Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд


Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 28-уми сентябр то 8-уми октябр дар Озарбойҷон баргузор мешаванд, ба ин кишвар сафар карданд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ба ҳайати варзишии кишвар дар ин Бозиҳо 208 нафар, аз ҷумла 142 варзишгар, 59 нафар масъулину мураббиён ва 7 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма дохиланд.

Мадина Қурбонзода, барандаи медали тилои қаҳрамонии ҷудои Осиё байни духтарон парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ мебошад.

Чунонки сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳи ИДМ хабар додааст, мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ баргузор мешавад. Ганҷа шаҳри асосии мусобиқот хоҳад буд, ки дар он маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии бозиҳо доир мегардад.

Шумораи аз ҳама зиёди варзишгаронро дастаи мизбон - мунтахаби Озарбойҷон - ташкил медиҳад, ки аз 349 варзишгар иборат аст. Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия 263, Қазоқистон 259, Узбекистон 257, Беларус 255, Туркманистон 170, Тоҷикистон 142 ва Қирғизистон 85 варзишгар дохиланд.

Ба ғайр аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Бозиҳои сеюм иштироки варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ низ дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии ҳайатҳои вакилон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ наздики 3000 нафар, аз он ҷумла ҳудуди 2000 варзишгарро ташкил хоҳад дод. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо варзишгарони то 23-сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон дар 18 намуд: бадминтон, баскетбол, батут, бокс, волейбол, гимнастика, гуштии озод, гуштии юнону румӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таеквондо WT, тирандозӣ, футбол, шамшербозӣ, шиноварӣ ва ҷудо иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Дар Бозиҳои I кишварҳои ИДМ мунтахаби Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 нишони тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб гашт.

Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он буд, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд бори аввал медали тилло бигиранд. Медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 килограмм овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG