Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.

Натиҷаҳои интихоботро рӯзи душанбе эълон мекунанд

Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.

  • Дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда ҳаст;
  • 238 нафар барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рақобат карданд. 65 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва 173 нафар аз ҳавзаҳои якмандатиянд;
  • Аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ин интихоботи панҷуми порлумонӣ дар Тоҷикистон аст;
  • Нозирони байналмилалӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ надонистаанд.
  • Матолиб ва баҳси бештарро дар бораи интихобот дар инҷо хонед.
09:05 1.3.2020

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар қитъаи раъйдиҳии рақами 34-и шаҳри Душанбе овоз дод. Ҳизби ӯ ягона нерӯи мухолиф аст, ки дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунад. Ин ҳизб панҷ номзад барои ширкат дар ин интихобот пешниҳод кардааст. Зоиров пас аз раъй додан дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, умедвор аст, дар ин интихобот ҳизбаш порлумонӣ мешавад. "Аммо ин ба шаффофу демократӣ баргузор шудани интихобот бастагӣ дорад", - афзуд Зоиров.

Раҳматилло Зоиров ҳангоми раъйдиҳӣ
Раҳматилло Зоиров ҳангоми раъйдиҳӣ

09:30 1.3.2020

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки то соати 9-и субҳ дар саросари кишвар 23,4 дарсад ё 1 миллиону 150 ҳазор нафар раъй додаанд.

09:39 1.3.2020

Имсол дар дохили бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ барои хабарнигорон толори махсус ҷудо нашудааст. Барои пушиш ва бозтоби раванди интихобот аз КМИР барои хабарнигорон дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ ҷой ҷудо карданд. Дар ин толор ҳамагӣ як монитор гузошта шудааст, ки дар он гузоришҳои мустақими шабакаҳои давлатӣ аз ҷараёни интихобот пахш мешавад. Ба гуфтаи масъулини КМИР барои хабарнигорон интернети бесим ё WiFi дастрас мебошад, аммо дар соатҳои аввали интихобот, журналистони мустақил ва хориҷӣ ҳузур надоштанд. Аммо дар як толори дигари Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки махсус барои пахши мустақим шабакаи телевизиони давлатӣ омода шудааст, намояндагони КМИР натиҷаҳои интихоботро ҳар се соат эълон мекунанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.


09:53 1.3.2020

Дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд ва нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 бе ҳузури ин ҳизби мухолифи давлат баргузор мешавад. Аксарият интизор доранд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳизби ҳоким ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аксарияти 63 курсии Маҷлиси намояндагонро соҳиб мешавад. Дар интихобот шаш ҳизби хурди дигар аз ҷумла ҳизби мухолифи Сотсиал-демократии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ин ҳизб ба сабаби надоштани пули кофӣ, маҷбур шуд, аз феҳрасти ҳизбӣ на 8, балки 6 нафарро ба мақоми номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад. Гаравпулии интихоботӣ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад. Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори шинохта дар интихоботҳои гузашта натавонистааст, садди 5 дар саддиро убур карда, ба порлумон роҳ ёбад. Ҳизб мегӯяд, ки интихоботҳо шаффофу одилона сурат нагирифтаанд.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд. Таққалубкорӣ, аз ҷумла раъйдиҳии оилавӣ, пур кардани қуттиҳои раъй ва шумориши нодурусти раъйи мардум дар тамоми интихоботҳои гузашта вуҷуд доштааст. Ҳукумати Тоҷикистонро чанд соли ахир барои саркӯби мухолифон ва мунтақидону дигарандешон пайваста танқид мекунанд.

Ҳукумат соли 2014 Гурӯҳи 24, як созмони мухолифи давлатро гурӯҳи ифротгаро эълон кард ва фаъолияташро манъ намуд. Як сол баъд Ҳизби наҳзати исломиро ҳам созмони террористӣ эълон карданд. Ҳарду мегӯянд, ки ин иддаоҳо беасосанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳои мухолифи давлат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, аз тарафдоронашон хостаанд, ки ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG