Ҳодиса
Коршинос: Баъди ҲНИТ навбати салафиҳо расидааст

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки дар гузашта ба ҳайси раҳбар ё пешвои салафиҳои Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт гардидааст.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ("Шайх Маҳмадӣ"), нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи навбаромади Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд ва пешвои ҷонибдорони ин равия муаррифӣ мешуд, боздошт гардидааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ин хабарро 11 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои "барангехтани кинаву адовати динӣ", муттаҳам аст.
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ 43 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакист. Вай соли 2001, баъд аз чор соли таҳсил дар факултаи шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод ба ватан баргаштааст.
Ӯ баъд аз мамнӯъ шудани равияи Салафия дар Тоҷикистон дар соли 2009-ум кампайдо буд. Моҳи январи соли гузашта хабари боздошти ӯ паҳн шуд, вале мақомоти вазорати корҳои дохилӣ онро тасдиқ накарданд. Рамазон Раҳимзода низ дар як нишасти хабарии ниҳодаш дар соли гузашта ҳарчанд боздошти бархе аз аъзои гурӯҳи мамнӯъ ва экстримистии Салафияро таъйид кард, аммо аз боздошти Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ изҳори бехабарӣ намуд.
Дар ҳоле ки яке аз наздикони Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ боздошти ӯ ва раҳоияш баъд аз ҳудуди 6-7 рӯзро дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ карда буд. Пас аз ин хабар чанд матлаби Муҳаммадӣ Раҳматулло алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шуда, дар онҳо ҲНИТ асосан "муздури хориҷиён" дониста шуд.
Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.
Муҳаммадӣ Раҳматулло аз аввалин нафаронест, ки зимни сӯҳбат дар расонаҳо эълон кард, ки ӯ пайрави равияи салафияи ҳаст. Дар сӯҳбатҳояш таъкид мекард, ки ин равия ба мазҳаби Абӯ Ҳанифа наздик аст ва ӯ танҳо бархе паҳлуҳои нозуки онро дар Покистон омӯхтааст.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, ки ҳам дар Покистон ва ҳам дар Тоҷикистон бо Муҳаммадӣ Раҳматулло сӯҳбат доштааст, мегӯяд, ин шахс чандон ботинан салафӣ набуд ва ба хотири аҳдофи бештар сиёсӣ ин ақидаро дунбол мекард. Ин коршинос сабаби то ҳол боздошт нашудани Муҳаммадиро дар он мебинад, ки зоҳиран ҳукумат ӯро дар қиболи бархе рӯҳониён ва ҲНИТ истифода бурд.
Ҳодизода мегӯяд: “Аммо мубориза зидди ҳизби наҳзат ҳам як барномаи салафиҳо буд. Салафиҳо Эронро пуштибони ҲНИТ медонистанд ва чун худашонро Арабистону Қатару дигар кишварҳои арабӣ маблағгузорӣ мекард, бо ҳама нерӯҳои бо Эрон ҳамкорӣ дошта мубориза мебурданд. Эҳсос мешуд, ки салафиҳо зидди наҳзатиҳо кор мебурданд ва аз ин ҳукуматро хуш меомад. Аммо муборизаи онҳо ҳамоно муборизаи идеологии Эрону Арабистон буд, на чизи дигар. ”
Ҳоло ба гуфтаи Ҳодизода, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бештар майл ба Эрон дошт, дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд ва ҳукумати кишвар акнун дар пайи таъқиби худи салафиҳо, ки сиёсати кишварҳои арабиро пиёда мекунанд, шудааст.
Ӯ гуфт: “Пайравони ҲНИТ аз оғози ҷанги дохилӣ бештар аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешуданд ва бархе ҷонибдоронашон дар ин кишвар таҳсил мекарданд. Аммо салафиҳои тоҷик аз Донишгоҳи Файсали Покистон, ки бо маблағгузории шайхҳои салафии Арабистони Саудӣ фаъолият мекунад, пайдо шуданд. Ҷавононе, ки дар ин ҷо таҳсил карданд, аксаран, ҳарчанд, худро салафӣ намедонанд, аммо ботинан пайрави ҳамин равия ҳастанд.”
Фаъолияти озодонаи воизони Салафия андешаҳоеро ҳам ба бор оварда буд, ки гӯё мақомот аз ин равияи навбаромад бо ҳадафи коҳиш додани нуфузи афзояндаи рӯҳониёне, чун Ҳоҷӣ Мирзо ва бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва ҳам алайҳи ҲНИТ истифода мебарад.
Аммо дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таври ғайричашмдошт фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон кард.
Нахустин гуруҳи салафиҳои Тоҷикистон бо шумули Эшони Сироҷиддин ва писараш - Киромуддин соли 2009 бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равонаи зиндон шуданд. Эшони Сироҷиддин, ки яке аз мубаллиғони ин равияи тозапайдо муаррифӣ ва барои ҳафт сол зиндонӣ шуда буд, бар асоси қонуни афв пеш аз адои муҳлати ҷазояш аз ҳабс озод шуд ва алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва бастани он изҳорот дод.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Сокинони як маҳалла дар Кӯлоб аз сарбозшикор ё "облава" пешгирӣ кардаанд

Гурӯҳе аз сокинони як маҳалла дар Кӯлоб талош кардаанд, ки аз “облава” ё ҷалби маҷбурии ҷавоне ба сафи артиш ҷилавгирӣ кунанд.
Дар чанд порчаи навор, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд мард бо либоси маъмулии мисли сокинон ҷавонеро маҷбур ба ҷое бурданианд.
Радиои Озодӣ маълум кард, ки ҳодиса дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб рӯзи 21-уми октябр рух додааст.
Занҳо монеъ шуданд
Як сокини маҳаллаи Борбади Кӯлоб бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки он мардон кормандони милиса буданд, вале занҳои маҳалла монеъи ҷалби ғайриқонунии ҷавон ба артиш шуданд.
Хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ буда, сарпечӣ аз он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад, вале даъват ба артиш бояд тибқи муқаррароти қонун бо фиристодани даъватнома сурат гирад.
Ҷалби маҷбурӣ ё “облава” низ аз шеваҳои ғайриқонунии ба артиш бурдани ҷавонон аст, ки солҳо боз дар Тоҷикистон идома дорад.
Дар навори фиристодаи корбарон аз шаҳри Кӯлоб дида мешавад, ки ҷавон дар майдончаи варзишӣ ба сутуни оҳание часпидааст ва се нафар талош доранд, дасту пойи ӯро боз карда бо худ баранд.
“Ин бача дар мизи пеши майдонча нишаста будааст, ки милисаҳо пайдо мешаванд ва мехоҳанд ӯро бо худ баранд, аммо ӯ як сутуни оҳаниро қапида, фарёд мезанад. Занҳо ҷамъ шуданд ва вақте бачаро ба мошин шинонданд, онҳо рафта пеши роҳашро гирифта, бачаро озод карданд,”--гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Мақомот ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Чунин шеваи бурдан ба артиш барои Тоҷикистон нав нест.
Шикояти наздикони як донишҷӯ
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Эҳсон Султонзода, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро кормандони пулис дастгир карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бурдаанд.
Хонаводаи Султонзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як рӯз аз писарашон хабаре надоштанд, ки ӯ баъди дарс куҷо рафтааст. Модари Султонзода гуфт, ки баъди занги писарашон онҳо огоҳ шуданд, ки ӯ дар комиссариат қарор дорад.
“Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем, ки ӯ донишҷӯ аст ва ҳатто ба Додситони ҳарбии Бохтар ва Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон падараш шикоят навишт, вале бо вуҷуди ҳамин ҳоло ӯ дар хизмат қарор дорад. Рӯи рост қонуншиканӣ карданд ва аламовараш ҳамин аст, ки “облава” мекунанд ва ту фарзанд мекобӣ”,--гуфт Гавҳарбӣ Хоҷаева, модари Эҳсон Султонзода.
Шикоятҳо аз сарбозшикор ба ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ рабт доранд.
"Облава"-и омӯзгор дар Данғара?
Наздикони Эҳсон Аҳмадзода, як сокини ноҳияи Данғара ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки ӯ дар мактаби рақами 75-и ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанновариҳои иттилоотӣ ва математика дарс мегуфт ва бо сарбозшикор аз мактаб ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми октябр иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи наздикони Аҳмадзода, бо вуҷуди омӯзгори мактаби деҳот будан ҳоло ӯ дар Комиссарияти вилоят аст ва ба артиш бурда мешавад.
Бар асоси қонун, омӯзгорони мактабҳои деҳот муваққатан ба артиш бояд ҷалб нашаванд.
“Ҳамин эълон карданд, ки Данғара нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро кардааст, аммо Эҳсон Аҳмадзодаро ба мактаб даъват мекунанд ва ӯро ба комиссариат мебаранд. Дигар намедонем, ки мақоми омӯзгор чӣ мешавад”,--навишт яке аз наздиконӣ Эҳсон Аҳмадзода.
Дар Тоҷикистон соле ду бор; баҳору тирамоҳ ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Соле нест, ки аз гушаҳои Тоҷикистон шикоятҳо аз сарбозшикор расонаӣ нашавад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҷавонон бо ихтиёри худ ба артиш мераванд ва вуҷуди “облава” ё сарбозшикорро рад мекунанд.
Садамаи муҳоҷирон дар Амур. Як нафар ҳалок шуда, 14 кас осеб дидаанд

