Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон


Хусравхон Раҳимов
Хусравхон Раҳимов

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шаби 13-уми декабр ба поён расид, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Хусравхон Раҳимов, ки дар таърихи бокси тоҷик аввалин шуда ба финали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт, бо медали нуқра ва 150 000 доллар сарфароз гардид. Ин муштзани 23-солаи тоҷик дар вазни 57 кило дар даври ниҳоӣ аз рақибаш Оразбек Асилқулови 27-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Хусравхон Раҳимов, ки дар рақобати аввал бар муштзани Лесото дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шуда буд, дар даври 1/8-ниҳоӣ бар намояндаи Муғулистон Энх-амар Хархуу бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Раҳимов дар чорякфинал бар намояндаи Африқои Ҷанубӣ Сигвела Масибулеле бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Муштзани тоҷик бо шикаст додани Хуҷаназар Нортоҷиеви узбекистонӣ бо ҳисоби 5:0 ба финал баромад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Убайдов дар вазни 60 кило медали биринҷӣ гирифт. Ин муштзани 25-сола, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англия Муҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм бо нокаут мағлуб намуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Македония Ален Рустамовский бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд. Убайдов дар чорякфинал Серик Темиржанови қазоқро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Аммо дар марҳилаи ниманиҳоӣ Убайдов аз муштзани русиягӣ Всеволод Шумков бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки онро Анҷумани байналмилалии бокс (IBA) ташкил намуд, намояндагони 118 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳамаи вазнҳо 13 нафар муаррифӣ карданд. Аз байни онҳо ду нафар – Хусравхон Раҳимов ва Акмал Убайдов - аз Дубай бо медал бармегарданд.

Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар гирифтанд. Аз ин маблағ 50 дар сад ба муштзанҳо, 25 фоиз ба мураббӣ ва 25 фоиз ба федератсияҳои миллӣ супурда шуд.

Аз рӯйи шумораи муштзанҳое, ки дар финал ғолиб гаштанд, мунтахаби Русия мақоми аввалро соҳиб шуд. Аз 12 муштзани русиягӣ ҳафт нафар ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд. Инчунин се нафар аз Қазоқистон, ду муштзан аз Узбекистон, ва як нафар аз Озарбойҷон барандагони медалҳои тило гардиданд.

Дар ҳисоби медалҳо Русия бо 7 нишони тило, 5 нуқра ва як биринҷӣ соҳиби ҷойи аввал шуд. Қазоқистон бо 3 медали тило, як нуқра ва 2 биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо 2 медали тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи сеюро азони худ кард.

Дастаҳои мунтахаби кишварҳое, ки медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025-ро гирифтанд:

1. Русия — 7-5-1 (13)
2. Қазоқистон — 3-1-2 (6)
3. Узбекистон — 2-4-3 (9)
4. Озарбойҷон — 1-0-2 (3)
5. Қирғизистон — 0-1-1 (2)
5. Тоҷикистон — 0-1-1 (2)
7. Беларус — 0-1-0 (1)
8. Арманистон — 0-0-5 (5)
9. Гурҷистон — 0-0-2 (2)
9. Замбия — 0-0-2 (2)
9. Испания — 0-0-2 (2)
12. Куба — 0-0-1 (1)
12. Мали — 0-0-1 (1)
12. Молдова — 0-0-1 (1)
12. Непал — 0-0-1 (1)
12. Туркманистон — 0-0-1 (1).

XS
SM
MD
LG