ал-Вақра”-и Қатар, “Трактор”-и Эрон, “Моҳун Баган” -и Ҳиндустон мебошанд. “Равшан” нахустин бозиашро 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” баргузор мекунад.
“Моҳун Баган” бошгоҳи варзишӣ аз шаҳри Калкуттаи иёлати Банголи Ҳиндустон аст. Ин куҳантарин бошгоҳи футбол дар Осиё буда, соли 1889 таъсис ёфтааст. “Моҳун Баган” дар Супер-лигаи Ҳиндустон дар мавсими солҳои 2022-2023 ғолиб шудааст.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд.
Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.