Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳудуди 200 варзишгар (мардон ва занон) аз беш аз 20 кишвар дар 16 вазн рақобат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил буд.
Аввалин медалро дар ин мусобиқа ба дастаи Тоҷикистон Наврӯзи Каримзод дар вазни то 74 кило овард. Вай пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Эстония, Молдова ва Эрон ба финал роҳ ёфт, аммо дар даври ниҳоӣ аз Жумажан Кожамбекови қазоқ мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Ҳайдар Саидкабирзода дар вазни то 82 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар чорякфинал Умед Эсановро аз Узбекистон ва дар даври ниманиҳоӣ Строкаи лаҳистониро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар финал Ҳайдар аз Ерсин Сейтказинови қазоқ шикаст хӯрда, медали нуқра гирифт.
Ҳақназар Назаров, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд,. дар даври дуюм Александр Мармелюки эстониро мағлуб кард. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Фукуии ҷопонӣ ғолиб омад, аммо дар финал аз Айдос Галимови қазоқ ноком шуда, барандаи медали нуқра гардид.
Дадахон Қурбоналиев дар вазни беш аз 100 кило ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт. Ӯ рақобатро аз даври ниманиҳоӣ шуруъ карда, аз Нурдавлат Жарилгапови қазоқ ноком шуд. Баъдан паҳлавони тоҷик дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Саҷҷоди Фард аз Эрон пирӯз гашт.
Сомон Аламов дар мубориза барои нишони биринҷӣ дар вазни то 60 кило ноком шуд. Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кило ва Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 100 кило дар даври аввал шикаст хӯрданд.
Бояд зикр намуд, дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куреси қазоқӣ, ки моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, доир гардид, паҳлавонони тоҷик Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило медали тило ва Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 82 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Курес куштии миллӣ ва яке аз намудҳои қадимаи қазоқҳо ба шумор меравад. Дар Қазоқистони муосир ин намуди якҳарба маъруфияти беандоза касб кардааст ва мусобиқа дар рӯзҳои ид ва тантанаҳо баргузор мегардад.
Куреси қазокӣ аз лиҳози техникӣ ба куштии кураш ё камарбандии тоҷикӣ монанд аст. Бархе аз усулҳои курес ба куштии самбо дохил шудааст.
Зимнан, соли 2016 ЮНЕСКО бо зикри таъсири таҳкими муносибатҳои байни ҷомеа бар асоси принсипҳои таҳаммулпазирӣ, некхоҳӣ ва ҳамбастагӣ, куреси қазоқиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кар.
Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи куреси қазоқӣ дар Деҳлии Ҳиндустон::
Мардон
-55 кг 1. Бекжан Толепов (Қазоқистон) 2. Хуршедбек Чориев (Узбекистон) 3. Баблу Кумар (Ҳиндустон)
-60 кг 1. Мейржан Берекетов (Қазоқистон) 2. Георгий Инашвили (Гурҷистон) 3. Эйваз Бахшиев (Озарбойҷон)
-66 кг 1. Нур Амоншукуров (Қазоқистон)
2. Гиги Отиашвили (Гурҷистон) 3. Аркадиуш Яъқуб Макаревич (Лаҳистон) 3. Ҳимат Кумар (Ҳиндустон)
-74 кг 1. Жумажан Кожамбеков (Қазоқистон) 2. Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон) 3. Ҳоҷиалӣ Қосимов (Озарбойҷон) 3. Матэас Трилляерв (Эстония)
-82 кг 1. Ерсин Сейтказинов (Қазоқистон) 2. Ҳайдари Саидкабирзода (Тоҷикистон) 3. Умед Эсанов (Узбекистон) 3. Абдулло Абдуллоев (Озарбойҷон)
-90 кг 1. Айдос Галимов (Қазоқистон) 2. Ҳакназар Назаров (Тоҷикистон) 3. Ярослав Шварноветски (Лаҳистон) 3. Александр Мармелюк (Эстония)
-100 кг 1. Ерсултан Музаффаров (Қазоқистон) 2. Баҳриддин Абдураимов (Узбекистон) 3. Зураб Чагелишвили (Гурҷистон) 3. Томаш Павел Шепаняк (Лаҳистон)
+100 кг 1. Муҳсин Ҳисомиддинов (Узбекистон) 2. Нурдавлат Жарилгапов (Қазоқистон) 3. Онисе Бугадзе (Гурҷистон) 3. Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон)
Гуфтугӯ