Ин бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” шоми чоршанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳамлагари филиппиниҳо Лоурен Эвангелиста дар нимаи якуми дидор, дар дақиқаи 11-ум, ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Лилиан Даквин дар дақиқаи 90+5 ба самар расонд.
Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Малайзия (U-17) бар тими Сурия (U-17) бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мубориза мебаранд.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 13-уми октябр аз тими Малайзия бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.
Баъди натиҷагирии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” Филиппин ва Малайзия бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо филиппиниҳо дар ҷойи аввал ва малайзиягиҳо дар ҷои дуюм қарор доранд. Ҳарду даста дар бозии даври охирин, ки 17-уми октябр доир мегардад, бо ҳам барои роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқот мубориза мебаранд.
Дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия бидуни имтиёз дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд. Духтарони футболбози тоҷик дар даври сеюм рӯзи ҷумъаи 17-уми октябр бо тими Сурия вориди рақобат мешаванд. Аммо ин бозӣ барои ҳарду даста чандон аҳамият надорад, зеро новобаста аз натиҷаи он тимҳои Тоҷикистону Сурия аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола маҳрум шуданд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
13-уми октябр (душанбе)
Филиппин – Сурия – 5:0
Малайзия – Тоҷикистон – 2:0
Даври 2-юм
15-уми октябр (чоршанбе)
Сурия – Малайзия – 0:1
Тоҷикистон – Филиппин – 0:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Филиппин | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-0 | 6 |
2 | Малайзия | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-0 | 6 |
3 | Тоҷикистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-4 | 0 |
4 | Сурия | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-6 | 0 |
Даври 3-юм
17-уми октябр (ҷумъа)
14:00 – Филиппин - Малайзия
17:00 – Тоҷикистон – Сурия
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола
дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам ҷараён дорад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат меварзад. Бар асоси қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил шудааст: се гурӯҳ аз чаҳор даста ва панҷ гурӯҳ аз седастаӣ иборат мебошанд. Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола, ки дар Чин доир мегардад, роҳ меёбанд.
Гуфтугӯ