Профессор Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон ва узви Комиссияи оштии миллӣ, 70-солро пур кард. Вай аз чеҳраҳои матраҳ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буд. Радиои Озодӣ дар ин рӯз Иброҳим Усмоновро ба барномаи "Меҳмони "Озодӣ" даъват кард аз ӯ дар бораи зиндагиаш, кору сиёсат ва фикру андешаҳояш пурсид.
Радиои Озодӣ: Бо гузашти 70 сол ба шебу фарози зиндагии худ чӣ назар доред?
Иброҳим Усмонов: Хушбахтиам дар он аст, ки ҷавониам ба замони пешрафтаи Шӯравӣ рост омад. Яъне, ман татбиқи амалии ғояҳои марксистӣ дар ҳаётро шоҳид шудам. Бузургони он замон мегуфтанд, ҷомеа он замон озод мешавад, ки аз манфиати якдигар ё умум ҳимоя кунанд. Ин ҷомеае буд, ки бозгӯи хостаҳои мардуми мо, яъне мусалмонони Шарқ буд. Ҳар замоне ки ҷомеаи аз он беҳтарро дидам, метавонам бигӯям, беҳтараш низ будааст, вале ҳоло ин ҳарфҳоро гуфта наметавонам. Ҷавонии ман беҳтарин замони таъмини озодии инсон буд.
Радиои Озодӣ: Яъне, ҳоло ин тавр нест?
Иброҳим Усмонов: Ҳоло муайян нашудааст, ки таъмини зиндагии инсон ҳаст, ё не. Таъмини озодии зиндагии инсон замоне мешавад, ки ҳукумат имконият пайдо кунад, маоши хубу пурра диҳад, ба пиронсолон нафақаи хуб диҳад, аммо мо то ҳол ба ин нишондод нарасидаем. Дар ҳамин роҳ ҳастем, вале ба мақсад нарасидаем.
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, дар замони коммунистӣ демократитарини омӯзгори донишгоҳ будед ва дар замони демократӣ коммунисти ашаддӣ шудед? Ин ақида дуруст аст?
Иброҳим Усмонов: Сабаб дар он аст, ки ҳеч яке аз ақидаҳои сиёсии худро тағйир надодам. Дар назари онҳое, ки дар замони "торикӣ" таҳсил мекарданд, ман демократ менамудам, зеро дар дарс ҳарфҳоеро мегуфтам, ки онҳо шунидан мехостанд. Ҳарчанд ин ҳарфҳо зидди коммунистӣ ҳам набуданд. Ман аз вайрон шудани ақидаҳои коммунистӣ мегуфтам ва дар бораи иштибоҳҳо мегуфтам. Ҷавонҳои феълӣ дар демократия аз ман хеле пеш рафтаанд ва ҳарчанд ман ҳамон ҳарфҳои қаблии худро баён мекунам, маро коммунист мепиндоранд. Ин ҷавонон хеле озод шудаанд ва дар назарашон озодии замони ман хеле тира аст. Ба мисли ақидаҳои миллатхоҳии бузурги Аҳмади Дониш дар замони мо хеле тира менамуд. Вай ба он ҳадде нагуфтааст, ки ҳоло мо мегӯем.
Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов 10-уми сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва сипас шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар нашрияи "Тоҷикистони советӣ" оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Москав ба номи Ломоносов ба анҷом расонида ва рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад.
Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул кор кардааст. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва интихоб мешавад. Дар соли 1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъин мегардад. Солҳои 1995-1996 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буда, аз соли 1995 то 2000 вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва маданият буд.
Дар давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок кардааст ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт.
Аз 6-уми январи соли 2004 то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2009 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
Радиои Озодӣ: Дар 70 соли умри худ хотироти хубе дар зеҳнатон мондаву чӣ ҳодисаеро намехоҳед, ба хотир оваред?
Иброҳим Усмонов: Хотироти аз ҳама хуб он аст, ки дар солҳои 60-ум ва 70-ум мардуми тоҷик эҳсоси зиёди ватанпарастӣ доштанд. Онҳо аз тоҷик будани худ ифтихор доштанд. Дар зиндагии шахсиам, хушбахтона, инсонҳои бадро кам вохӯрдаам. Дар Тоҷикистону Маскав таҳсил кардам. Дар Тоҷикистону Афғонистон ба унвони муаллим кор кардам. Дар журналистика низ ҳарфҳое, ки мехостам бинависам, тавонистам иншо кунам. Аз аввалин шахсоне будам, ки ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро талаб кардам. Аз эҷодкорони бузурге ба мисли Отахон Латифӣ пуштибонӣ дидам. Муҳимтарин нуктаи зиндагиам ширкат дар музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҳукумати кишвар буд, ки дар он аз мавқеи мақомот ҳимоят мекардам.
Радиои Озодӣ: Оё дар зиндагиатон ҳолатҳое буданд, ки такрори онро дигар намехоҳед?
Иброҳим Усмонов: Неку бад дар зиндагии ҳар кас рух медиҳад, аммо ҳолат ё ҳодисае, ки аз гуфтан ё такрори он ҳарос дошта бошам, ба ман рух надодааст. Зиндагӣ ҳам пастӣ дорад ва ҳам баландӣ ва маънии ҳаёти инсон низ дар ҳамин аст. Ҳеҷ касе аз инҳо канор буда наметавонад. Аз яке нолидану аз дигарӣ ифтихор кардан боис ба шаъни инсон буда наметавонад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло аз сатҳи касбии хабарнигорони тоҷик зиёд интиқод мешавад ва бархе донишгоҳҳоро дар ин амр гунаҳкор медонанд. Шумо, ба унвони собиқ декани факултаи журналистика бо чунин назар мувофиқ ҳастед?
Иброҳим Усмонов: Бароятон ду нуктаро ёдовар мешавам. Фарқияти хабарнигор аз зиёиёни дигар дар он аст, ки агар "ман" мегӯяд, шахсияти худро ба намоиш мегузорад. Мутаассифона, дар журналистикаи феълии Тоҷикистон хабарнигороне, ки "ман" мегуфта бошад, ангуштшуморанд. Дар мавриди устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гиристан мехоҳам. Устод касе метавонад бошад, ки худ навишта тавонад. Дар факулта шояд ду ё се нафар устоди воқеии хабарнигорон бошанду бас. Онҳое, ки метавонанд худ эҷод кунанд. Мутаассифона, дигар нафарони арзандаро дар ин факулта намебинам. Мо ҳатто як рӯзномае надорем, ки таърихи пайдошавӣ ва рушди онро таҳқиқ карда бошем. Феълан мо ҳатто публисисте ба мисли Саидризо Ализода, Отахон Латифӣ ва Нур Табаровро надорем. Бештаре аз устодони факултаи журналистикаро ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки ба ҷавонон чӣ чизе таълим дода метавонанд. Хабарнигорӣ адабиёт ё забон нест, журналистика қабл аз ҳама фаҳмиши сиёсӣ аст ва ифодаи он ба забони ноб мебошад.
Радиои Озодӣ: Назари шумо дар бораи пропаганда ва контр-пропаганда чист? Ин ҳам оё журналистика аст?
Иброҳим Усмонов: Пропагандаро ҷузъи журналистика меҳисобам. Навиштан чизи дигар аст ва паҳн кардани он чизи дигар. Пропаганда чизест, ки соҳиби расона ба паҳн кардани он иҷоза медиҳад. Соҳибони "Ҷумҳурият" на ҳам чизро иҷоза медиҳанд, ки нашр шавад, соҳибони "Озодӣ" низ ҳамин тавр. Сайёфи Мизроб низ на ҳама маводро тавассути "СССР"-аш ё Хуршеди Атовулло тавассути "Фараж" нашр мекунанд. Истифодаи мавод ё фикр аз ҷониби муҳаррир ҳамон пропаганда мебошад. Пропаганда ин фикр аст, яъне тавассути ахбор ба ин роҳ рав ё нарав гуфтан аст. Пропаганда, мо хоҳем ё нахоҳем, ҷузъи таркибии журналистика мебошад.
Радиои Озодӣ: Озодии сухан дар ҷаҳон вуҷуд дорад?
Иброҳим Усмонов: Дар як китоби худ бо такя ба ҳарфҳои Владимир Ленин навишта будам, ки озодӣ аз кӣ ва аз чӣ? Магар ҳамаи навиштаҳои сомонаҳои интернетӣ ин озодии сухан аст? Фикр намекунам, ки ин озодӣ бошад. Озодӣ бояд манфиати аксариятро ҳимоят кунад. Журналистикаи ҳукуматӣ ба гунаи солҳои қаблӣ фаъолият дорад, аммо он низ ба ислоҳот ниёз дошта, бояд ба замони муосир мутобиқ карда шавад. Вале журналистикаи ҳукуматӣ аз чаҳорчӯби худ берун баромада наметавонаду хабарнигорҳои мустақил ба меъёрҳои онҳо наздик шуда наметавонанд. Дар бораи озодии комили сухан он замоне метавон ҳарф зад, ки давлат тавонад худкифо бошаду ҳама ниёзҳои сохторҳои зертобеи худро таъмин карда тавонад. Тоҷикистон дар ҳамин самт қарор дорад, вале ба он ҳадаф ҳанӯз нарасидааст.
Радиои Озодӣ: Пас, асарҳои эҷодкардаи шумо низ озод набуданд?
Иброҳим Усмонов: Албатта, озод набуданд. Ин асарҳо танҳо ҳамон чизест, ки ман имкони навиштани онро пайдо кардам. Ҳеч кас аз муҳити худ озод буда наметавонад. Ҳатто бигирем, ҷоизадорони Нобелро. Ҳеч кадоме аз онҳо барои бадеияти асари худ сазовори ин ҷоиза нашудаанд, ҳама барои ақида. Пас, кӣ озод аст? Агар ҳатто касе мехоҳад озодона бинависад, онро наметавонад нашр кунад. Зеро, нафари танҳогард дар биёбон танҳо Маҷнун буд. Ҳама гуна озодиҳо нисбӣ аст.
Радиои Озодӣ: Ҳоло ба сармуҳаррирон фармони хаттӣ дода шудааст, ки феълҳоро дар бораи раисиҷумҳур ва Рустами Эмомалӣ дар шакли ҷамъ оваранд, яъне "рафтанд", "гуфтанд", "карданд". Аммо дар мавриди дигарон феъли танҳо. Ба назаратон ин нишонаи чист? Ва оё ин дуруст аст?
Иброҳим Усмонов: Адабиёти мо ба мадҳ ва эҳтироми роҳбар одат кардааст ва ин амр дар муносибат дар ҷомеа низ асар гузоштааст. Мақомҳои баландпояи расмиро бо шумо ифода мекунад ва ҳама шахсони фавтидаро, ҳатто агар бузург бошанд ҳам, бо калимаи ту ёдоварӣ мекунанд. Ба унвони мисол, устод Айнӣ ё устод Ғафуровро. Аммо ҳоло анъана шудааст, ки бузургони зиндаро бо калимаи шумо ном мебаранд ва на танҳо мақомҳои баландпоя, балки шахсиятҳои фарҳангиву илмиро низ. Ин идомаи анъанаҳои адабиёти асримиёнагии адабиёти тоҷик аст.