Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ниммарафони XV байнулмилалӣ доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ниммарафони XV байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 19-уми апрел дар Душанбе баргузор мегардад, дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.

Ниммарафони XV байнулмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар мегирад, аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба поён мерасад.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафон XV байнулмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ихтисос додааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол мекунанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 16 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 14 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 11 500 сомонӣ.

Ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км медаванд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байнулмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байнулмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Аммо соли 2020 ниммарафони байнулмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Дар умум дар чаҳордаҳ даври ниммарафони байнулмилалии Душанбе дар байни мардон давандаҳои Узбекистон 4 бор, Эфиопия 3 бор, Кения, Русия ва Украина дуборӣ, Қазоқистон 1 бор; дар миёни занон бошад, намояндагони Қирғизистон 5 бор, Русия 4 бор, Узбекистон 3 бор, Беларус ва Эфиопия якборӣ ғолиб шудаанд.

Соли гузашта дар ниммарафони XIV байнулмилалии Душанбе байни мардон Виталий Шафа аз Украина бо натиҷаи 1:04,37 ва миёни занон Азизахон Мирзоакбароваи узбекистонӣ бо натиҷаи 1:18,44 пирӯз гардида буданд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар таърихи ниммарафони байнулмилалии Душанбе ҷойи дувум миёни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.

Ҳамаи ғолибони ниммарафони байнулмилалии Душанбе:

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022 - Тоо Лазарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2024 - Виталий Шафа (Украина).

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Узбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

2023 - Екатерина Тунгускова (Узбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG