Маҷаллаи сайёҳии “Atlas Obscura”, марказааш дар Ню-Йорки Амрико рӯзи 14 апрел матлаби муфассалеро дар бораи боғи беназири сокини 56-солаи рустои Ҷафри ноҳияи Рашт Мирзошоҳи Акобир ба нашр расонд. Муаллиф Ҷо Шотенфелд, ки ҳамроҳ бо аксбардор Тим Браун ба Рашт сафар кардааст, боғи бунёдкардаи Мирзошоҳи Акобирро “маъруфтарин боғи Тоҷикистоне” меномад ва мегӯяд, ин боғ аз дигар боғҳои маъмулии водии Рашт комилан фарқ мекунад.
Маҷалла аз ҷумла менависад, ки дар боғи Мирзошоҳи Акобир 52 навъи мухталифи дарахти себ, 37 навъи нок, 24 навъи зардолу, ҳамчунин садҳо бех дарахти шафтолу, тутҳои сафеду сиёҳ, чормағз ва навъҳои гуногуни гелос мерӯянд.
Нуқтаи дигари ҷалби таваҷҷӯҳ барои хабарнигорон ғарбӣ осорхонаи таърихиву кишваршиносиест, ки Мирзошоҳи Акобир дар дохили боғаш созмон додаву садҳо намунаи осори таърихӣ, аз ҷумла “Қуръон”-еро, ки муқовааш аз пӯсти оҳуст, сикаҳову қолинҳо ва гулдӯзиҳои қадима ва шамшеру хуму кӯзаҳои бостониро дар он гирд овардааст.
Боғи беназири Мирзошоҳи Акобир, бино ба гузориши ин маҷалла, ба як масири умдаи сайёҳони шавқманди тамошои водии Рашт табдил ёфтааст.
Мирзошоҳи Акобир рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти таваҷҷӯҳи афзояндаи сайёҳони хориҷӣ ба тамошои боғаш ӯ дар ин ҷо бошишгоҳе низ бино кард, то сайёҳон битавонанд шабашонро онҷо рӯз кунанд. Дар боғи Мирзошоҳи Акобир дар баробари осорхона як маркази ҳунармандӣ низ фаъолият мекунад.
Ӯ мегӯяд, ки боғи ботаникиаш дар майдони дувуним гектар доман густурдааст ва ӯву фарзандонаш бар илова дар 6 гектар замини доманакӯҳи лалмӣ бо истифода аз усули бобоӣ як боғи дигар низ бунёд кардаанд. Мирзошоҳи Акобир мегӯяд, боғдорӣ барои ӯ бештар на тиҷорат, балки ба хотири таҷриба, аз ҷумла бо роҳи пайванд кардани навъҳои мухталифи дарахтон аст.
Ӯ ҳамчунин дар боғаш аз баландкӯҳҳои Рашт чандин навъи дарахтони ёбоии бесамарро ҳам гирд овардааст: “Боғи ман шояд ягона боғи ботаникии шахсӣ дар тамоми Шӯравии собиқ бошад. Мо бо ин роҳ гӯё тамоми табиати водии Раштро дар як майдон ҷамъ кардем, то сайёҳоне ки тавон ё ҳавсалаи ба кӯҳҳои баланд баромадан надоранд, битавонанд ин ҳама зебоиҳои табииро дар ҳамин боғи мо тамошо кунанд. Мо аз кӯҳҳо дарахтҳои арчаи қаротегинӣ, зелол, шабарғ, сияҳдарахт, сарх ва ирғайро оварда, инҷо шинондем. Ин навъи дарахтон маъмулан дар баландии аз 1800 то 2700 метр аз сатҳи баҳр мерӯянд.”
Мирзошоҳи Акобир мегӯяд, ӯ ҳамин тавр, дар осорхонааш осори зиёди таърихиро ҷамъ овардааст: “Мо инҷо намунаҳое ҳам дорем, ки шояд ҳатто дар Осорхонаи миллӣ набошанд. Сиккаҳои зиёде аз даврони юнониҳову бохтариҳо ҷамъ кардаем. Дастпонаи хеле қадимае дорем, ки аз санг ё шиша сохтанаш ҳанӯз маълум нест. Мо инро аз дасти зане ёфтем, ки дар паҳлуи марде дар як гӯр дафн шуда буд. Мӯҳри мири Қаротегинро ҳам дорем инҷо.”
Мирзошоҳи Акобир аз чеҳраҳои хеле фаъол дар саҳнаи сиёсии ибтидои солҳои 90 буд ва раҳбарии ҷанбиши мардумии Растохезро дар водии Рашт бар ӯҳда дошт. Дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсиаш зиндонӣ ҳам шуд ва чанд сол дар муҳоҷират, асосан дар Алма-Атои Қазоқистон ба сар бурд.
Баъди бозгашт оромиши худро дар сохтани ҳамин боғ пайдо кард. Ӯ мегӯяд, ин боғаш ҳам бахше аз ҳамон ормонҳои миллиест, ки барояшон мубориза мебурд.
Мирзошоҳи Акобир барои ин боғи нодираш аз сӯи ҳукумат низ бо нишони давлатӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ шуда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ зимни як сафараш ба водии Рашт бо ин боғдори номдор ҳам мулоқот кард: “Эмомалӣ Раҳмон боре гуфта буд, ки “канӣ он себҳои машҳури Ғарм, ки ҳоло бозорҳоро себи Хитой зер кардааст? Ман ба ӯ гуфтам, ки мана, 63 навъи себи Ғарм ҳаминҷост – дар боғи ман.”
Мирзошоҳи Акобир мегӯяд, ҳоло ҳазорон нафар аз мардуми Тоҷикистон ҳарсол барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, вале на ӯ ва на ҳеҷ кадоме аз 6 фарзандаш ҳеҷ гоҳ дар фикри рафтан ба муҳоҷирати корӣ нашудаанд: “Ман безорам, ман намехоҳам, ки як қадам аз Ватан берун монам. 6 бача дорам, ҳамааш, шукри Худо, ҳаминҷо дар паҳлуи худам кор мекунанд. Нон ёфта хӯрда истодаем ҳаминҷо. Худованд ҳатто душманро мӯҳтоҷи нони ғарибӣ накунад. Ман намехоҳам, ки таҳқири онҳоро гӯш кунам, намехоҳам, ки таънаам кунанд. Ман мехоҳам, ки ҳамаи тоҷикҳо дар ҳамин Ватан соҳиби ҷои кор шаванд, ризқу рӯзиашонро ҳамин ҷо меҳнат кунанду ҳаминҷо биёбанд.”
Маҷаллаи “Atlas Obscura” қиссаи ин боғбони тоҷикро бо як тасвири ҷолибе ба поён мебарад. Мирзошоҳи Акобир ба хабарнигорони амрикоӣ порчаи заминеро нишон медиҳад, ки дар он ҳамагӣ чанд бех гелосу олуча мерӯяд. Ӯ мегӯяд, ки ба зудӣ инҷо боз як боғи нав хоҳад сохт.