Дар даври шашуми мусобиқот “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Барқчӣ” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин ғалабаи панҷуми душанбегиҳо дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Панҷ бозии дигари даври шашуми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Ҳулбук» (Восеъ) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 1:2, «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - Эсхата» (Хуҷанд) – 1:1, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – “Равшан” (Кӯлоб) – 1:1, «Ҳосилот» (Фархор) - «Истаравшан» (Истаравшан) -– 1:1, КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) - «Вахш» (Бохтар) - 1:2.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври шашум дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 16 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 14 имтиёз ҷойи дуюм ва “Равшан” бо 11 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардаанд.
Ду даста - “Истиқлол” ва “Вахш” – то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. Се даста – “Истаравшан”, “Ҳосилот” ва “Панҷшер”, ки – пирӯзӣ ба даст наовардаанд, дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.
Мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи “Ҳосилот” истеъфо дод. Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи ноҳияи Фархор хабар додааст.
“Ҳосилот” зери раҳбарии Амин Субҳонӣ дар шаш даври мусобиқот пирӯзӣ ба даст наовард. Фархориҳо аз КМВА (1:2), “Барқчӣ” (0:3), “Равшан” (1:2) мағлуб шуда, бозиҳоро бо “Истиқлол” (1:1), “Вахш” (1:1) ва “Истаравшан” (1:1) мусовӣ карданд ва ҳоло бо касби 3 имтиёз дар зинаи 11-уми ҷадвали мусобиқот қарор доранд.
Бояд зикр намуд, ки ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик исми сармураббии нави “Ҳосилот” эълон хоҳад шуд.
Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқот рӯзҳои 25-27-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа «Хуҷанд» бо «Барқчӣ», рӯзи шанбе «Эсхата» бо «Истиқлол», «Равшан» бо «Ҳулбук», рӯзи якшанбе «Истаравшан» бо “Вахш”, «Регар-ТадАЗ» бо КМВА ва «Ҳосилот» бо «Панҷшер» рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 6-ум
«Ҳулбук» - «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Дэвид Мавутор, 24 (0:1). Хайриддин Турахонов, 31 (1:1). Пол Комолафе, 74 (1:2).
Аз майдон хориҷ шуд: Дэвид Мавутор («Хуҷанд»), 68 – барои таҳқири сардовар.
Беҳтарин бозигари дидор: Сергей Тсканян («Хуҷанд»).
Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).
18-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена». 3500 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» - «Эсхата» – 1:1
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 65 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – аз пеналти (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Мануэл Пани («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
18-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 500 тамошобин.
«Панджшер» - «Равшан» – 1:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 18 (0:1). Фирдавс Алиназаров, 82 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуданд: Сорбон Ғиёсов («Равшан»), 65 – ҳарифро аз имконияти хуби голзанӣ маҳрум кард, Фирдавс Алиназаров («Панҷшер»), 90+2 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Алиназаров («Панҷшер»).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
19-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин
«Ҳосилот» - «Истаравшан» – 1:1
Голҳо: Ҷозеф Акомади, 28 (1:0). Сардорбек Саидов, 56 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷозеф Акомади («Ҳосилот»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
19-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин
КМВА - «Вахш» – 1:2
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 14 (0:1). Абдухалил Боронов, 51 (1:1). Сиёвуш Асроров, 61 – аз пеналти (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
20-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 800 тамошобин
«Барқчӣ» - «Истиқлол» – 0:1
Гол: Ҷошуа Акпуҷе, 56.
Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
20-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 350 тамошобин
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Д | Б | Ғ | Б | М | Т | И |
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 6 | 5 | 1 | 0 | 10-3 | 16 |
2 | «Вахш» (Бохтар) | 6 | 4 | 2 | 0 | 11-5 | 14 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 6 | 3 | 2 | 1 | 10-5 | 11 |
4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 6 | 3 | 0 | 3 | 7-9 | 9 |
5 | КМВА (Душанбе) | 6 | 2 | 2 | 2 | 10-8 | 8 |
6 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 6 | 2 | 2 | 2 | 8-6 | 8 |
7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 6 | 2 | 2 | 2 | 11-10 | 8 |
8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 6 | 2 | 2 | 2 | 8-8 | 8 |
9 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 6 | 2 | 1 | 3 | 7-9 | 7 |
10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 6 | 0 | 3 | 3 | 6-10 | 3 |
11 | «Ҳосилот» (Фархор) | 6 | 0 | 3 | 3 | 5-10 | 3 |
12 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 6 | 0 | 2 | 4 | 1-11 | 2 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Равшан») – 5 тӯб, Нуриддин Ҳамроқулов, Дмитрий Билоног (ҳарду аз «Вахш») – 4-тӯбӣ, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Шаҳбоз Ҳабибов (КМВА), Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»), Охетунде Олаолува Аянвале («Равшан»), Азизбек Далиев («Барқчӣ») – 3-тӯбӣ.
Даври 7-ум
25-уми апрел (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Хуҷанд» – «Барқчӣ»
26-уми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:30
«Эсхата» – «Истиқлол»
26-уми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Равшан» – «Ҳулбук»
27-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Истаравшан» – «Вахш»
«Регар-ТадАЗ» – КМВА
«Ҳосилот» – «Панҷшер»
Гуфтугӯ