Бозҷӯӣ дар баҳманмоҳи хунин ва
cабабҳои эҳтимолии ҷанги Тоҷикистон
Мафкураи тарафҳо
-------------------------------------------------------------
Зодрӯзи ҷанги Тоҷикистон номаълум аст...
Дар ҳоле ки он шояд аз зодрӯзи сулҳ дида ба маротиб муҳимтар бошад. Кай, кадомин лаҳза, дар куҷо -- оё дар кабинетҳои барҳаво ё рӯи курпачаҳои гирди дастархон, оё дар дохили кишвар ё берун аз он, дар шаҳри пуродам ё рустои дурафтода, оё аз ёр ё ағёр ё ҳарду, дар кадомин мағзҳои бемору тафсида ин нақша рехта шуд ва бо кадомин забонҳои хунранг ин амр дода. Ҳанӯз номаълум аст...
Бархе ҳисобро аз аввалин мушти гиребонгирифта меоғозад ва бархе аз нахустин садои тир, бархе аз аввалин кушташудагон ва бархи дигар аз аввалин санге ки шишаи қасри ҳукуматро шикаст. "Шишаи қасри ҳукумат" иборае ки аз шеъри дар он рӯзҳо гуфташудаи шоири тоҷик Бозор Собир ба ёдҳо мерасад:
Санги кафи мардум агар дар шишаи бино зада,
Санги ҳукуматро бубин дар шишаи дилҳo зада!
Гар сӯхт мардум ғуфрае, аслo надорам ман гила.
Вой аз ҳукумат, сӯхт дил! Дил аз ҳукумат пургила!
Ва аз рақибони Бозор Собир, донишманди тоҷик, яке аз сарони ҳайъати музокиракунандаи давлат дар гуфтушуниди сулҳ Иброҳими Усмон мегӯяд, аз ҳамон ибтидои рақобатҳои сиёсии охири солҳои ҳаштодум бӯю нафаси ҷанг кишварро фаро гирифта буд:
"Таффи ҷанг ҳанӯз аз солҳои 88-89 дар Тоҷикистон оғоз шуда буд. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ ва воқеъаҳои соли 1990 далал ба ин ки муқаддимаи ҷанг ва низоъи сиёсӣ ҳанӯз он вақт оғоз ёфта буд."
Ин ақидаро бархе аз коршиносони дигар низ пуштибонӣ мекунанд, вале ҳеч яке аз онҳо далелҳои қотеъи пайванди ин ду ҳодисаро пеш намегузорад. Нуралии Давлат, таърихшиноси тоҷик танҳо ба он ишора мекунад, ки ҳузури шӯравӣ ҷанги густарда дар Тоҷикистонро барои як муддати муайян мавқуф гузошта буд:
"Бо шурӯъ шудани воқеъаҳои февралӣ ҷанг дар кишвари мо шурӯъ шуд, аммо бо зӯри нирӯҳое ки аз дигар ҷамоҳир оварданд, қуюди шабгардӣ дар Душанбе то фурӯпошии шӯравӣ давом кард, дар соли 1992, вақте Тоҷикистон давлати мустақил шуд, ҷанг шиддат гирифт."
Агар рӯйдодҳои 12-18-уми феврали соли 1990-ро "муқаддима"-и ҷанг унвон кунем, яъне оғози як бӯҳрони ногувор, чаро тоҷикон натавонистанд, аз ояндаи бадтар аз баҳманмоҳи худ пешгирӣ кунанд? Ва ҳам оё метавон бо камоли бовар гуфт, ки ду ҳодиса бо фарқи дусола дар миён, яъне баҳманмоҳи хунин ва ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳам тафовути зиёд доранд?
Яке аз фаъолони оппозисюн, раиси радио дар ҳукумати муросои миллии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳайит ин тавр мегӯяд: "Агар мо солҳои 1989-90-ро пеши назар орем, солҳое буданд, ки мардуми тоҷик, миллати тоҷик доштанд бедор мешуданд ва пайи касби озодию соҳибистиқлол шудан аз империяи абарқудрати шӯравӣ муборизаҳо мекарданд. Аввалин ниҳодҳои истиқлолхоҳ ва озодипараст рӯи кор омада буданд ва ин тарсро дар вуҷуди ҳизби ҳокими онвақта, ҳизби коммунист эҷод карда буд ва Ҳизби коммунист дар саросари империяи шӯравии собиқ нақшаҳои саркӯб кардани нирӯҳои озодибахшу истиқлолхоҳро тарҳрезӣ карда буд ва як чунин сенарио дар Тоҷикистон бо дасти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва кӯмаки низомиёни рус амалӣ гашт."
Ин ақидаро шахсе тасдиқ мекунад, ки дар он солҳо корманди Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Абдулло Назаров пас аз ду соли рӯйдодҳои баҳманмоҳ ба нашрияи мустақили "Чароғи рӯз" телефон кард ва гуфт, иттилоъ ва асноде дорад, ки ба ин ҳодисаҳо рӯшанӣ меафканад. Вай он вақт зери исми мустаор изҳор дошт, ки рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990-ро дар Тоҷикистон Кумитаи амнияти давлатии шӯравӣ ташкил кардааст ва дарвоқеъ раҳбарияти Тоҷикистон аз чунин ҳодиса огаҳие надошт. Дертар розӣ шуд бо исм ва садои худаш инро бигӯяд:
"Барои нигоҳ доштани низоми ҳамондавра чунин воқеъаҳои хунину хунборро дар дигар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ ҳам созмон дода буданд. Чуноне ки ба мо маълум аст, воқеъаҳои Тифлис, воқеъаҳои январи 1990-и шаҳри Боку, воқеъаҳои моҳи июни соли 1990 дар Вилнюс, ки бо дасти хадамоти махсуси номбаршуда созмон дода буданд, фоҷиа ба ҳамин ранг буд."
Яке аз ширкаткунандагони фаъоли ин рӯйдодҳо, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон Бурӣ Карим мегӯяд, дарвоқеъ он ҳодисаҳо як ҳушдор ба ҳукумат буданд, як заминларзаи ногаҳонӣ ва такондиҳандае буданд, ки дареғ, сабақ нашуданд, роҳи наве дар пеш гирифта шавад. Дар ивази ин, баракс фосила миёни мардум ва ҳукумат ба маротиб васеътар шуд ва бадтар аз ҳама доғи хун дар миён афтод: "Баҳманмоҳ исбот намуд, ки ҳукумати Тоҷикистони онвақта ба доди мардум намерасад. Дар баҳманмоҳ ҳукумат ба хотири пойдор мондани системаву ҳизби коммунисту курсиҳои худ хуни ноҳақ рехт. Он вақт 25 нафар ҳалок гардид."
Кӯтоҳи ҳодиса ин аст, ки 11-уми феврал гурӯҳе аз аҳолии шаҳри Душанбе (таркибаш то ҳоло номаълум) дар як намоиши эътирозӣ талаб кард, ба арманиҳои бозмондаи заминларзаи Спитак дар Душанбе манзил дода нашавад. Вале шаҳрдорӣ баъдан гуфт, нақшаи додани манзил ба арманиҳо дар миён набудааст. Гуфтанд, ки ин як овоза ва баҳонае буд. Мӯътаризон то рӯзи дигар мӯҳлат доданд ва пароканда шуданд. 12-уми феврал, вақте онҳо дубора ҷамъ омаданд, намояндагони ҳукумат ба назди онҳо дер баромадаанд, дар ҳоле баромадаанд, ки издиҳом хашмгин шуда буд ва даст ба зӯроварӣ мезад. Ҳукумат аз Русия нирӯ ворид кард ва аз тири ҳарбиён беш аз 25 нафар ба ҳалокат расид. 13-ҳуми феврал даҳҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромад ва дар муқобили девори зиндаи ҳарбиёни рус қарор гирифт.
Дар ҳоле ки шоҳидони зиёд мегуфтанд, ҷавононе аз тири сарбозон кушта шудаанд, ҳукумат мегуфт, тирандозӣ аз миёни издиҳом сурат гирифтааст, зеро ҳарбиён гӯё тирҳои бегулӯла доштанд. Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари вақти Тоҷикистон баъд аз 15 соли ҳодиса низ дар сӯҳбате бо нашрияи "Азия Плюс" гуфт, аслан дар майдон касе кушта нашудааст, балки кӯдакеро, ки дар кӯҳсор ба ҳалокат расидааст, овардаанд ва гуфтаанд, дар шаҳр кушта шуд. Пас 24 ё 25 нафари дигар чӣ гуна кушта шуданд?
Се раҳбари аввали Тоҷикистон зери фишори мардум истеъфои худро эълон карданд, вале рӯзи дигар дар ҷаласаи васеъи фаъолони Ҳизби коммунист аз ин раъйи худ гаштанд.
Ба ақидаи бисёриҳо ин ақибнишинии раҳбарон бо пешниҳод ва пуштибонии Маскав ба амал омад ва аз тарафи раҳбари ҳизб Маҳкамов, раиси порлумон Паллаев ва сарвазир Ҳаёев як иштибоҳ болои иштибоҳ буд.
Яке аз раҳгузарон дар рӯзи 13-уми феврал ин тавр гуфта буд: "Арманиҳо баҳона шуданд, сабаби асосӣ норозигии халқ буд аз он ки раҳбаронаш вазъи онро ба хубӣ намедонанд, бо халқ рӯбарӯ шудан намехоҳанд, гуфтугӯ карда наметавонанд. Аммо ин бедодгариҳое ки ҳоло мебинем, кори дасти авбошону дуздон аст, ки бо истифода аз нооромӣ дуздӣ мекунанд ва ё фурӯшгоҳҳоро оташ мезананд."
Порлумони вақти Тоҷикистон як кумисюне таъсис дод, то ин рӯйдодҳоро таҳқиқ кунад. Бо пешниҳоди нирӯҳои демократӣ додситони ҷавон Сафаралӣ Кенҷаев муовини раиси ин кумисюн таъин гардид. Вай дертар гуфт: "Ба ақидаи ман он ҳодисаҳо решаи муайяне доштанд, шахсони ташкилкунанда, банақшагиранда ва шахсони иҷрокунандае доштанд."
Ҷаноби Кенҷаев ин суханонро замоне гуфт, ки ҷанги Тоҷикистон ба авҷи худ расида, рӯйдодҳои феврали 90-ро як шӯхии кӯдакона намудор мекард. Аммо ҳамсӯҳбати мо ошкоро ба мардуми, ба гуфтаи худаш, муайяне ишора мекард. Вале Муҳаммадалии Ҳайит мегуфт, сабабгори зӯроварӣ на мардум, балки ҳукумат буд ва на ҳукумати ҷумҳурӣ, ки, ба қавли ӯ, аслан салоҳияте надошт, балки ҳукумати дар ҳоли сакарот қарордоштаи Иттиҳоди шӯравӣ: "Яъне ин тарҳрезӣ, аз берун ки намебуд, ҳоҷат ба овардани дигарон набуд. Дар Тоҷикистон он замон аз милитсия, амният ва дигар кормандони вазоратҳои қудратӣ кам набуданд, вале беруниҳо омаданд, моро саркӯб карданд."
Муҳаммадайёз Навҷавонов он вақт вазири корҳои дохилӣ буд ва мегӯяд, ташкилкунандагони беназмиҳои соли 1990 ба воситаи афроди худ дар ҳукумат ва ҳизби коммунист аз аносири ҷиноӣ истифода карданд: "Яке рэкет мекунад, дигаре таҷовузгар аст, саввум дуздӣ мекунад, чаҳорум авбошӣ...Ҳамонҳоро махсус истифода бурданд. Ин ҳамаро ҷосусони беруна истифода бурданд ва сониян аз аҳмақию сустии тоҷикон истифода карданд."
Ва ноиби раиси кумисюни порлумонии таҳқиқи рӯйдодҳои баҳманмоҳ Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, кумисюн кори худро дуруст иҷро кард, аммо мақомоти адлия натавонистанд, аз ин ёфтаҳо истифодаи дуруст кунанд:
"Фикр мекунам, ки мақомоти тафтишот натавонист он вақт гиреҳи ин ҳодисаро кушояд. Натавонист, шахсони паси пардаро равшан намояд. Натавонист, он гунаҳкорони ҳақиқиро муайян кунаду ба ҷазо расонад. Фикр мекунам ин танҳо камбудии мақомоти тафтишотии ҳамонвақтаи мо буд."
Журналисти тоҷик ва яке аз осебдидагони рӯйдодҳои феврали 90, Имомназари Холназар дар бораи кори ин кумисюн чунин гуфта буд: "Ҳамон кумисюне ки бо роҳбарии Кенҷаев ташкил шуда буд, кори хуб кард. Ҳамон ҷо ҳақиқат пурра ҳам набошад, панҷоҳ ба панҷоҳ ҳаст. Он ҷо айби Маҳкамовро гуфта буд, ки ҳақ надошт, ки қуюди шабгардию дигар чизҳоро эълон кунад. Парондану мурдани одамону рӯйихати кушташудагону... ҳамааш буд."
Ва хулосаи зермавзӯъро аз собиқ вакили порлумони Тоҷикистон, бунёдгузор ва раиси собиқи созмони мардумии Растохез Тоҳири Абудҷаббор мешунавем: "То ба ҳол ташкилкунандагони ин ҳодиса, сабабҳои он, мақсадҳои ташкилкунандаҳо ва коргардонони ин ҳодиса ошкор нашуданд. Ҳайъати ҳукуматие ки таъсис шуда буд, мавзӯъро пурра равшан насохт. Дар ҷаласаи Шӯрои олӣ гузориши он кумисюн баррасӣ нашуд, танҳо сафҳаи аввал ва охири он хонда шуду бас."
Нигоҳе буд ба рӯйдодҳои феврали соли 1990, ки миёни мардум бо номи баҳманмоҳи хунин маъруфанд. Ин баррасӣ барои он зарур буд, оё бубинем, чи пайванде миёни он воқеъаҳо ва ҷанги солҳои 1992-97-и Тоҷикистон мавҷуд аст.
Вақте таърихнигорон аз рӯзҳову моҳҳову солҳои гузашта сафҳаву фаслҳову бахшҳо месозанд, ба шабоҳатҳои спироли таърих кам диққат медиҳанд. Масалан, ба он ки ҳам таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳам фурӯпошии он, ҳарду барои тоҷикон ҷангҳои хунини дохилӣ овард.
Соли 1922, соли таъсиси шӯравӣ, хунинтарин соли ҷанги босмачӣ дар сарзамини феълии Тоҷикистон буд, он ҳам баъд аз як пирӯзии кӯтоҳи мухолифони русҳои шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Дар ин ҷанг ҳадафи болшевикон ин буд, ки Бухорои Шарқӣ аз марзи кишвари нави шӯравӣ берун намонад. Ин хунрезиҳо то соли 1931 идома кард.
Пажӯҳишгари қазоқ Султон Акимбеков менависад, Тоҷикистон дар тамоми давраи шӯравӣ бо сабаби марзҳои муштаракаш бо Афғонистон як минтақаи таваҷҷӯҳи махсуси Кремлин ва бахше аз низоми амниятии ин иттиҳод дар ҷануб буд. Ва таври маълум низоъҳое монанди баҳманмоҳ асосан дар ҳамингуна минтақаҳои стратегӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Раиси вақти порлумони шӯравӣ ва яке аз сарони табаддулои ГКЧП Анатолий Лукянов номаеро бо имзои Михоил Горбачев нашр карда буд, ки дар он сенариои ҳодисаҳои Молдова шарҳ ёфтааст.
Рӯйдодҳои баҳманмоҳ на танҳо аҳамияти Тоҷикистонро барои Маскав ба ин шакли мудҳиш рӯшан карданд, балки то куҷо аз ҳам ҷудо будани қишру табақаҳои ҷомеаи тоҷикро бармало нишон доданд.
Маълум гашт давраи шӯравӣ на танҳо ин қаламравро бо табар ҷарроҳӣ кард, то ҷумҳуриҳои дилхоҳи худро ба вуҷуд орад ва аз ҷумла тоҷиконро аз Бухорову Самарқандашон ҷудо кунад, балки бо ҳамон табар пайвандҳои ҷомеаро бурида, қишру синфҳои наве сохт, то дархӯри худаш бошанд. Онгуна ки донишманди амрикоӣ Ираҷи Баширӣ мегӯяд: "Ба назари ман, тоҷикони советӣ буданд, рӯшанфикрон ҳамчун як бахши бахусус ва тоҷикони зидди советӣ. Инҳо бо иҷтимои советӣ коре надоштанд ва ба маҳалҳои дурдаст рафта, мадориси худро ба сурати исломӣ барқарор карданд ва русуму одати исломиро нигоҳ доштанд."
Ба ғайр аз ин тафовутҳо тоҷикон худро боз ба шаҳрию деҳотӣ, шимолию ҷанубӣ, русгарову миллигаро низ тақсим карда буданд. Худбинии музофотии раҳбарони аввали кишвар, ки асосан аз як маҳал, яъне Хуҷанд, шимоли кишвар, буданд, сабаби рушди нобаробари минтақаҳо ва эътирози ботинии саромадони сиёсии ҷануби кишвар шуда буд. Пажӯҳишгари амрикоӣ, ноиб-президенти Институти байнулмилалии муколамаи давомдор Ренда Слим мегӯяд, ин ҳолат яке аз сабабҳои асосии эътирозҳо ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд:
"Ба ақидаи ман, сабаби аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон роҳи бознигарии формулбандии тақсими қудрат дар байни минтақаҳо буд. Ба фикрам, статус-квои кӯҳна ва ҳолати кӯҳнаи қудратмандии сиёсӣ ва иқтисодии як минтақа ба муқобили минтақаҳои дигар акнун дигар қобили қабул набуд. Ба ақидаи ман, ин як инқилобе буд таҳти фишори демократии минтақаҳои гуногун, ки худро ҳалкунандагони як муколамаи тақсими нави қудрат дар кишвар мегумориданд."
Вале ховаршиноси фаронсавӣ Оливер Руа, ки ба ҳайси нахустин намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистони ҷангзада хидмат кардааст, сабабҳои ҷангро як чандгонаи воҳид меномад ва мегӯяд: "Ман фикр мекунам, ки чанд сабаб вуҷуд дошт. Яке мухолифати мардум ба системи советӣ ва коммунистӣ буд. Яъне мардум озодии бештар мехостанд. Сабаби дуввум миллатгароии тоҷикӣ буд. Ва сабаби саввум -- мазҳаб, ислом. Ман фикр мекунам, ки ин се сабаб якҷо шуданд ва ба ин хотир оппозисюн ташкил шуд бар зидди коммунистҳо. Аммо як масъалаи дигар низ буд, ки маҳалгароист. Мухолифати мардуми Кӯлоб ва Ғарм, дар ибтидо сиёсӣ набуд, вале бо мурури замон сиёсӣ шуд."
Пажӯҳишгари тоҷик Замира Юсуфҷонова дар рисолае ки Донишгоҳи Нотрдам нашр кардааст, менависад, фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ нишон дод, ки ҷомеаи зоҳиран якпорчаи тоҷик дар умқи тафриқаҳои мухталиф қарор доштааст, вале раҳбарони кишвар масъул буданд, аз расидани ин ихтилофот ба марзҳои хатарнок ҷилавгирӣ кунанд:
"Дар қиёс бо ҳукуматҳои дигари Осиёи Марказӣ раҳбарияти кишвари мо заъф нишон дод ва натавонист, ҳокимиятро нигоҳ дорад ва метавон дид, ки дар Тоҷикистон он вақт як холигоҳи қудрат пайдо шуд. Ин вакуум рақобатҳоро тезутунд кард. Аммо ин ягона сабаб набуд. Мушкилоти иҷтимоӣ, рақобатҳои минтақавӣ ва ҳатто сабабҳои таърихӣ, ба монанди аз Тоҷикистон берун мондани марказҳои сиёсӣ ва мадании тоҷикон ва ғайра низ буданд. Мушкил ин буд, ки ҳамаи ин дар як вақти муайян иттифоқ афтод. Ва дахолати кишварҳои ҳамсоя низ буд, ки ба натиҷаи низоъ манфиатдор буданд ва тарафҳои муайянеро дар ин ҷанг пуштибонӣ карданд."
Майкл Дойл аз Донишгоҳи Коламбия ва Николас Самбанис аз Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳида дар китоби худ "Ҷанговарӣ ва сулҳофаринӣ" 151 низоъи мусаллаҳонаи ҷаҳонро таҳлил карда, навиштаанд, ки ҷанг умдатан ба се иллат имконпазир мешавад. Нахуст, раҳбарони бад, дуввум, ҳамсоягони бад ва саввум таъсири берунаи бад. Манзур аз таъсири бади хориҷӣ, ба навиштаи онҳо, бархӯрди манфии давлатҳои ҳамсоя ва қудратҳои бузург аст.
Аз ончи коршиносони мо лаҳзае пеш гуфтанд ва ҳам аз ёдбуди рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 мебинем, ки дар Тоҷикистон ҳарсе омил ба шакли барҷаста вуҷуд доштанд.
Ҳукумат на танҳо аз баҳманмоҳи хунин ҳеч сабақе набардошт, балки ба таҳқиқи онҳо монеъ шуд, тақрибан ҳамаи гумонбаршудагон бегуноҳ эълон шуданд, боздоштшудагон ба озодӣ баромаданд ва пеш аз ҳама онҳое, ки баъд аз ҳодисаҳои хунин дар осоишгоҳҳои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти шӯравӣ дар Қафқоз истироҳат мекарданд. Ҳокимон бо он қаноат карданд, ки дар интихоботи порлумонии 26-уми феврал мухолифони худро шикасти комил доданд ва гӯё ҳокимияти худро маҳкамтар сохтанд. Боқӣ мондани тарафҳои рақибро қудратҳои беруна низ ба ҳисоб гирифтанд ва ин андӯхтаҳоро дар ду соли баъд истифода карданд.
Аммо худи ширкаткунандагони низоъ бар чӣ ақида буданд ва муборизаи худро гуна шарҳ медоданд. Порчае аз суханони Сангак Сафаров раиси Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон, марде бо собиқаи 23-солаи маҳбас ва суханоне дар рӯбарӯи вакилони порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи Хуҷанд:
"Мо аз аввал то охир барои конститутсия, барои ҳаққу ҳуқуқи давлат, ки халқ интихоб карда буд, на ин ки барқарор кардани ислом... бародарон, ҳар як кас бояд фикр кунад. Мамлакати исломӣ ба кӣ лозим аст? Агар мо ҳамаи одамҳоеро, ки мутахассисанд зада аз республика ҳай кунем, бадарға кунем, ки шумо баромада равед... бо кӣ ...бо кӣ инҳо мамлакати исломӣ мехоҳанд сохтан?! Агар ба ёд дошта бошед, рафиқ Дӯстов. Мана ҳамн ҷо шиштагиен шумо, дар майдони Озодӣ аз дута корреспондет аз Эрон, гурезандаҳое ки аз Эрон дар Франтсия буданд дар майдон касеташона гирифта оварда, бо ҳамроҳии президент, Сафаралӣ Кенҷаев, ҳаминҷаба мӣ?, бисёр бародарон гӯш карданд. Баромади қозикалон, ки мо дар Тоҷикистон республикаи исломӣ месозем. Локин мана ҳамин ду вилоят, вилояти Ленинобод ва вилояти Кӯлоб, инҳо, аз синни сесолагӣ дар хуни инҳо аралаш шудагӣ ҳизби коммунистҳо ҳаст, барои ҳамин мо бояд ки инҳоро то сесолаша нобуд кунем."
Сангак Сафаров эъломияҳои матбуотии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро, ки мегуфт, бунёди ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон дар 50-60 наздик номумкин аст, нодида гирифт. Зимни ин Тӯраҷонзода бо муассисони Ҳизби наҳзати исломӣ ихтилофи назар дошт. Аммо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дертар дар як мусоҳибааш ин тавр гуфта буд:
"Ошкоро эълон мекунем, ки ман ҳамчун як рӯҳонӣ, ҳамчун як мусулмон, муборизаи Наҳзати исломии Тоҷикистон фақат ва фақат барои пиёда кардани як ҳукумати адли илоҳӣ дар Тоҷикистон аст, чунки зиёда аз навад дарсади мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва низоми демокросие ки мехоҳанд, бояд ҳамон ислом бошад. Инро барои он мегӯям, ки агар табъу хоҳиши мардуми Тоҷикистон ва ё аксарияти ин мардумро ба назар гирем, онҳо мехоҳанд, дар як кишвари исломӣ зиндагӣ кунанд, валекин баъди таълимоту таблиғоти 70-солаи режими коммунистӣ мардум ҳеч бовар намекунанд, ки ислом метавонад, ҳоким бошад ва ислом метавонад, мардумро аз лиҳози иқтисодӣ бениёз гардонад, лоақал аз лиҳози иқтисодӣ."
