Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ эълон шуд


Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ, ҳайати дастаро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Тимори Шарқӣ, ки 18-уми ноябр баргузор мешавад, эълон кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба рӯйхати дастаи мунтахаби кишвар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохил шудаанд.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни тимҳои миллии Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор шуда, соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ (11:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «I” тими Молдив дар майдони худ бо мунтахаби Филиппин вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, соати 15:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаби 10-уми ноябр ба Австралия сафар кард, ки дар онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мебинанд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Тимори Шарқӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товус», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷурабоев («Суғдиён», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Локомотив», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Мусо Қаҳҳоров («Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Имомназаров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).

Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербия).

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:

Даври якум

Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0

Гол: Ваҳдат Ҳаннонов, 3

25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.

Филиппин – Молдив - 4:1

Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бйорн Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)

Даври дуюм

Филиппин – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).

10-уми июн. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити. 10 854 тамошобин.

Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0

Гол: Ҷоао Педро, 45

Даври сеюм

Тимори Шарқӣ – Филиппин – 1:4

Голҳо: Гали Фрейтас, 47 (1:0), Бйорн Кристенсен, 15 (1:1). Бйорн Кристенсен, 31 (1:2). Бйорн Кристенсен, 49 (1:3). Бйорн Кристенсен, 56 (1:4).

9-уми октябр. Дарвин (Австралия). Territori Rugby League Stadium

Тоҷикистон – Молдив – 2:0

Голҳо: Шаҳром Самиев, 8 (1:0), Шервонӣ Мабатшоев, 30 (2:0)

9-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 5250 тамошобин.

Даври чорум

Молдив – Тоҷикистон – 0:3

Гол: Манучеҳр Сафаров, 4 (0:1), Шервонӣ Мабатшоев, 34 (0:2), Шервонӣ Мабатшоев, 77 (0:3)

14-уми октябр. Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, 1120 тамошобин.

Филиппин – Тимори Шарқӣ – 3:1

Гол: Ҷоао Рангел, 45+1 (0:1), Ҷефферсон Табинас, 46 (1:1), Бйорн Кристенсен, 70 (2:1), Ҷавйер Гаёсо, 90+1 (3:1)

14-уми октябр. Капас. Варзишгоҳи Ню Кларк Сити

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Филиппин431013-510
2Тоҷикистон43108-210
3Тимори Шарқӣ41033-83
4Молдив40041-100

Даври панҷум

18-уми ноябр (сешанбе)

11:30 (бо вақти Душанбе) - Тимори Шарқӣ – Тоҷикистон

Дарвин (Австралия). Territory Rugby League Stadium

15:30 (бо вақти Душанбе) – Молдив – Филиппин

Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG