Кишоварзон дар Узбекистон мегӯянд, ки ҳукумат бо зӯр ва бо баҳонаи пуштибонӣ аз соҳа, ҳазорон гектар заминҳои ҳосилхези пахта ва гандумро аз онҳо мегирад ва ба ширкатҳои чинӣ медиҳад.
Онҳо бо нигаронӣ аз сарнавишти заминҳои сарсабзи водии Фарғона, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қитъаҳои калоне аз замин ба захираҳои давлатӣ ворид ва ба ихтиёри тоҷирони чинӣ дода шудааст.
Санадҳои расмӣ мегӯянд, ки вогузории замин ихтиёрӣ аст. Аммо даҳҳо гузорише, ки ба Радиои Озодӣ аз сӯи касоне, ки ба ҳуҷҷатҳои вогузории заминҳо имзо гузоштаанд, расидааст, чизи дигар мегӯяд: маҷбур кардан, таҳдид ва тарсонидан (иръоб) аз сӯи маъмурони интизомии Узбекистон, ки бо дастури мақоми маҳаллӣ кор мекунанд.
Ба гуфтаи яке аз деҳқонон, ки бинобар ҳассосияти мавзуъ ва тарс аз интиқоми мақомот, нахост номаш зикр шавад, "ҳокими вилоят ба ман гуфт, "ин як дастури президент аст, ё заминро медиҳед ё ба зиндон меравед".
Вогузории заминҳо дар водии Фарғона (ин водӣ байни Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсим аст), раванде қобили мушоҳида дар саросари Осиёи Марказӣ аст -- мавҷе аз эҳсосоти зидичинӣ, ки ба баҳсҳо дар бораи замин, вобастагӣ ба қарзҳо, танишҳо дар бозори кор ва тарс аз нуфузи афзояндаи Чин, бармегардад.
Тибқи қонуни Узбекистон дар бораи кишоварзӣ, деҳқон замини кишоварзиро ба муддати 49 сол ба иҷора мегирад. На ҳукумати маҳаллӣ ва на додситон онро гирифта наметавонад. Тибқи қонунгузорӣ, замин танҳо бо қарори додгоҳ аз ҷониби давлат гирифта мешавад.
Аммо деҳқонон мегӯянд, ки мусодира ё тасарруфи замин бо дастури шифоҳии раиси вилоят Шӯҳрат Абдураҳмонов сурат мегирад.
Як деҳқон аз ноҳияи Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман намехостам, замини худро бидиҳам ва каме истодагарӣ ҳам кардам. Аммо дар посух раиси ноҳия беш аз 20 афсари пулис ва Горди миллиро ба бинои ҳукумати ноҳия даъват кард ва дастур дод, ки ману ҳамсарамро боздошт кунанд."
"Ба ҳамин сабаб, ҳеч яке аз кишоварзон ҳоло муқовимат ва истодагарӣ намекунанд, зеро ба гумон аст, ки ягон нафари мо аз онҷо зиндаву саломат баромада тавонем."
Масъулини вилоят ба тамосҳои Радиои Озодӣ дар мавриди ин иддаои кишоварзон изҳори назар накарданд.
Нигаронӣ дар бораи истифодаи Чин аз заминҳои васеъ, фаротар аз доираи ҷомеаи кишоварзон аст.
Ҳузури иқтисодии Пекин дар Осиёи Миёна дар солҳои ахир, дар чаҳорчӯби тарҳи баландпарвозонаи "Як камарбанд-як роҳ", ба суръат афзоиш ёфтааст.
Аз оғози соли 2025, Чин яке аз бузургтарин шарикони тиҷории Узбакистон ба шумор меравад ва ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар ба 12,5 миллиард доллар мерасад. Беш аз 3400 ширкати чинӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ки ҳатто аз шумори ширкатҳои русӣ низ зиёдтар аст.
Чунин намунаҳо дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Қазоқистон ҳам дида мешавад.
Сармоягузорони Чин зерсохтҳо, ҷойҳои нави корӣ ва технологияро ваъда медиҳанд. Аммо коршиносон аз паҳлӯҳои норӯшани он ҳушдор медиҳанд.
Наргиса Мураталиева, сиёсатшиноси қирғиз хотирнишон мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври афзоянда ба "дом"-и иқтисодии Чин меафтанд -- дастрасии осон ба қарз -- дар аксар мавридҳо бо шартҳои ношаффоф, ки дар ниҳоят метавонад кишварҳои заифтарро дар баробари фишорҳои сиёсӣ ё мусодираи дороиҳо, осебпазир кунад.
Мураталиева хотирнишон мекунад, ки Пекин дар соли 2011 беш аз 1100 километри мураббаъ замини Тоҷикистонро дар ивази коҳиши қарзҳо ба даст овард, ки мисоли равшани паёмадҳои эҳтимолии афтодан ба ин "дом" аст.
Чин дар ҳоли ҳозир бузургтарин қарздиҳандаи Узбекистон аст ва маҷмуи қарзҳои Тошканд дар назди Пекин 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Мураталиева, "вижагии умумии қарздиҳии Чин барои ҳама кишварҳои минтақа, ин дарёфти осони қарзҳо, мушкили бозпардохти онҳо, ҳамчунин ношаффоф будани раванд ва шартҳои мушаххас, аст".
Бозпардохти қарзҳо, аз худ кардани заминҳо ва афзоиши контроли иқтисодии Чин низ тасаввуроти мардуми маҳаллӣ дар бораи "истеъмори нав"-ро тақвият мекунад, ба вижа вақте ҷомеаи маҳаллӣ ба раванди қабули қарорҳо роҳ дода намешавад ва аз он дур мемонад.
Бархӯрди хашини Чин бо ӯйғурҳо ва дигар ақалиятҳои қавмии бумӣ дар Шинҷон, ки бо мардуми Осиёи Миёна пайвандҳои забонӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ доранд, ба шиддат ин мардумро зери таъсир мегузорад.
Новобаста аз он, ки таблиғ аст ё не, тарси он ки Чин битавонад рӯзе бо қазоқҳо ё узбекаҳо ба ҳамон шева рафтор кунад, дар баробари густариши ҳузури Чин, тухми мухолифатро коштааст.
"Маълум мешавад, ки чиниҳо замини маро воқеан дӯст медоранд, онҳо мехоҳанд заминро аз деҳқонони дигар низ бигиранд. Табиист, ки мо мухолифем, аммо раиси ноҳия, додситон ва раиси пулис ба мо фишор меоранд",-гуфт як деҳқон аз вилояти Андиҷон, дар ғарби Узбакистон, ба Радиои Озодӣ.
"Ончи аз ҳама бештар моро нигарон мекунад, он аст, ки онҳо метавонанд пас аз он кишварри моро тасарруф кунанд ва ҳамон кореро, ки бо ӯйғурҳо дар Шинҷон карданд, бо мо анҷом диҳанд".
Гуфтугӯ