Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба бозии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо “Ал-Завра” омода мешавад


Бозигарони дастаи "Истиқлол"
Бозигарони дастаи "Истиқлол"

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “D”, ки шоми чоршанбеи 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, соати 18:45 оғоз меёбад.

"Ал-Завра" намояндаи чоруми Ироқ маҳсуб меёбад, ки бо «Истиқлол» рӯбарӯ мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон мавсимҳои 2015-2016 ва 2017 бо бошгоҳҳои «Эрбил», «Нафт Ал-Васат» ва «Ал-Қувва Ал-Ҷавия» («Эйр Форс») дар мусобиқоти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) рақобат кардааст.

Нархи билет барои тамошои бозии “Истиқлол” ва “Ал-Завра” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барои минбари ғарбӣ 50 сомонӣ ва барои се минбари дигар (шимолу шарқ ва ҷануб) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар даври даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Пас аз пирӯзӣ бар “Гоа” барои “Истиқлол” шонси хуби аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан пайдо шуд. Ҷойи аввалро, бешубҳа, “Ал-Наср” соҳиб мешавад, ки дар ҳамин ҳол бо 6 имтиёз пешсаф аст. Тимҳои “Ал-Завра” ва “Истиқлол” бо сеимтиёзӣ мутаносбин дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Ба назари коршиносон, барои ба мақсади худ расидан қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд дар майдони худ бар “Ал-Завра” бо ҳисоби дилхоҳ пирӯз шуда, ду бозии дигари сафариро ақалан мусовӣ анҷом диҳад.

Сармураббии тими “Истиқлол” Игор Черевченко гуфт, “пеши даста вазифаи аз гурӯҳ баромадан гузошта шудааст. Мо ҳамаи саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ки сазовори боварӣ бошем.”

Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “D” рӯзи 22-юми октябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон рақобат мекунад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “D”

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Даври 2-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0

Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)

1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)

1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”2200 7-06
2“Ал-Завра”21012-23
3 “Истиқлол”21012-53
4“Гоа”20020-40

Даври 3-юм

22-юми октябр (чоршанбе)

18:45 (бо вақти Душанбе) - «Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ

18:45 - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG