Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ


Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ
Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ

Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо иштироки беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам, аз он ҷумла Тоҷикистон, аз рӯи 23 намуди варзиш то 21-уми ноябр идома хоҳанд кард.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, 6-уми ноябр варзишгарони тоҷик - Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило - ду медали биринҷӣ гирифтанд. Ин аввалин медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ мебошад.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки 8-уми ноябр дар Риёз баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд. Дар сабқати занон Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило бо медали нуқра ва Абубакр Шеров дар байни мардон дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот 147 варзишгар (84 мард ва 63 зан) аз 32 кишвари се қора иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар миёни занон) намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали рақобатҳо дар мусобиқаи мардон Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кило ва дар миёни занон Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило бе медал монданд.

9-уми ноябр боз се нафар - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг),
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – ба рақобат байни мардон мепардозанд.

Гуштигирони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти ҷудои дастаии омехта аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз 10-уми ноябр доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки дар се бозии марҳилаи гурӯҳӣ аз тими Афғонистон бо ҳисоби 5:9, аз мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 1:7 ва тими Эрон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд, ба даври баъдӣ роҳ наёфт.

Дар гурӯҳи “В” Марокаш бо 7 имтиёз зинаи аввалро касб карда, ба финал баромад. Эрон, ки бо 5 имтиёз зинаи дуюмро азони худ кард, барои ҷойи сеюм талош мекунад. Афғонистон бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охир ҷойгир шуданд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал, аз он ҷумла 145 нишони тило, гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Эрон бо касби 133 медал ҷойгоҳи севумро соҳиб шуданд.

Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 18 медал (1 нишони тило, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG