Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III осиёии наврасон, ки аз 22-юм то 31-уми октябр дар Баҳрайн баргузор мешаванд, ширкат меварзанд.
Дар ин бозиҳо 4000 нафар варзишгарони наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш рақобат мекунанд.
Дар Бозиҳои III осиёии наврасон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохил аст, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай-тай (бокси тайландӣ), ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар асоси барномаи Бозиҳо, аллакай, баъзе мусобиқаҳо пешакӣ - 19-уми октябр – дар риштаҳои ҳендбол, пенсак-силат, каббода ва кураш шуруъ шуданд.
Варзишгарони тоҷик дар гуштии кураш аввалин медал ба даст оварданд. Абубакр Тураев дар вазни то 65 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009 дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ - тӯли 9 рӯз идома карданд.
Дар ин Бозиҳо танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013 дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.
Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.