Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси аҳамияти имзои муҳоҷирон дар интихоботи Тоҷикистон. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Имрӯз доир ба интихоботи президентӣ суҳбат мекунем ва дар бораи онки то чӣ ҳад ҳуқуқи муҳоҷиронро дар он ба назар мегиранд.

Гузориши Радиои Озодӣ доир ба онки даъвогарони курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон байни муҳоҷирон нарафтаву барои сабти номзадиашон имзо ҷамъ наоварданд, баҳси ҷолибе барангехт.

Намояндагони баъзе аз довталабони курсии президент гуфтанд, ки коронавирус иҷоза надод, ба Русия раванду имзои муҳоҷиронро ҷамъ кунанд, баъзеи дигар гуфтанд, зарурати ҷамъоварии имзои муҳоҷиронро надоштанд.

Як корбаре дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки муҳоҷирон барои онҳо аҳамият надоранд ва барои ҳамин касе ба суроғашон наомадааст. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро “Муҳоҷир” муаррифӣ кардааст: “Муҳоҷирони тоҷикро кай ва дар куҷо одам ҳисоб карда буданд, ки имрӯз аз онҳо мепурсанд. Мекушанд, масхара мекунанд, фиреб медиҳанд. Ягон бор намояндагони давлат ҳимоят накардаанд. Мо муҳоҷирон ғулом гаштаем. Гап занӣ, хоин мегӯянд.”

Корбари дигаре бо номи “Муҳоҷири Босавод” низ гуфтааст, ки агар раъйи муҳоҷирон барои довталабони курсии раиси ҷумҳур зарур мебуд, коре карда, ба назди онҳо меомаданду имзояшонро мегирифтанд. Шарҳаш чунин аст:

“Агар дар фикри мо муҳоҷирон мешуданд, дар ҳамон ватан ҷойи кор месохтанд, ки инҷо намеомадему азобу машаққат намекашидем. Барои ягон номзад на имзои мо даркор аст, на овози мо. Муҳоҷирон як табақаи беҳуқуқ буданд ва касе ҳам аз онҳо намепурсад, ки биёед ва моро дастгирӣ кунед.»

Корбари дигаре бо номи “Фархорӣ” низ бо ҳамин мазмун шарҳи кӯтоҳе гузошта, гуфтааст, раъйи онҳо ба касе даркор нест. Ӯ чунин навиштааст: «Муҳоҷири тоҷик як шахси бесоҳиб аст. Ҳуқуқи ӯ ҳамеша поймол аст. Овози ӯ ҳам барои ҳукумат зарур нест.»

Андешаҳои дигар низ ҳаст, ки муҳоҷирон худашон сабаб мешаванд, ки касе ба ҳаққу ҳуқуқи онҳо аҳамият надиҳад ва зиндагиашон ҳам беҳтар нашавад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки худро «Донишманд» муаррифӣ кардааст:

«Ман ҳам муҳоҷирам, лекин айби худи мо низ ҳаст. На китоб мехонем, на як зарра дар бораи ҳуқуқи худамон фикр мекунем, ки чӣ ҳақ дорем, ё надорем. Мебинам рафиқонамро ба ҷойи хондани ягон чизи даркорӣ, ёд гирифтани забони русӣ масхарабозиҳои блогерҳоро тамошо мекунанд, баъд пагоҳ политсия мегирадашон, ҳеч чиз гуфта наметавонанд.»

Барномаро дар инҷо бинед:

Баҳси аҳамияти имзои муҳоҷирон дар интихобот дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Корбари дигаре ҳам бо номи «Дурандеш» ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки сари ҳаққу ҳуқуқи худ андеша кунанд ва нисбат ба корзорҳои сиёсӣ ба мисли интихобот бепарво ва ё бетафовут набошанд, дар акси ҳол аз муҳоҷирату дурӣ аз фарзандону волидон халос намешаванд.

Шарҳи «Дурандеш» чунин аст: «Муҳоҷирони азиз. Як чизро фаҳмед, ки ҳаққи худатонро надонед, дар бораи ояндаатон фикр накунед, ҳамингуна азоб кашида мегардед. Шуморо истифода мебаранд, пулатонро мехӯранд, саргардон мекунанд. Баъзеи шумо мегӯед, ки ба ман интихобот даркор нест. Маънии гуфтаатон ин аст, ки барои шумо муҳим нест, ояндаатон чӣ мешавад. Боз ба ҳамин Русия меоед, азоб кашида мегардед, ё дар Тоҷикистон як кори ҳалол меёбеду пеши зану фарзандатон роҳат зиндагӣ мекунед.»

Дурандеш рост мегӯяд, ё не. Агар ҳамфикраш ҳастед, ё не ба мо нависед. Вотсапу Вайберу Телеграму Имо дорем.

XS
SM
MD
LG