Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бисёр ноодилона аст." Мардум дар Тоҷикистон чанд соат барқ доранд?


Маҳмадумар Асозода
Маҳмадумар Асозода

"Аз соати 8-и пагоҳӣ то 17 ва аз 22 то 5-и субҳ барқ хомӯш карда мешавад. Дар соатҳои дигар мардум бо барқ таъмин ҳастанд."

Бо ин суханҳо Маҳмадумар Асозода, раиси "Барқи Тоҷик", рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сокинони кишвар тибқи нақшаи муқарраршуда барқ мегиранд.

Рӯзноманигор Фирӯза Сатторӣ дар ҳамин нишаст гуфт, ки дар шаҳраки Айнӣ, ҳамагӣ 6 километр дур аз шаҳри Душанбе, камтар аз реҷаи муайяншуда нерӯи барқ доранд. Вай ин ҳолатро "ноодилона" номид.

"Ҳар бегоҳ, соати 20:20 аллакай барқ хомӯш карда мешавад. Наход. Ақаллан даҳ ё ёздаҳ бошад. Ҳаво ба дараҷае сард мешавад, ки устухонҳо месӯзад. Имсол масъалаи тақсимоти нерӯи барқ бисёр ноодилона аст," - изҳор дошт Фирӯза Сатторӣ.

Хабарнигорон ҳамчунин аз раҳбарияти “Барқи Тоҷик” пурсиданд, ки дар ҳоле ки ширкат мегӯяд, истеҳсоли барқ дар кишвар афзоиш ёфта, талафот ва содироти он кам шудааст, чаро мардум ҳамоно бо мушкили норасоии барқ рӯбарӯ ҳастанд. Асозода ин душвориро ба зимистон ва коҳиши об дар обанборҳо рабт дод.

“Истеҳсоли нерӯи барқ дар тӯли сол зиёда аз 700 миллион киловатт боло рафт. Аммо норасоии нерӯи барқ ин мавсимӣ, дар давраи тирамоҳ, зимистон ба назар мерасад. Аз моҳи апрел ва то моҳи сентябр ягон маҳдудият дар мамлакат ҷорӣ карда намешавад”, - афзуд раиси “Барқи Тоҷик”.

Бо вуҷуди ин, шикоятҳо аз нақшаи интиқоли барқ зиёданд. Як корбар аз ноҳияи Шаҳритус дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навиштааст, ки онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4 соат барқ мегиранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2024 дар кишвар беш аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид шудааст, се дарсад зиёдтар нисбат ба соле пеш. Талаботи солонаи Тоҷикистон дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Кишвар дар соли 2024 ба беш аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷ барқ содир кардааст.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз истиқлоли Тоҷикистон, масъалаи таъмини аҳолӣ бо барқ, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон, яке аз мушкилоти ҳукумат мондааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки дар соли 2027 онро ҳал хоҳанд кард.

Назари мардум дар бораи камбуди барқ:

"Барқ нест, шароит дар баландошёнаҳо вазнин аст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
XS
SM
MD
LG