Дар набарди асосии “Шоми бокс” дар Душанбе («Winline. IBA.PRO 8») муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов бо намояндаи Камерун Кристофер Муафо рақобат мекунад.
Қаҳрамони Осиё дар соли 2019 ва соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов муқобили рақибаш унвони қаҳрамони IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро дифоъ хоҳад кард.
Инчунин дар ин набард, ки аз 10 раунд иборат буда, дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, ҳарду муштзан барои дарёфти камарбанди WBO Intercontinental мубориза хоҳанд бурд.
Муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик Баҳодур Усмонови 27-сола дар вазнҳои сабук ва якуми миёна рақобат мекунад. Вай дар бокси ҳирфаӣ 10 ғалаба ба даст оварда, то ҳоло мағлуб нашудааст.
Ёдовар мешавем, Усмонов дар охирин қувваозмоии худ моҳи майи соли равон дар Душанбе Алберт Пагараи филиппиниро барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст дода, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.
Кристофер Муафои 29-сола бошад, моҳи сентябри соли гузашта камарбанди WBO Global-ро ба даст овардааст. Вай дар бокси ҳирфаӣ дар маҷмуъ 12 рақобат анҷом дода, дар 11-тоаш пирӯз гаштааст.
Ҳамчунин дар “Шоми бокс” дар Душанбе ҷоизадори Бозиҳои олимпии соли 2024 ва қаҳрамони Бозиҳои 19-уми осиёӣ Давлат Болтаев аз Тоҷикистон барои унвони IBA.PRO Intercontinental бо муштзани Нигерия - Соломон Адебайо дар набарди 8-раунда рақобат хоҳад кард. Адебайо дар бокси ҳирфаӣ 14 рақобат карда, дар ҳамааш ғолиб омадааст.
Моҳи майи имсол Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” дар Душанбе бо Закари-Серж Мвого Амугу аз Камерун дар вазни сангин (+90,7 кг) рақобат карда буд. Қувваозмоӣ дар раунди дуюм бо пирӯзии муштзани 26-солаи тоҷик бо нокаути фаннӣ хотима ёфт. Болтаев соҳиби камарбанди IBA.Pro гардид. Вай дар ҳамаи шаш рақобаташ дар бокси касбӣ дастболо шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи асосии «IBA.PRO 8» финалисти мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2021 аз Русия Вадим Мусоев (12-0-0) барои камарбанди IBA.PRO Intercontinental дар вазни то 67 кило бо муштзани Мексика Хосе Мигел Боррего (22–4-0) рӯбарӯ хоҳад шуд.
Гуфтугӯ