Қимат шудани хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари воҳимаҳои марбут ба коронавирус хашму ғазаби корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварда, аксари шарҳнависон тоҷирон ва моликони фурӯшгоҳҳои орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро зери бори надомат гузоштанд, ки гӯиё аз нигаронии мардум сӯистифода карда, нархро боло бурданд ва даромади муфт мегиранд.
Бино ба хабарҳо, як ситоди вижае низ таъсис ёфт, ки аз кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситонии кул иборат аст. Қарор аст, масъулони ситоди навтаъсис фурӯшгоҳҳоро назорат кунанд ва нагузоранд нархи маҳсулот ба таври сунъӣ боло бурда шавад.
Дар миён тоҷире аз шаҳри Душанбе, ки як фурӯшгоҳи миёнаи маводи хӯрокворӣ дорад, бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва арз кард, ки нозирон аз ҷумла додситонҳо аз онҳо башиддат талаб доранд, ки нархро боло набаранд. Тоҷире, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ӯ ва даҳҳо ҳампешаи дигараш розӣ ҳастанд нархро боло набаранд ва бо ҳамон қимате, ки маҳсулот то кунун дошт, фурӯшанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, "ширкатҳои яклухтфурӯш фурсатро ғанимат шумурда, нархро боло бурданд ва чунин фурушандаҳо илоҷе ба ғайр аз итоат кардан надоранд".
Ин тоҷир хоҳиш кард, суханонаш ба мардум расонда шаванд.
Нақли тоҷир бидуни таҳрир:
"Аксарияти маводи хӯрокворӣ, шустушӯ ва ниёзи рӯзгорро, ки харидори зиёд дорад, дар Тоҷикистон ду ширкат таъмин мекунанд:
- ҶДММ "Таджеро"
- ҶДММ "Алика".
Ин ду ширкат қариб, ки ҳамаи маҳсулоти пурхаридорро дар ҷумҳурӣ монополия кардаанд (зери инҳисори худ даровардаанд).
Ширкати "Таджеро" воридоти чанд навъи маҳсулоти хушхарид, аз ҷумла равғани “Олейна”, “Злата”, нахуди сабзи “Бондуэл”, майонези “Провонсал”-ро зери даст дорад ва агар ширкати дигаре ҷуръат кунанд ин маҳсулотро аз хориҷа ворид кунад, “миёни ӯро мешикананд”. Хулоса намегузоранд.
ҶДММ “Алика” монополисти уребчаҳои “Эви бэйбӣ”, кетчупи “Риква”, “Гулшан”, маводи ороишӣ ва шампунҳои Schwarzkopf, Хеден Шолдерс, хокаи шустушӯии “Ариэл” аст.
Имрӯз намояндагони тиҷоратии ин ширкатҳои яклухтфурӯш нархи ҳама маҳсулотро аз дирӯз дида гаронтар ба мо пешниҳод доранд.
Масалан равғанҳои 5-литрии “Злата”, “Олейна” 56 сомонӣ буданд, ҳоло 60 сомонӣ кардаанд! Ҳамин тавр нархи ҳама маҳсулоти дигарро боло бурданд. Прокурорҳо аз мо талаб доранд, ки нархро боло набарем! Мо чӣ кор кунем?
Танҳо зӯрашон ба мо мерасад. Агар воқеан мехоҳанд нархҳоро танзим кунанд, раванд ҷилави ҳамин ширкатҳои бузургро гиранд!
Аммо намераванд, чун зӯрашон ба онҳо намерасад! Ёфтанд моро, “боми пастак”-ро. Намедонем чӣ кор кунем, миёни болғаву сандон мондаем..."
Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.