Абдулмаҷид Достиев, яке аз сарони ҳайъати давлат дар музокироти сулҳ дар ҳоле ки таъсири берунаро ба низоъи Тоҷикистон рад намекард, мегуфт, барои он ки ин таъсир корро ба ҷанг кашад, шароити муайян зарур буд: "Мо бисёр вақт сӯҳбат мекунем, чаро давлатҳои мусулмонӣ нуқтаҳои гарманд дар дунё ва бисёр вақт ба ман эътироз карда мегӯянд, ки моро ҷанг меандозанд. Ману шумо бояд сари он қазоват кунем, ки чаро маҳз моро метавонанд ҷанг андохтан? Оё дар замири мо ягон ҳисси ҷудоӣ будааст, ки душманони мо инро истифода мебаранд. Агар якҷоя ҳамин мусибатҳоеро, ки аз сари миллати мо гузашт, аз соли 90, гӯем, сар карда то имрӯз, ҳамин чашми моро накушояд, пас мо ҳаққи ҳамчун миллату ҳамчун давлат, соҳиби давлат боқимонӣ надорем."
Собиқ раҳбари идораи мусулмонони Тоҷикистон ва раиси ҳайъати оппозисюн дар гуфтушуниди сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, воқеъан мафҳуми истиқлолияти Тоҷикистон маҳаки муайянкунандаи тарафҳо буд ва кишварҳое ки силоҳу муҳимот дода буданд, хостҳои худро доштанд: "Аз ҳамин хотир Фронти халқӣ зери парчами сурх ва барои барқарор кардани Иттифоқи советӣ меҷангид. Аслан, онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ман ҳайронам, ки чаро имрӯз ҳамаи ин гӯё фаромӯш шудааст. Ҳамон филмҳои мустанади он давраро бинанд, ҳама байрақи сурх доштанд ва мегуфтанд, мо СССР-ро барқарор мекунем. Ва он қишри ҷавононе ки бо номи "оппозисюн" муттаҳам шуда буданд, онҳое буданд, ки бедору худшинос буданд. Онҳо худшиносии миллӣ ва динӣ доштанд ва эҳёи фарҳанги миллию динии мардуми худро мехостанд."
Ва рӯ оварем ба шаҳрвандони оддӣ, ки оё назари онҳо дар бораи ангезаҳои ҷанги Тоҷикистон чист?
- ду хел матоъ ба сар мебастанд. Сафед ва сурх ва зери ин рангҳо бо ҳам меҷангиданд.
- Баъзеҳо фикр мекунанд, ки гурӯҳҳои махсусе омаду дар кишвари мо ҷангро ба роҳ андохт, вале ба фикри ман, сабабгори аслӣ худи мо будем, бемаърифатӣ ва бефарҳангии худи мо буд.
- дар муҳайё кардани заминаи ҷанг бародарони руси мо хидмат кардаанд ва бархе аз "дӯстон"-и дар нохунаки мо.
- фанатикҳо ҷангро сар карданд, зеро як кас чизе гуфту онҳо аз пайи ӯ рафтанд бо сабаби бесаводӣ.
- фурӯпошии шӯравӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ сабаби аслӣ буданд ва ҳам зуҳури гурӯҳҳои гуногуни қудратталаб.
Ва биноан замоне ки созишномаи сулҳ дар Маскав ба имзо расид, табрикҳо ба унвони тарафҳои тоҷик эҳтиёткорона буданд. Мегуфтанд, агар ҳатто сулҳ ба даст ҳам ояд, фурсати дарозеро хоҳад хост, зеро шумораи зиёди қурбониён сабаб зиёдагии кину адоват аст ва қабули мафкураи ҳамдигар аз он мушкилтар. Сониян харобиҳои зиёди ҷанг якҷо бо бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мӯътадили зиндагиро акнун дастнорас карда буд. Ва қудратҳои беруна танҳо дар ҳоле ин сулҳро халалдор нахоҳанд кард, ки статус-кво ба манфиаташон боқӣ бимонад.
Шакли садоии ин фасл зери ин ҷумлаи сабз аст.