Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Олег Хаби, собиқ футболбоз ва мураббии дастаи "Помир"


Собиқадори футболи точик Олег Хаби пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ рӯзи 13-уми январ дар синни 85-солагӣ дар шаҳри Маскави Русия аз олам даргузашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Олег Хаби ҳамчун ҳимоятгар аз соли 1962 то соли 1972 дар бошгоҳи футболи «Помир»-и Душанбе, ки қаблан ”Энергетик” ном дошт, дар мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳоди Шӯравӣ 261 бозӣ карда, 14 гол задааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти бозигариаш Хаби аз соли 1976 то соли 1988 узви ситоди мураббиёни «Помир»-и Душанбе буд. Вай моҳи ноябри соли 1988 пас аз он, ки Шариф Назаров барои кор ба хориҷи кишвар сафарбар шуд, вазифаи сармураббии “Помир”-ро ба зимма дошт.

«Помир» зери раҳбарии ин мутахассиси пуртаҷриба мавсими 1989-ро дар Лигаи олии қаҳрамонии ИҶШС бомуваффақият сипарӣ намуд. Соли 1990 Шариф Назаров боз роҳбарии «Помир»-ро ба уҳда гирифт ва Хаби ёвари ӯ шуд. “Помир” дар байни даҳ дастаи беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ҷой гирифт.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Олег Хаби ба Русия рафт ва солҳои 1993-1994 ба ҳайати мураббиёни бошгоҳи «Ротор»-и Волгоград шомил шуд. Сипас ӯ дар бошгоҳи «Локомотив»-и Маскав ба ҳайси мураббии кӯдакону наврасон солҳои зиёд фаъолият намуд.

Олег Хаби, ки соли 1940 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, ба унвонҳои баланди Устоди варзиши СССР ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон мушарраф шудааст.

XS
SM
MD
LG