Мусобиқоти қаҳрамонии даставии ҷудои ҷаҳон, ки 20-уми июн дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) баргузор шуд, бо пирӯзии тими омехтаи Гурҷистон ба поён расид.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ббайналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқот 16 дастаи омехта иштирок карда, ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шуданд. Ба таркиби дастаҳои омехта занон дар вазнҳои -57 кг, -70 кг, +70 кг ва мардон дар вазнҳои -73 кг, -90 кг, +90 кг дохил буданд.
Дар финал тими омехтаи Гурҷистон бар дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гардид.
Дар ҳайати дастаи ғолиб – Гурҷистон – даҳ нафар ҳунарнамоӣ карданд: мардон: Михаил Бахбахашвили (73 кг), Лаша Бекаури (90 кг), Лука Майсурадзе (90 кг), Гурам Тушишвили (+90 кг), Саба Инанеишвили (+90 кг): занон: Этери Липертелиани (57 кг), Нино Лоладзе (57 кг), Этер Акилашвили (70 кг), Мариам Чантурия (70 кг), Софио Сомхишвили (+70 кг).
Натиҷаҳои мусобиқоти даставии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2025:
1. Гурҷистон.
2. Кореяи Ҷанубӣ.
3. Ҷопон ва Олмон.
5. Италия ва Бразилия.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқоти даставӣ 200 ҳазор евро буд. Ба дастаи ғолиб 90 ҳазор евро (ба варзишгарон - 72,000 евро ва ба мураббиён - 18,000 евро), барои ҷойи дуюм 60 ҳазор евро (ба варзишгарон - 48,000 евро ва ба мураббиён - 12,000 евро), барои ҷойҳои сеюм 25 ҳазор евроӣ (ба варзишгарон - 20,000 евро ва ба мураббиён - 5,000 евро) тақдим гардид.
Аммо варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни дастаҳои омехта ширкат надоштанд.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 13-19-уми июн дар Будапешт доир гардид, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.
Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило ба даст овард. Дарвоқеъ, ин аввалин ва ягона медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст.
Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.
Натиҷаи нишондодаи Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт қобили қайд аст. Вай дар вазни то 100 кило мақоми ҳафтумро касб кард.
Аммо панҷ гуштигири тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров – ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кило - дар даврҳои интихобӣ аз рақибонашон ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон дар пойтахти Маҷористон 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари олам иштирок карданд.
Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо), ки аз ҳисоби варзишгарони русиягӣ иборат буд, бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Италия бо касби ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра, ду нишони биринҷӣ ва як мақоми ҳафтум дар байни 93 кишвар ҷойи ҳафтумро азони худ кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро) - қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Дар маҷмуъ, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон панҷ медал гирифтаанд, ки яктоаш нишони нуқра ва чаҳортоаш биринҷист.