Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1000 cомонӣ барои медали тило, 700 - барои нуқра


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдории Душанбе 5 нафареро, ки мактаби миёнаро бо медалҳои тило хатм кардаанд, 1000 сомонӣ ва ба 5 барандаи медалҳои нуқра 700 сомонӣ мукофот додааст.

Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо як қарори вижа ба 10 нафаре, ки соли гузашта мактабҳои миёнаи пойтахтро бо медалҳои тилову нуқра хатм кардаанд, мукофот дод. Бино ба ин қарори шаҳрдорӣ аз 6 апрел, ки рӯзи 12 апрел дар сомонаи расмии ҳукумати Душанбе нашр шуд, 5 барандаи медали тило аз ҳисоби шаҳрдорӣ ҳар кадом 1000 сомонӣ ва 5 барандаи медалҳои нуқра ҳар кадом 700 сомонӣ ҷоиза мегиранд.

Ҳамидуллоҳ Фақиров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соли 2015 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба ҳамагӣ 10 хатмкунанда медал дода шуд ва ҳамаи барандагон хатмкунандагони мактабҳои пойтахт буданд: “Дар соли 2014 ҳамагӣ 7 медал буд - 5 барандааш аз мактабҳои Душанбе ва дуи дигар - аз вилояти Суғд. Соли 2015 даҳ медал доданд ва ҳамааш насиби шогирдони мактабҳои пойтахт шуд. Ҳамаи ин хатмкунандагони медалдор ҳоло дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд. Ду нафари онҳо – дар хориҷ аз кишвар ва 8 нафари дигар дар донишгоҳҳои худи Тоҷикистон.”

Ҳамидуллоҳ Фақиров ҳадаф аз қадрдории барандагони медали тилоро ташвиқи толибилмони дигар барои соҳиб шудан ба чунин натиҷаҳои хуб номид: “Албатта, вақте ки заҳмати толибилм қадрдонӣ мешавад, ин ӯро ва ҳамин тавр, толибилмони дигарро рӯҳбаланд мекунад. Инҳо ҳама бачаҳои хеле пурлаёқатанд ва мо дар оянда ба онҳо умеди зиёд дорем.”

Шаҳрдории Душанбе бо як қарори дигар барои қадрдонии барандагони озмунҳои «Мактаби сол - 2015», «Директори сол - 2015», «Муаллими сол - 2015», «Кӯдакистони сол -2015», «Мудири кӯдакистони сол - 2015», «Мураббии сол - 2015», «Синфи беҳтарини сол - 2015», «Волидайни беҳтарини сол - 2015» низ 40 400 сомонӣ ҷудо кардааст.

Бар асоси ин қарор, ба мактаби рақами 52, ки ғолиби озмуни «Мактаби сол-2015» шуд, як манзили сеҳуҷрагӣ дар кӯчаи Беҳзод-32 тақдим гардид. Гулчеҳра Ғаниева – мудири мактаби рақами 28, ки ғолиби озмуни «Директори сол-2015» дониста шуд, 3000 сомонӣ, Наргиз Бозорбоева, омӯзгори фанни кимиёи гимназияи рақами 74 барои пирӯзиаш дар озмуни «Муаллими сол-2015» 2000 сомонӣ ва Искандар Сатторов – барандаи озмуни «Волидайни беҳтарини сол-2015» ба маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, чанд кӯдакистону ширхоргоҳи пойтахт бо ҷоизаҳо ба маблағи аз 1500 то 3000 сомонӣ сарфароз гашта, ба ғолиби озмуни «Синфи беҳтарини сол-2015» - синфи 11«а»-и гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе эъто шуд. Раҳбари ин синф Алматова Гулбаҳор ба сурати алоҳида 1000 сомонӣ, сардори синф Саидзода Фарзона 500 сомонӣ ва 27 хонандаи ин синф синф ҳар кадоме дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҷоиза гирифтаанд.

Ҳамидуллоҳ Фақиров, сардори раёсати маорифи Душанбе мегӯяд, шогирдони мактабҳои пойтахт имсол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои бори аввал бар вилояти Суғд дастболо шуданд: “Қаблан шогирдони мактабҳои Суғд пешсаф буданд. Имсол мо аз ҳама зиёдтар медал ба даст овардем, ки ин ҳам аломати хуб аст.”

Эътои ҷоизаҳои шаҳрдории Душанбе ба толибилмони болаёқат ва кормандони риштаи маорифи пойтахт дар ҳолест, ки дар ҷомиа аз пойин рафтани сатҳи таълим дар макотиби Тоҷикистон ва кунд шудани саводи толибилмон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин нигаронӣ бахусус аз забони устодони донишгоҳҳо, ки аз сатҳи саводи хатмкунандагони мактабҳои миёна шикоят доранд, зиёд садо медиҳад.

Бино ба оморҳо, дар макотиби миёнаи Тоҷикистон ҳудуди 1,8 миллион толибилм таҳсил мекунанд. Ҳарсол то 130 ҳазор нафар мактабҳои миёнаро хатм мекунанд ва соли гузашта аз миёни онҳо тақрибан 36 ҳазор нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

XS
SM
MD
LG