Дастаи мунтахаби ҷавонони Австралия, ки дар финали Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола дар Чин тими Арабистони Саудиро мағлуб кард, ғолиби мусобиқа гардид.
Бозии ниҳоӣ 1-уми март дар шаҳри Шэнчжэни Чин, дар варзишгоҳи Baoan Sports Centre Stadium доир шуд. Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Луис Агости, бозигари мунтахаби Австралия, дар дақиқаи 24-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Талал Ҳоҷӣ, аз ҳайати тими Арабистони Саудӣ, дар дақиқаи 45+2 ба самар расонд.
Дар замони изофа ҳисоб тағйир наёфт – 1:1. Ғолиб аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти муайян шуд. Австралиягиҳо зарбаҳоро бехато иҷро карданд. Аз ҳайати мунтахаби Арабистони танҳо Ҳазазӣ натавонист, ки аз пеналти гол занад. Ҳамин тариқ, аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти футболбозони ҷавони австралиягӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Бояд зикр намуд, тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Австралия бори аввал дар таърих қаҳрамони Осиё шуд. Дарвоқеъ, 15 сол пеш дар Чин мунтахаби ҷавонони Австралия дар финал аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда буд.
Ҷавонони Арабистони Саудӣ бошанд, се бор – солҳои 1986, 1992 ва 2018 – ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтаанд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2025 миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола аз 27-уми сентябр то 19-уми октябр дар Чили баргузор мегардад. Аз қораи Осиё дар қисми ниҳоии мусобиқа дастаҳои мунтахаби то 20-солаи Австралия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзанд.
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2025 миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола дар Чин аз 12-уми феврал то 1-уми март доир гардид, аммо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар он иштирок надошт.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Милош Костич, мутахассиси словенӣ, моҳи сентябри соли гузашта дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар шаҳри Душанбе дар аввалин бозиаш бар тими Шри-Ланка бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, дар бозии дуюмаш аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва дар бозии сеюмаш мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Аммо футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии охиринашон аз тими Уммон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи «Е» сеюм шуданд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд.