Ин бозӣ дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 шоми 3-юми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.
Дар нимаи аввали дидор, дар рақиқаи 24-ум, Сиёвуш Назаров, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Арсений Гуревич, бозигари меҳмонон, дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 54-ум зад.
Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 75-ум Артур Мудранов аз дастаи Русия аз майдон хориҷ ва шумораи бозигарони русиягӣ як нафар кам шуд.
Бозии дуюми дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Русия рӯзи ҷумъаи 6-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад.
Бозиҳои дӯстона
Тоҷикистон (U-16) - Русия (U-15) – 1:1
Голҳо: Сиёвуш Назаров, 24 (1:0). Арсений Гуревич, 54 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Артур Мудранов (Русия), 75.
3-юми июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
6-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 19:00
Тоҷикистон (U-16) - Русия (U-15)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2025 дар шаҳри Тошканд ғолиб шуд.
Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир гардид.
Гуфтугӯ