Дар ин мусобиқа, ки бори сеюм дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнону румӣ баргузор шуд, ҳудуди 400 паҳлавон аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Молдова, Англия, Тайпейи Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Беларус, Туркия ва Русия ширкат доштанд.
Дар мусобиқаи гуштии озод, ки бо иштироки беш аз 150 паҳлавон сурат гирифт, намояндагони Тоҷикистон бомуваффақият ҳунарнамоӣ карданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кило ба гирифтани медали тило мушарраф шуд. Вай дар финал паҳлавони узбек Нурмуҳаммад Ҳайдарадиевро шикаст дод.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Исмоил Картоев дар вазни то 97 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ аз паҳлавони узбек Шерзод Поёнов мағлуб шуд.
Гуштигири тоҷик Сомонҷон Икромов бошад, дар вазни то 86 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ба барандагони медали тило 25 млн сум (тақрибан 20 000 сомонӣ), медали нуқра – 15 млн (11500 сомонӣ) ва медали биринҷӣ 7 млн сум (5400 сомонӣ) супурда шуд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии Гран-при «Баҳодурони узбек» дар риштаи гуштии озод дар шаҳри Намангон:
-57 кг
1. Муҳаммадрасул Солиев (Қирғизистон)
2. Асадбек Саидтураев (Узбекистон)
3. Аваз Аъзамов (Узбекистон)
3. Даулет Амирхон (Қазоқистон)
-65 кг
1. Абдулмаҷид Кудиев (Тоҷикистон)
2. Нурмуҳаммад Ҳайдаралиев (Узбекистон)
3. Санҷарбек Анварбеков (Узбекистон)
3. Эдуард Попов (Русия)
-74 кг
1. Бегиҷон Қулдошев (Узбекистон)
2. Мурат Ҷакупов (Қазоқистон)
3. Фазлиддин Насриддинов (Узбекистон)
3. Ҷавоҳир Чулибоев (Узбекистон)
-86 кг
1. Артур Найфонов (Русия)
2. Бобур Исломов (Узбекистон)
3. Сомонҷон Икромов (Тоҷикистон)
3. Улуғбек Асилбеков (Қирғизистон)
-97 кг
1. Шерзод Поёнов (Узбекистон)
2. Исмоил Картоев (Тоҷикистон)
3. Садриддин Даминҷонов (Узбекистон)
3. Мақсуд Вейсалов (Узбекистон)
-125 кг
1. Нурсултон Азов (Қазоқистон)
2. Сардор Холматов (Узбекистон)
3. Отабек Назирбоев (Узбекистон)
3. Зиёмуҳаммад Сафаров (Туркманистон)
ЧАҲОР МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ВЕТНАМ
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнону румӣ байни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 28-31-уми май дар шаҳри Дананги Ветнам доир гашт, чаҳор медал гирифтанд.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), дар ин мусобиқа варзишгарони 25 кишвари қора барои ҷоизаҳо талош карданд.
Дар ҳайати Тоҷикистон Маҳдӣ Баротов (-60 кг), Амирҷон Обидов (-65 кг) дар риштаи гуштии юнону румӣ, Муслиҳиддин Ҳоҷиев (-45 кг) ва Идрис Баҳромов (-71 кг) дар риштаи гуштии озод миёни наврасони то 17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.
Гуфтугӯ