Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» дар як нишасти хабарии марбут ба тарҳи «CАSA-1000» гуфт, аз чор кишвари дахил дар ин тарҳ ҳаъати Покистон аз моҳи ноябр ба ин сӯ ба далели вазъи сиёсии он кишвар дар нишастҳои гурӯҳи корӣ ширкат надорад: «Мо бояд то соли 2013 кулли шартномаҳоро тасвиб ва қарордодҳои қарзӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявиро имзо мекардем. Аммо Покистон ҳоло ба интихоботи парлумони нав тайёрӣ мебинад, ки баъдан кобинаи нави ин кишварро ташкил хоҳад дод. Танҳо баъди ташкили ҳукумати нави Покистон ҳайати нави музокиравӣ аз ин кишвар тасдиқ шуда ва музокироти тарҳи CАSA-1000 аз сар гирифта хоҳад шуд».
Тарҳи «CASA -1000» ҷузъе аз тарҳҳои минтақавии қувваи барқи Осиёи миёнаву ҷанубӣ CASAREM буда, кашидани хатти барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон то Афғонистону Покистон, таҳияи шароит барои рушди иқтисодии ин ду кишвар ва табъан боз кардани бозори барқи Осиёи ҷанубӣ барои кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳадаф дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Гулов, арзёбии фанниву иқтисодии тарҳи CАSA-1000-ро як ширкати кандагӣ анҷом дода, хароҷоти барномаро 953 миллион доллар баровард кардааст.
Тибқи тавофуқ, ҳар кишвар бунёди қисмати ин хатти барқ дар қаламравашро бар ӯҳда мегирад Тоҷикистон бояд се нуқтаи хатти баландшиддати CАSA-1000 -ро дар қаламраваш бунёд кунад, ки якумаш аз сарҳади Қирғизистон то наздикии шаҳри Худҷанд, дувумаш аз зеристгоҳи Регар то Сангтӯда ва хатти севум аз нирӯгоҳи Сангтӯда то сарҳади Афғонистон кашида мешавад. Хатти баландшиддат аз Хуҷанд то зеристгоҳи Регар алакай вуҷуд дорад.
Ба таъкиди Рашид Гулов, дар назар аст, ки тавассути хатти CАSA-1000 дар тӯли панҷ моҳи фасли гармо Қирғизистону 2 миллиард ва Тоҷикистон то 5 миллиард киловатт- соат ба Покистон барқ бифурӯшанд: «Тоҷикистон вобаста ба сероб ё камоб омадани сол дар фасли гармо ба миқдори аз 3 то 5 миллиард киловатт- соат барқро беҳуда аз обанборҳои нирӯгоҳҳояш мепартояд. Агар мо тавонем, 3 миллиард киловатт- соат барқро ақалан бо нархи 4- сентӣ ба кишварҳои хориҷӣ бифурӯшем, Тоҷикистон солона 120 миллион доллар фоидаи соф хоҳад гирифт.»
Барои сохтани танҳо қисмати тоҷикистони хатти барқи CASA -1000 270 миллион доллар лоим будааст. Душанбе мехоҳад ин маблағро аз Бонкӣ ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд, ки ба гуфтаи оқои Гулов, ба сармоягузории ин тарҳ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд, ба даст биорад. Русия низ аз тариқи фонди ЕврАзЭС майлаш барои таъмини молии ин тарҳро дар расонаҳо эълон кардааст, афзуд Рашид Гулов. Тибқи нақша, қарор аст, сохтмони ин хатт соли 2014 оғоз шуда, бояд то соли 2017 анҷом ёбад.