Кумитаи тафтишотии вилояти Амур дар пайи як тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Свободненский бо иштироки муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Субҳи баравақти 16-уми октябр дар наздикии деҳаи Уст-Пера як автобуси ҳомили 48 коргар ба мошини сабукрав бархӯрдааст. Дар натиҷа 1 нафар ҳалок ва 14 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Амур навиштааст, мусофирони автобус, коргарон аз Туркия, Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд. Ҳамаи онҳо дар ширкати туркии Yamata кор мекардаанд.
Сонеҳа баъди он ба вуқуъ пайвастааст, ки автобус ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Пас аз бархурд ба мошини сабукрав автобус аз роҳ берун ва чаппа шудааст. Сабабҳои сар задани садамаи нақлиётӣ ва омилони он таҳқиқ мешаванд. Додситонии вилоят ин қазияро зери назорат гирифтааст.
Валентина Бескодарова, ёвари калони прокурори вилояти Амур гуфтааст: "Прокуратураи шаҳрӣ санҷишро оғоз кардааст, ки дар натиҷаи он иҷрои қонунҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва риояи ҳифзи меҳнат баҳогузорӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани қонуншиканӣ аз ҷониби додситонӣ чораандешӣ мешаванд".
Феълан яке аз маҷрӯҳони тасодуфи роҳ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи тафтиши ҳолатҳои садама гузориш талаб кардааст. Тасодуфҳои нақлиётӣ ё ҳама гуна ҳодисаҳои дигар бо ширкати муҳоҷирон ҳамеша вокуниши ин кумита ва раҳбари онро ба миён меоранд.
Русия: Сафи донишҷӯён зиёд ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ кам мешавад

Президенти Русия бо имзои фармони дахлдор консепсияи сиёсати муҳоҷиратро барои солҳои 2026-2030 тасдиқ намуд. Санади мазкур дар вебсайти интишори расмии санадҳои меъёрӣ ҷой дода шуда, дар он ба ҳамгироии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирон таъкид шудааст.
Консепсияи нав коҳиши шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳуҷҷат таҷрибаи ҷойдошта дар танзими вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, шароити будубоши қонунии онҳо, сабти номи муҳоҷирон, додани паноҳгоҳи муваққатӣ ва тартиби дарёфти шаҳрвандии Русияро инъикос ёфтааст.
Дар гузашта мақомдорони рус гуфта буданд, ки иқдомҳои ҳозираи назорат бар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия ба ҷилавгирӣ аз “анклавҳои қавмӣ” ва “минтақаҳои ҷиноӣ” қодир нестанд.
Дар консепсияи нав зикр шудааст, ки афзоиши шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, то соли 2030 идома хоҳад кард. Гузашта аз ин, зуҳури чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амнияти миллӣ такмили сиёсати муҳоҷиратро тақозо мекунад. Бинобар ин Русия бояд барои баланд бардоштани масъулияти корфармо дар масъалаҳои марбут ба сиёсати муҳоҷират чораҳоеро рӯйи даст бигирад.
Бар асоси консепсияе, ки аз соли нав амалӣ хоҳад шуд, теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд кам карда шавад ва ниҳодҳои давлатӣ будубоши аъзои оилаҳоеро, ки дар Русия кор ва таҳсил намекунанд, маҳдуд намоянд.
Дар ин байн шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст. Ҳамчунин ҳукумат барои кӯч додани шаҳрвандони хориҷие, ки аз арзишҳои анъанавии Русия пуштибонӣ мекунанд бояд мусоидат намояд.
Консепсиия нави сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия дар шароите рӯи кор меояд, ки тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмонаву ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд. Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ намудааст. Владимир Путин дар нишасти ахири хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, гуфт, ки дар Русия бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.
Дар Душанбе зане барои фурӯши "Лирика" ҷарима шуд

Пулиси Душанбе аз боздошти зане барои фуруши доруҳои сахттаъсири нашъадор дар дорухонааш хабар додаст.
Раёсати корҳои дохилаи Душанбе рузи 15-уми октябр иттилоъ додааст, ки зимни як санҷиш дар дорухонаи "Бону" 141 адад маводи сахттаъсири Прегабалини ё "Лирика"-ро дарёфту мусодира кардаанд.
Нисбат ба масъули дорухона, ки ба гуфтаи мақомот, қонун ва муқарарроти соҳаи тандурустиро вайрон кардааст, санади маъмурӣ таҳия ва ба андозаи 3750 сомонӣ ҷарима шудааст.
Вазорати корҳои дохила тақрибан дар се моҳи ахир аз боздошти дастикам 3 нафар барои фурӯши ин мавод хабар додааст. Моҳи майи имсол пулиси кишвар аз афзоиши истифодаи маводҳои гуногуни наркотикӣ аз суйи чавонон нигаронӣ карда буд.
Вазорати корхои дохилаи Тоҷикистон таъкид карда буд, ки бо вуҷуди манъи қатъии истифода ва фурӯши маводи психотропӣ бидуни дастур ё дорухати табибон бархе аз шаҳрвандон ба фурӯши ғайриқонунии он машғуланд.
"Лирика" ё прегабалин мисли маводи мухаддир ба инсон таъсир дорад, вале бо иҷозаи хос танҳо ба бемороне, ки аз маризиҳои ҷиддии асаб азият мекашанд, пизишкон ба онҳо истеъмоли онро ба миқдори кам иҷозат медиҳанд.
Корманди комиссариат, ки сабабгори садамаи пурқурбонӣ шуд, даргузашт

Наҷибулло Рустамзода, корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, ки гунаҳкори тасодуфи нақлиётии пурқурбонии рӯзи 22-уми сентябр шумурда мешуд, шоми 7-уми октябр дар бемористони ин ноҳия даргузаштааст.
Ду манбаи огоҳ аз воқеа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз амали ҷарроҳӣ Наҷибулло Рустамзода фавтида, 8-уми октябр пайкари ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шудааст.
"Шуш, ҷигар ва чанд ҷои баданаш осебҳои вазнин бардошта будааст, табибон се бор барои наҷоташ ҷароҳӣ карданд, аммо ба худ наомад ва дар ҳамон беморхона фавтид", гуфт яке аз мусоҳибони мо, ки барои надоштани ҳаққи сухан дар ин бора нахост номаш зикр гардад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, Наҷибулло Рустамзода ба тозагӣ дар Комиссариати ҳарбии Восеъ ҳамчун лейтенанти хурд ва масъули гусели наваскарон ба артииш корро сар карда, эҳтимолан мехост, самараи корашро нишон диҳад.
Вай ёрдамчии калони сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ буд ва ҳамон рӯзи 22-юми сентябр ба хонаи Мирзоҳусайн Нуриддинов рафтааст. Мирзоҳусайн сокини деҳаи Заҳматободи ҷамоати Рӯдакии ҳамин ноҳия дар хонаводааш фарзанди синни даъвати ҳарбӣ доштааст.
"Писари ин хонаводаро як маротиба оварда, аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд ва ӯро таъкид мекунанд, ки рӯзи якум бояд дар Комиссариати ҳарбӣ бошад. Аз байн як ҳафта мегузарад ва ин барои овардани писари Мирзоҳусайн Нуриддинов меравад. Суҳбат мекунад, ки бояд писарашро ба комиссариат барад, аммо писараш дар хона набудааст ва ӯ мегӯяд, ки дар вилояти Суғд аст, то аввали октябр мерасад. Аммо Наҷибулло барои овардани писар падараш ва ду узви хонаашро гирифта мехоҳад ба комиссариат барад ва дар роҳ ба ин садама дучор мешавад.”
Дар шарҳи ҳодиса рӯзи 25 сентябр ВКД навишт, ки нисфирӯзии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи “Тайота Камри” дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиён “ба самти муқобил ҳаракат карда”, ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи “Опел Астра” бармехӯрад. Дар ин ҳодиса, ронандаи “Опел Астра” бо ду мусофираш - Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. Чор мусофири дигар ин мошин, ки яке кӯдаки панҷсола будааст, ҷароҳати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Талошҳои мо то ин дам барои суҳбат бо худи Мирзоҳусайн Нуриддинов бе натиҷа буд.
Парвандаи ин ҳодисаи пурсару садоро додситони ноҳияи Восеъ таҳқиқ мекард. Ҳоло баъди марги Рустамзода парванда баста шудааст. Манбаъҳо гуфтанд, дар сурати зинда монданаш ба ӯ то 25 соли зиндон таҳдид мекард.
Дар гузашта ҳам чандин бор падару модарон шикоят кардаанд, ки боздошт шуда, зери фишор аз писаронашон хостаанд, ки аз Русия баргарданд ва ба хидмати ҳарбӣ раванд.
Соли 2023 як сокини ноҳияи Мӯъминобод шикоят карда буд, ки ӯро барои ҷалби писараш ба артиш, ба Шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даъват карданд ва дар он ҷо латукӯб карданд. Мақомот он вақт гуфтанд, ки ӯ худаш афтида осеб бардоштааст.
Дар Тоҷикистон ҳар як сол ду бор ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мекунанд. Имсол мақомот дар рӯзи аввал аз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар даҳ шаҳру ноҳияи вилоят хабар доданд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки давоми даҳ рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳӣ 78 дарсади нақша дар ҷумҳурӣ иҷро шудааст.
Дар садамае бо ширкати корманди комиссариати ҳарбӣ дар Восеъ се кас кушта шудааст

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар садамае бо иштироки корманди Комиссариати ҳарбӣ се нафар кушта ва чор тан захмӣ шудааст.
Ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух додааст.
Ду тан аз сокинони ин ҷамоат бо шарти зикр нашудани номашон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, садама замоне рух дод, ки корманди Комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зур ба мошин савор карда, бо суръат ронд ва ба мошини самти муқобил бархурд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаро тасдиқ кардааст, вале корманди комиссариати ҳарбӣ будан ё набудани соҳиби мошин ишорае накардааст.
Ба навиштаи ВКД, нисфирӯзии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи “Тайота Камри” дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиён “ба самти муқобил ҳаракат карда”, ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи “Опел Астра” бармехӯрад.
Дар ин ҳодиса, ронандаи “Опел Астра” бо ду мусофираш, Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. Чор мусофири дигар ин мошин, ки яке кӯдаки панҷсола будааст, ҷароҳати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Парвандаро додситонии ноҳияи Восеъ тафтиш мекунад.
Дар Тоҷикистон омодагӣ ба ҷалби ҷавонон дар мавсими тирамоҳӣ идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон маъракаи сафарбарӣ ба артиш дар мавсими тирамоҳиро охири моҳи август имзо карда буд.
Расман аз 1-уми октябр то охири моҳи ноябр сафарбарии ҷавонон ба артиш идома мекунад.
Ҳамасола аз сокинон шикоят мерасад, ки кормандони комисариати ҳарбӣ даст ба “облава” зада, ҷавононро бо зур ба артиш мебаранд ва ин раванд олуда бо хушунат аст. Мақомот мегӯянд, ҳазорон ҷавон ихтиёрӣ ба артиш мераванд ва ҷалби маҷбурӣ ба артишро рад мекунанд.
Марги панҷ узви як оила дар тасодуфе дар роҳи Душанбе -Хуҷанд

Дар як рӯзи ахир дар натиҷаи садама дар роҳҳои Тоҷикистон 6 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳодисае мудҳише, ки нимарӯзи 20-уми сентябр рух додааст, бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо мошини борбар панҷ узви як оила ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст. Ронанда Амирбек Муродови 45-сола бо зану се фарзандаш, ки хурдтарини онҳо 5 сола будааст, ба Душанбе сафар мекард ва дар Шаҳристон ба садамаи мудҳиш дучор шудааст.
Кумита дар баёнияе гуфтааст, дар пайи бархурди мошинҳо таркиш сурат гирифта, ҳама дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. “Ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” сокини шаҳри Истаравшан бо ҷароҳатҳо ба бемористони марказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст.” - омадааст, дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол суръати баланди ҳаракати мошинҳо ва мушкил шудани идораи он ба ин фоҷеа сабаб шудааст.
Марги як хонавода дар садамаи рӯзи 20-уми сентябр дар ҳолест, ки субҳи ҳамон рӯз дар садамаи дигаре дар роҳи Мастчоҳи Кӯҳӣ, як зани 40-сола ҷон бохтааст. Дар ин ҳодиса 4 мусофири дигар захм бардошта, ба беморхона бурда шудаанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Трамп гуфт, агар Афғонистон пойгоҳи Багромро надиҳад,"кори бад" хоҳад шуд

Доналд Трамп, президенти ИМА ба Афғонистон таҳдид кардааст, ки агар Пойгоҳи ҳавоии Багромро ба Амрико надиҳад, "корҳои бад"-е иттифоқ хоҳад уфтод. Толибон қаблан ин талабро рад карда буданд.
Трамп рӯзи 20-уми сентябр дар шабакаи Твиттер навишт: "Агар Афғонистон Багромро ба онҳое, ки онро сохтаанд, яъне ба Иёлоти Муттаҳида барнагардонад, иттифоқи баде рух хоҳад дод”
Президент Трамп аз ин бештар ҷузъиёт надод ва нагуфт, ки чӣ чизе рух хоҳад дод, аммо дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кохи сафед бо такрори таҳдиди худ гуфт: "Мо ҳоло бо Афғонистон гуфтугӯ дорем ва талош дорем онро баргардонем. Мехоҳем фавран онро баргардонем. Агар онҳо ин корро накунанд, пас шумо хоҳед донист, ки ман чӣ кор мекунам."
Дар ду рӯзи ахир ин бори дуввум аст, ки ӯ ба зарурати бозгардонии пойгоҳи Багром таъкид мекунад. Рӯзи 18-уми сентябр дар нишасте дар Лондон Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳида талош дорад, пойгоҳи ҳавоии Багромро аз Толибон бозпас бигирад, чун ин гурӯҳи тундрав ба ёрии ИМА муҳтоҷ аст ва Чин метавонад аз он барои барномаҳои ҳастаиаш истифода кунад.
Рӯзномаи Wall Street Journal рӯзи 19-уми сентябр ба нақл аз як манбаи худ навишт, ки мақомоти амрикоӣ бо Толибон ин мавзӯъ ва ҳам эҳтимоли истифодаи Багромро ба унвони як "нуқтаи оғоз" барои амалиёти зиддитеррористӣ баррасӣ кардаанд.
Дар вокуниши худ мақомоти Толибон рӯзи 19 сентябр суханҳои раҳбари ИМА-ро рад карданд. Аз ҷумла, Зокир Ҷалол, намояндаи расмии ВКХ дар Кобул, дар саҳифааш, дар шабакаи Х навишт, Кобул барои чунин як муомилае омода нест.
Пойгоҳи низомии Багром, воқеъ дар 40-километрии шимоли Кобул, дар солҳои 1950-ум аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст. Баъди соли 2001 ин пойгоҳро нирӯҳои зери раҳбарии ИМА таҳти назорат гирифтанд. Соли 2021, пас аз 20 соли ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ин пойгоҳ ба дасти мақомоти Афғонистон ва дар натиҷа ба дасти Толибон гузашт.
Дар Чехия беш аз 40 коргари идораи полис дар як вақт шикамдард шуданд

Дар шаҳри Прагаи Чехия ҳафтаи гузашта дар як вақт беш аз чил корманди як идораи полис бо нишонаҳои исҳол ё шикамдард ба духтур муроҷиат кардаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навишт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи Летна рух дод.
Таҳқиқ шурӯъ шудааст, вале фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.
Ҳана Мала, як намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят карданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ мондааст”.
Ӯ гуфт, ки тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор накард ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро аз сар гирифтанд. Мала гуфт, баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис дарёфт нашудааст.
Рубио: Мо аз ҳамлаи Исроил ба Қатар хушнуд нестем

Вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба гурӯҳи ифротии ҲАМОС дар Қатар "хушнуд нест", аммо афзуд, чунин мавқеъ мақоми Исроилро ба унвони муттаҳиди Амрико тағйир нахоҳад дод.
Марко Рубио, рӯзи шанбе қабл аз сафараш аз Вашингтон ба Исроил ба хабарнигорон гуфт: “Албатта, мо хушнуд набудем, президент ҳам норозӣ аст.” Вай илова кард, ки: “Ин масъала моҳияти равобити мо бо Исроилиҳоро тағйир намедиҳад, вале мо бояд дар ин бора гуфтугӯ кунем, махсусан дар бораи он, ки ин вазъ ба талошҳои дипломатӣ барои дастёбӣ ба оташбас дар Ғаззаи ҷангзада чӣ таъсире хоҳад кард.”
Ҳамлаи ҳавоии рӯзи сешанбе, нахустин ҳамлаи Исроил алайҳи Қатар, ки аз муттаҳидони Амрико дар Ховари Миёна аст, минтақаро таккон дод ва ба талошҳои дипломатӣ барои расидан ба оташбас дар Ғаззаи ҷангзада зарба зад.
Нахуствазири Қатар, ҳамлаи Исроил ба хоки кишварашро “Ваҳшиёна” хонд ва хостори муҳокимаи Бенямин Нетаняҳу шуд. Вай нахуствазири Исроилро ба ин ҳамла муттаҳам карда, гуфт, бо ин дастур ӯ “ҳамагуна умед барои раҳоии асиронро аз айн бурда аст.”
Аз сӯйи дигар, нахуствазири Исроил рӯзи шанбе аз ҳамла ба қароргоҳи Ҳамос дар Доҳа дифоъ кард ва гуфт, аз байн бурдани раҳбарони Ҳамос, ки дар Қатар зиндагӣ мекунанд, монеаи асосӣ дар роҳи раҳоии гаравгонҳо ва поён додани ҷанг дар Ғаззаро аз байн мебарад.
Дар вокуниш ба ин мавқеъ, гурӯҳи исроилие, ки барои раҳоии гаравгонҳои Ғазза кор мекунад, эълом кард, ки Бинёмин Нетаняҳу бузургтарин монеа дар роҳи раҳоии гаравгонҳост.
Гурӯҳи "Ҳамос" дар баёнияе эълон кард, ки дар ин ҳамла 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла, писари раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ Халил Ҳайя ва раиси дафтари ӯ, кушта шуданд. Аъзои ҳайати музокиракунандаи "Ҳамос" аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд.
Қатар гуфт, ки яке аз нерӯҳои амниятии дохилиаш дар ин ҳамла кушта шудааст.
Баъди сӯхтани биноҳои ҳукумат дар Непал вазъ ором шудааст

Дар Непал, ки ошӯбу бетартибиҳои оммавӣ сабаби истеъфои ҳукумат шуданд, назму тартиботро дар пойтахти кишвар шаҳри Катманду, сарбозони артиш таҳти назорат гирифтаанд. Рӯзи 10-уми сентябр фурудгоҳи байналмилалии шаҳр дигарбора корашро аз сар гирифт.
Артиш аз мардуми норозӣ хост, назму тартибро риоят кунанд ва дар музокирот дар бораи ояндаи кишвар ширкат варзанд. Дар бораи ингуна музокирот аз ин пештар раиси ҷумҳури Непал низ суҳбат кард. Рӯзи чаҳоршанбе ҳеч гузорише дар бораи зӯровариву хушунат аз ин кишвари осиёӣ нарасид.
Дар чанд рӯзи гузашта, дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон ва маъмурони интизомӣ дар Непал беш аз 25 нафар кушта ва 600 каси дигар захмӣ шуданд. Рӯзи 9-уми сентябр тазоҳургарон дар Катманду ба биноҳои ҳукумат юриш бурда, бисёре аз онҳоро оташ заданд, аз ҷумла хонаҳои вазирон ва узви ҳукумати Непалро. Баъзе аз мақомоти баландпояро ҳам латукӯб кардаанд.
Баъди ин ҳукумати Непал корашро қатъ кард ва нахуствазиру чанд вазири дигар аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла паёмрасонҳо сабаби тазоҳуроти олуда ба хушунат шуд, агарчӣ ҳукумат қарор дар бораи маҳдуд кардани дастрасӣ ба онҳоро беэътибор сохт. Аммо тазоҳургарон мегуянд, ки на танҳо қарори бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ришвахориву фасод дар Непал онҳоро норозӣ кардааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ модареро бо се фарзандаш куштаанд

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як зан бо се фарзандашро дар хонаашон пайдо кардаанд ва ин ҷиноят мардуми деҳаи оромро сахт тарсондааст.
Ҳодиса шоми ҷумъаи 5-уми сентябр рух додааст. Ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади модару ду духтар ва як писарашро баъди ду рӯзи марг пайдо кардаанд. Мақомоти расмӣ то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд. Яке аз ҳамсояҳои хонавода бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсояҳо бори охир занро бегоҳии рӯзи ҷумъа, 5-уми сентябр дидаанд.
“Номи зан Шаҳло аст. Духтаронаш Ҳабиба ва Ҳамида ва писараш Шараф ном доштанд. Писар синфи 6 ва духтаронаш дар синфи 9 ва 10 таҳсил мекарданд. Шавҳари зан дар муҳоҷирати кор буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омад. Шаби ҳодиса зан бо ҳамин се фарзандаш дар хона будаанд.
Шавҳараш аз Русия ба ҳамсояҳо занг зада гуфтааст, ки ба хонаи онҳо раванд, чун телефонашон кор накарда истодааст, як бор бинед ку дар куҷо бошанд. Вақте зани ҳамсоя бо як ҳамсояи дигар вориди хона мешаванд, мебинанд ҳама ҷо кофтагӣ, бӯйи ғализ мебарояд. Як ҷойгаҳро мебинанд, ки писараш даҳонаш бо “скотч” печонидагӣ, мурдааст. Доду фарёд карда, мебароянд. Баъд милиса омада, дар хона ҷасадҳоро мебинанд" - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Маълум нест касе боздошт шудааст ё не. Марги зан ҳамроҳ бо се фарзандашро ду сокини дигари деҳаи Дарёобод ҳам тасдиқ карданд. "Ҳамсояҳо тарсидаанд. Дар мактаб ҳам миёни хонандагону омӯзгорон дар бораи ҳамин ҳодиса суҳбат мекунанд", гуфт мусоҳиби дигари мо.
СҶТ: Зарардидагони зилзила дар Афғонистон дучори мушкили равонӣ шудаанд

Пас аз зилзилаи вайронгари охир дар шарқи Афғонистон, шуморе аз сокинони вилояти Кунар, аз ҷумла кӯдакону занон дар ҳолати бади равонӣ қарор дошта, тарс аз такрори заминларза ва пасларзаҳо вазъи онҳоро душвор кардааст.
Абдулвоҳиди даҳсола яке аз даҳҳо кӯдаконест, ки дар зилзилаи ноҳияи Чукии вилояти Кунар зарар дидааст. Абдулвоҳид рӯзи 7-уми сентябр, дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, шабро бо тарсу ҳарос рӯз мекунанд.
“Хобҳои бад мебинам. Хобҳое, ки зилзила аст ва ҳама мо бо тарс ба ҳар тараф фирор мекунем, ман мехоҳам мо аз инҷо ба ҷои дигар интиқол дода шавем, дилам намехоҳад инҷо бошем. Бисёр метарсам ва ҳолати бисёр душвор аст.”
Мирвайси 12-сола, сокини дигари дараи Девагули ноҳияи Чукӣ ва хонандаи синфи шашуми мактаб мегӯяд, ки шабҳо хоби ором надоранд. Вай афзуд: “Ман тарс дорам, ки боз ҳам зилзила нашавад. Дар хоб меби нам, ки зилзила мешавад ва ба ҳар тараф меравам, дилам меларзад, мехоҳам мактабу мадраса, хонаҳои мо ва ҳама чиз дубора обод ва фаъол шавад. Мехоҳам дар деҳа монам.”
Бархе аз занони осебдида аз зилзила дар вилояти Кунар, ки нахостанд ному садояшон дар гузориш нашр шавад низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар вазъияти бади равонӣ қарор доранд ва аз кучактарин ларзиш метарсанду кӯдаконашон беист гиря мекунанд.
Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ , афроде, ки заминларзаи охир дар шарқи Афғонистонро мушоҳида кардаанд, ба мушкили шадиди равонӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Ин созмон бо нашри гузорише дар бораи зилзила дар шарқи Афғонистон, рӯзи якшанбеи 7-уми сентябр ҳушдор додааст, ки хадамоти маслиҳати равонӣ ва ҳимоятҳои иҷтимоӣ дар минтақаҳои зилзилазада ҳануз маҳдуд аст. Муаллифони гузориш ба он таъкид кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои ҷиддӣ, зарур аст, ки хадамоти равонӣ – иҷтимоӣ беҳтар роҳандозӣ шавад.
Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ, хабар додааст, ки барои расидагӣ ба ин вазъият ду тими сайёри сиҳатии равонӣ ва иҷтимоӣро ба ноҳияи Нургули вилояти Кунар ва шифохонаи вилоятии Нангарҳор фиристодаанд.
Ин тимҳо афроди ниёзмандро ба марказҳои беҳдоштӣ интиқол дода, ба муолиҷаи вижа фаро гирифтаанд. То кунун ба Созмон беш аз 400 мавриди машварат ва муроҷиат сабт шудааст.
Қорӣ Азизурраҳмон, фаъол иҷтимоӣ, ки ҳамроҳи хонаводааш барои ҳимоят аз осебдидагони зилзила аз Кобул ба Кунар рафтааст, мегӯяд, ки афроди зиёд, махсусан кӯдакону занон пас аз заминларза дар ҳолати бади равонӣ қарор дошта, бархе баланд дод мезананду гиря мекунанд. Аксарият дучори заъфи хотира шудаанд.
“Инҷо онқадар мушкили равонӣ зиёд шудааст, вақте бо мардум суҳбат мекунем номи писарони худро фаромуш кардаанд, писарон номи падарони худро аз ёд бурдаанд. Модар номи кӯдак ва кӯдак номи модари худро фаромуш кардааст. Вақте номи худашонро мепурсем ду то се дақиқа фикр карда, баъд ҷавоб медиҳанд.”
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки бар асари заминларзаҳо дар шарқи Афғонистон 84 ҳазор нафар осеб дидаанд.
Таҳлилҳои аввалияи СҶТ маълум кард, ки дастикам 16 муассисаи беҳдоштӣ дар чаҳор вилояти шарқи Афғонистон бар асари заминларза осеб дида, беш аз 2200 захмӣ дар даҳ муассисаи беҳдоштӣ бистарӣ шудаанд. Аксари онҳо дар бемористони марказии вилояти Нангарҳор буданд. Аз ин шумора 58 дарсадро мардон, 42 дарсадро занону духтарон ва беш аз 10 дарсадро кӯдакони то панҷсола ташкил медиҳанд.
Заминларзаи нобаҳангоми шаби 31-уми август, ба шиддати шаш дараҷа, дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, ба хусус Кунар, талафоти сангин ва хисороти бузурги ҷониву молӣ дар пай дошт.
Ҳукумати “Толибон” гуфт, ки дар ин ҳодиса дар вилояти Кунар беш аз 2200 нафар кушта, беш аз 3600 нафари дигар захмӣ шудаанд ва беш аз 6700 хона вайрон шудаанд.
Ҳамлаи сагҳои дайду ба 17 нафар дар Ҳисор

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 17 нафар осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Ҳодиса бегоҳи рӯзи ҷумъа, 5-уми сентябр рух додааст. Илҳом Қараев, сардухтури беморхонаи ин шаҳр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, аксарият аз рӯй ва даст зарар дидаанд. Беморон ҳама дар як рӯз муроҷиат кардаанд.
Ҳоло ба гуфтаи вай 6 нафар, ки аксарият наврасонанд дар беморхона бистариянд ва ба дигарон пас аз гирифтани эм ё ваксина ҷавоб дода шудаанд. Қараев афзуд, вазъи саломатии афроди аз ҳамлаи сагҳо зарардида вазнин нест.
"Рӯзи чоршанбе ҳамаашро як бори дигар аз назар мегузаронем ва ҷавоб медиҳанд. Ҳамааш Иммуноглобулин (муқовимати дарунӣ) гирифтаанд, чун ин кӯдакҳо аз рӯй зарар дидаанд. Аз рӯйи тақвим чӣ тавре, ки муайян шудааст, боқимондаи дорӯро ҳам мегузаронем."
Дар аксҳое, ки корбарон фиристодаанд, чанд кӯдаке дида мешавад, ки бо сару рӯйи хуншору баста дар беморхона қарор доранд.
Ҳодисаи ҳамлаи сагҳои оворагард ба одамон дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт мушоҳида мешавад. Чанд сол инҷониб дар кишвар безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайду идома дорад.
Масъулон эътироф мекунанд, ки ҷой ва имконияти нигоҳубини сагҳои оворагардро надоранд ва бештар ин ҷонварон қатл мешаванд. Дар гузашта ин амал боиси интиқоди ҷонвардӯстдорон шуда буд. Онҳо гуфта буданд, ки мақомот ба ҷойи нигаҳбонии сагҳо дар макони махсус онҳоро бераҳмона нобуд мекунанд.
Ҷасадҳои ду сарбози тоҷикро ҳанӯз ҳам аз рӯдхонаи Вахш пайдо накардаанд

Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро, ки дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуданд, ҳанӯз пайдо накардаанд.
Як мақоми ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунон ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома медиҳанд.
Сарбозони тоҷик рӯзи 30-уми июл дар наздикии воҳиди низомиашон дар ноҳияи Кушониён дар наздикии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, сарбозон ҳангоми ширкат дар машқҳои низомӣ дар рӯдхона ғарқ шуданд, вале сабаби аслии ҳодиса то ҳол равшан нест. Вазорати дифоъ то кунун ҳеч шарҳу хабаре дар ин бора надодааст.
Яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, ки сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммадии 20-сола будаанд ва амалиёти ҷустуҷӯ то соҳилҳои дарёи Вахш дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён анҷом шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, баланд будани сатҳи об ва талотуми зиёд дар Вахш монеи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҷасадҳо шудааст. Бар асоси омори расмӣ, танҳо ҳамин дар кӯлу рӯдхонаҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд, вале бори аввал аст, ки аз ҳалокати якбораи ду сарбози номуроди тоҷик дар Вахш гузориш мешавад. Аксари қурбониёни имсола дар рӯзҳои гарми тоқатфарсои тобистонӣ ва ҳангоми шиноварӣ ҷон додаанд.
Гуфтугӯ