Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорону мухолифони узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ


Чанде аз ҷавонони тоҷик бо баргузории маҳфили мубоҳисавӣ суду зиёни узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ карданд.

Созмони "Маркази бозори озоди Тоҷикистон" бо таъсиси ҷоми "Бозори озоди Тоҷикистон" талош дорад ҷавононро аз тариқи сабқату бозӣ ба баҳси мавзӯъҳои муҳими кишвар ҷалб кунад. Дар даври ниҳоии ин сабқат мавзӯи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Гумрукӣ мавриди баҳси дастаҳо қарор гирифт.


Ҷаҳонгир Забиров узви дастаи мубоҳисавии "Сериал Друзя" дар даври ниҳоии сабқати мубоҳисавии иқтисодӣ барои ба даст овардани ҷоми "Бозори озоди Тоҷикистон" мубориза мебурд. Ӯ дар ин сабқат нақши аъзои ҳукуматро бозӣ мекард ва тарафдори он буд, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шавад.

Ба ҳайси далел Ҷаҳонгир чанд фоидаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукиро зикр кард: "Пас аз ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон - алюминий ва пахта ба бозорҳои кишварҳои иттиҳод дастрасии бидуни боҷи гумрукӣ пайдо хоҳанд кард. Бинобар ин, нархи ин маҳсулот дар ин бозорҳо нисбат ба маҳсулоти Ӯзбакистон арзонтар хоҳад шуд ва рақобатпазириашон бештар мешавад. Инчунин, боҷи гумрукии маводи сӯхт бардошта мешавад ва Тоҷикистон аз ин солона 300 миллион доллар фоида хоҳад дид. Инчунин муҳоҷирони тоҷик имконияти меҳнати қонуниро дар Русия пайдо хоҳанд кард".

Аммо Роман Лисин, намояндаи дастаи мухолифон бо номи Black & White (Сиёҳу сафед) дар нутқи хеш иддаоҳои "намояндаи ҳукумат"-ро на танҳо пуч баровард, балки чанд далели зиёни Тоҷикистонро аз узвияти Иттиҳоди гумрукӣ таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, "боҷи гумрукӣ садди роҳи рақобатпазирии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон нест. Мушкил дар сифати пасти маҳсулоти мо мебошад. Инчунин номгӯи маҳсулоти содиротии кишвари мо хеле кам аст. Пас аз ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ буҷаи Тоҷикистон бахши аъзами даромадҳояш аз ҳисоби боҷи гумуркиро аз даст хоҳад дод. Мо аз кишварҳои узви Иттиҳоди гумуркӣ бештар маҳсулот ворид мекунем нисбат ба содирот. Бинобар ин, он зараре, ки буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби лағви боҷи гумрукӣ мебинад, на маводи сӯхти бидуни боҷ ва на муҳоҷирон ҷуброн карда наметавонанд."



лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим



Пас аз як соати чунин баҳсҳои шадид дар мавриди узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ - Роман Лисин ва Парвиз Усмонов, намонядагони дастаи «Блэк энд вайт», дар сабқати дебати иқтисодӣ ғолиб омада, соҳиби «Ҷоми бозори озоди Тоҷикистон» шуданд. Ин аввалин сабқати дебати иқтисодӣ буд, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Шерзод Абдуҷабборов, ҷавони тоҷик, ки дар аксар сабқатҳои дебат ба ҳайси довар ширкат меварзад, мегӯяд, дар аксар манотиқи Тоҷикистон дар назди донишгоҳҳо ва ё созмонҳои ғайридавлатӣ клубҳои мубоҳисавӣ ташкил шудаанд, ки рӯз ба рӯз ҷавонони зиёде дар он ширкат меварзанд. Шерзод илова кард, ки бо ширкат дар баҳсҳо ҷавонони тоҷик ҷаҳонбинӣ, дониш ва маҳорати суханварии худро тақвият мебахшанд. Муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи Шерзод, тафаккури интиқодии ҷавонон пас аз ширкат дар ин гуна мубоҳисаҳо боло рафта ва тадриҷан онҳо ба ҳаводиси атроф ва ҳаёти иҷтимоӣ бо тафаккури интиқодӣ назар хоҳанд кард.

«Ҷоми бозори озоди Тоҷикистон»-ро ташкилоти ғайридавлатии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» таъсис додааст, ки дар он 8 даста аз ҷавонон байни ҳам мусобиқа карданд. Дебат ё баҳс - сабқати тарҳрезишудаи оммавии мубодилаи андеша миёни ду тараф доир ба масоили умда ва доғ аст. Ин баҳс дар ҳузури омма ҷараён мегирад ва мақсадаш дигар кардани ақидаи рақиб не, балки мутақоид сохтани шунавандагон ба дурустии андешаҳои худ аст. Нуфузи сабқати дебат пас аз дебатҳои сиёсӣ афзун шуд.

Аввалин дебати телевизиони сиёсӣ миёни Ҷон Кеннеди ва Ричард Никсон дар арафаи интихоботи президентии Амрико дар соли 1960 баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG