Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барои бозӣ бо "Ал-Завра" ба шаҳри Бағдод расид


Акс аз сомонаи бошгоҳи "Истиқлол"
Акс аз сомонаи бошгоҳи "Истиқлол"

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барои ширкат дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ 2-юми ноябр ба шаҳри Бағдод расид.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Истиқлол”, бозии даври чорум дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Ал-Завра” ва “Истиқлол” шаби чоршанбеи 5-уми ноябр дар Варзишгоҳи Ал-Завраи Бағдод соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими “Ал-Завра”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.

Қаблан “Истиқлол” дар даври аввал дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” 5-уми ноябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон, ки соати 23:15 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад, рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” барои аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан шонси хуб дорад. Ҷойи аввалро, бешубҳа, “Ал-Наср” соҳиб мешавад, ки дар ҳамин ҳол бо 9 имтиёз пешсаф аст. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Ал-Завра” бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Ба назари коршиносон, барои ба мақсади худ расидан қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд дар меҳмонӣ бозии ҷавобиро бо “Ал-Завра” ақалан мусовӣ анҷом диҳад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1

Голҳо: Иброҳим Гбадамосӣ, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)

22-юми октябр.Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2

Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).

22-юми октябр.Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”33009-19
2“Истиқлол”32014-66
3“Ал-Завра”31023-43
4“Гоа”30031-60


Даври 4-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

21:00 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

23:15 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон)

Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

XS
SM
MD
LG