Трамп гуфт, ки шумораи рекордии мусулмонони Амрико аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Трамп гуфт:
"Мехоҳам ба таври хос ба садҳо ҳазор мусалмони амрикоӣ, ки дар интихоботи президентии соли 2024-ум моро дастгирӣ намудаанд, миннатдории хос баён кунам. Он олӣ буд. Мо каме сусттар шурӯъ кардем, вале вақте интихобот анҷом ёфт, дидем, ки пуштибонӣ аз мо мисли киштии кайҳонӣ боло рафтааст. Мехоҳам ба ҳама ибрози сипос кунам!"
Трамп аз «Паймони Иброҳимӣ» ёдовар шуд, ки дар давраи аввали раёсатҷумҳурии ӯ миёни ИМА ва кишварҳои Халиҷи Форс ба имзо расида, роҳро барои беҳбуди равобит бо бахше аз кишварҳои исломӣ боз намуд.
Ифтор дар Қасри Сафед ба замоне рост омад, ки Ховари Миёна бо нооромиҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Бисёре аз мусулмонони рӯйи олам аз он нороҳатанд, ки ИМА амалиёти низомии Исроил дар навори Ғаззаро дастгирӣ мекунанд. Дар ин ҳамлаҳо, ки баъди юриши гурӯҳи исломии Ҳамос ба Исроил оғоз ёфтаанд, даҳҳо ҳазор фаластинӣ ба қатл расидааст. ИМА гурӯҳи Ҳамосро дар рӯйхати созмонҳои террористӣ ҷой додааст.
Трамп гуфт: "Мо ҳар рӯз ваъдаҳоямонро дар назди ҷамеаи мусалмонон иҷро мекунем. Маъмурияти зери раҳбарии ман дар талошҳои дипломатии дарёфти сулҳи давомдор дар Ховари Миёна саҳм мегирад. Бисёриҳо бовар надоштанд, ки паймони таърихии Иброҳимӣ ҳосил мешавад. Акнун мо боз дар пайи татбиқи он мешавем."
Ахиран гузоришҳое нашр шудаанд, ки тибқи он маъмурияти Трамп мехоҳад манъи сафари шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва кишварҳои дигар ба Амрикоро ҷорӣ кунад. Дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш Трамп вуруди шаҳрвандони нуҳ кишвари исломӣ ба Амрикоро манъ карда буд, вале дар соли 2018-ум бо ҳукми Додгоҳи олӣ ин қарор беэътибор дониста шуд.
Гуфтугӯ