Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти дастаҳо дар даври дуюми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 14-16-уми март баргузор шуданд.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Бо сабаби омода набудани майдонҳо ҳамаи бозиҳои даври дуюми мусобиқаи лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Нахуст 14-уми март бозӣ байни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор шуд. Голи ягонаи дар дақиқаи 83-юми дидор ба дарвозаи “Равшан” задаи Махтумов тақдири бозиро бо ҳисоби 1:0 ба нафъи хуҷандиҳо ҳал кард.

Баъдан шоми ҷумъа “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди “Истиқлол” ба поён расид. Голҳои мизбононро Содиқҷон Қурбонов (дақиқаи 77-ум) ва Манучеҳр Ҷалилов (34, аз пеналти) заданд. Голи меҳмононро Квадво Фримпонг (87) ба самар расонд.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи шанбеи 15-уми март барпо гардид. Рақобат байни дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо пирӯзии дастаи нави лигаи олӣ бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Ҷаъфар Исмоилов, бозигари “Ҳулбук”, дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

“Вахш”-и Бохтар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои “Вахш”-ро Сиёвуш Асроров (5) ва Дмитро Билоног (37) заданд. Голи “Хуҷанд” ба Давронҷон Эргашев (67) марбут аст.

Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбеи 16-уми март сурат гирифт. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ аз КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҳарсе голро дар нимаи аввали дидор Ҷонибек Шарипов (3), Ҳабибов (14) ва Лукас Кевин (34) заданд.

“Ҳосилот”-и Фархор аз “Барқчӣ”-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Голҳоро Азизбек Далиев (38), Фредрик Асанте (45+1) ва Меҳрубон Ҳамидов (83) ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои КМВА, “Вахш”, “Ҳулбук” ва “Истиқлол” бо шашимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои аз якум то чаҳорумро касб кардаанд. Се даста – “Хуҷанд”, “Ҳосилот” ва “Панҷшер” – бидуни имтиёз дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 28-29-уми март баргузор шуда, КМВА бо «Ҳулбук», «Барқчӣ» бо «Панҷшер», «Истаравшан» бо «Эсхата», «Вахш» бо «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол» бо «Ҳосилот» ва «Равшан» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ. Даври дуюм

14-уми март (ҷумъа)

“Эсхата” - «Равшан» - 1:0

Гол: Махтумов, 83

Аз майдон хориҷ шуд: Шавқиев (“Эсхата”), 68

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ” - 2:1

Голҳо: Қурбонов, 77, Манучеҳр Ҷалилов, 34 (пеналти) - Фримпонг, 87

Аз майдон хориҷ шуд: Окоро (“Истиқлол”), 90+8

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

15-уми март (якшанбе)

“Ҳулбук” - «Истаравшан» - 1:0

Гол: Исмоилов, 88

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Хуҷанд” - “Вахш” - 1:2

Голҳо: Эргашев, 67 – Асроров, 5, Билоног, 37

Аз майдон хориҷ шуд: Сердюк (“Хуҷанд”), 90+3

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

16-уми март (якшанбе)

“Панҷшер” - КМВА – 0:3

Голҳо: Ҷонибек Шарипов, 3, Ҳабибов, 14, Кевин, 34

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Ҳосилот” - “Барқчӣ” – 0:3

Голҳо: Далиев (38), Асанте (45+1), Ҳамидов (83)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1КМВА (Душанбе)22005-16
2“Вахш” (Бохтар)22005-26
3«Ҳулбук» (Восеъ)22003-06
4 “Истиқлол” (Душанбе)22003-16
5«Барқчӣ» (Ҳисор)21013-13
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)21012-23
7«Эсхата» (Хуҷанд)21012-33
8 “Равшан” (Кӯлоб)20111-21
9«Истаравшан» (Истаравшан)20111-21
10 «Хуҷанд» (Хуҷанд)20021-30
11«Ҳосилот» (Фархор)20021-50
12«Панҷшер» (Балхӣ)20020-50

Даври сеюм

28-уми март (ҷумъа)

КМВА – «Ҳулбук»

«Барқчӣ» – «Панҷшер»

«Истаравшан» – «Эсхата»

29-уми март (шанбе)

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Ҳосилот»

«Равшан» – «Хуҷанд»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG