Дар чанд ҷумла
Дидори президент Раҳмонов бо донишҷӯёни тоҷик дар Пекин
Президент Раҳмонов ба донишҷӯён гуфт, Тоҷикистон, ки дар ҳоли пешрафту таҳаввул аст, ба мутахассисони донишманд ва пурғайрат ниёз дорад ва биноан онҳо бояд бо истифода аз имкониятҳое, ки дар Чин ҳаст, аз таҳсилу омӯзиш дар ин ҷо суд бардоранд. Донишҷӯён гуфтанд, онҳо мехоҳанд, пайвандҳои қавии худро бо ватан ҳифз кунанд, аз Тоҷикистон ҳамарӯза иттилоъи кофӣ дошта бошанд. Раҳмонов дастур дод, донишҷӯёни тоҷик аз имконияти дидани намоишҳои телевизионҳои Тоҷикистон бархӯрдор бошанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳукми шаллоқи овозхони эронӣ барои даъват ба тарки ҳиҷоб

Дар Эрон овозхоне, ки зидди ҳиҷоб тарона навишт, ҷазо гирифт.
Дар Эрон мақомот ҳукми 74 шаллоқи овозхон Меҳдӣ Яроҳиро иҷро карданд, ки дар таронае духтарону занонро даъват мекунад, ҳиҷобро аз сар бикашанд.
Вакили дифои ӯ Заҳро Минуӣ гуфт, ҳукми шаллоқи овозхон рӯзи 5 март иҷро шуд. Ярроҳӣ августи соли 2023, як сол баъди марги Маҳсо Аминӣ ва шурӯи эътирозҳои бо номи “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бо таронааш “Розарито” маъруф шуд.
Январи соли 2024 ӯро барои ин тарона ба ду солу ҳашт моҳи зиндон ва 74 шаллоқ маҳкум карданд, вале дар изҳороти ахираш гуфт, ки ҳукми ӯ сабуктар шуд. Ба ҳимояти Яроҳӣ ва талаби озодии ӯ бисёриҳо дар дохил ва хориҷи Эрон садо баланд карданд.
UNAIDS аз боздошта шудани ёриҳо ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

UNAIDS ё Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ аз боздошта шудани кӯмакҳои Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороте, ки 5 март дар саҳифаи ин созмон нашр шуд, омадааст, ки 61 дарсади барномаи миллии мубориза бо вируси заъфи масунияти бадан дар Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад.
Аз ин ҳисоб, сармояҳои ҳукумати ИМА тахминан 20% буда, дуюмин азимтарин сармоягузори барномаҳои ин созмон Бунёди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа (Global Fund to fight AIDS, Tuberculosis and Malaria) дониста мешавад.
Ин созмон, ба таъкиди UNAIDS, 40% тамоми тарҳҳоро маблағгузорӣ мекунад. Саҳми дигар ҷонибҳо ночиз аст, мегӯяд ин ниҳоди СММ.
Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ менависад, ҳукумати ИМА шарики калидии барномаҳои ин созмон аст ва ёриҳои он, аз ҷумла, барои тақвияти кори озмоишгоҳҳо, огоҳонидани мардум аз василаҳои пешгирии олудашавӣ ба ин сироят, ҷамъоварии маълумот ва ҳам таъмини ҳамгироии гирифторони вируси заъфи масунияти бадан бо ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Ёриҳои ҳукумати ИМА, ба навиштаи UNAIDS, барои фаъолияти созмонҳои мадании машғули мубориза бо СПИД ҳам бисёр муҳим аст. Боздошта шудани сармояҳои USAID ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт.
USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард. Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолияти ИМА тавассути ин созмон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, баъди боздошта шудани ироаи ёриҳои ин оҷонсӣ бояд дар фикри пайдо кардани сармояҳои нав шаванд.
Додгоҳи олии ИМА қарори масдуд кардани $2 млрд пулҳои USAID-ро бекор кард

Додгоҳи олии ИМА дархости маъмурияти президент Доналд Трампро дар бораи масдуд кардани 2 миллиард доллар маблағ барои пардохти пули тарҳҳои аллакай иҷрошудаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рад кард.
Аз ин пеш додгоҳи федеролии Вашингтон ҳам қарор кард, ки дархости маъмурияти президент оид ба боздошта шудани ин маблағҳо қонеъ нашавад ва пулҳо бояд то 26 феврал фиристода шаванд.
Дафтари Трамп аз болои ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда буд. Қарори додгоҳи федеролиро дар Додгоҳи олӣ панҷ додрас, аз ҷумла ду додраси ҷумҳурихоҳ ҳам дастгирӣ карданд.
Дар поёни моҳи феврал маъмурияти Доналд Трамп қарор кард, ки ироаи беш аз 90% кӯмакҳои хориҷии ИМА тавассути USAID боздошта шавад.
Ҳаҷми пулии ин ёриҳо 57 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар санадҳои додгоҳӣ. USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард.
Дар Брюссел 800 миллиард евро кӯмакҳои дифоии Аврупо баррасӣ мешавад

Рӯзи 6 март президенти Украина Владимир Зеленский дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.
Ӯву раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел нақшаи додани 800 миллиард евро маблағро барои тақвияти саноати дифоии Аврупо, беҳтар кардани иқтидори ҳарбӣ ва ироаи ёриҳои изтирории низомӣ ба Украина дар шароити боздошта шудани ёриҳои Амрико баррасӣ хоҳад кард.
Ҷаласаи имрӯза дар ҳоле барпо мешавад, ки садри аъзами ояндаи Олмон Фридрих Мертс ба боло бурдани иқтидори низомии кишвараш даъват карда президенти Фаронса Эмманэл Макрон ҳушдор дод, ки таҷовузи Русия бо хоки Украина тамом намешавад ва Париж хостори тавсеаи “чатри ҳастаиаш” ба кишварҳои дигари аврупоӣ мебошад. Макрон дар суханронии телевизиониаш дар остонаи нишаст гуфт, “мехоҳам умедвор шавам, ки ИМА дар канори мо хоҳад буд. Вале бояд омода бошем, ки метавонад чунин нашавад”.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо тарҳи ҳадафҳои нишаст шинос шуд ва дар он таъкид шудааст, ки ҳамоиш бо мақсади ҷудо кардани маблағҳои ҳадди аксар зиёд барои кишварҳои узви ИА бо мақсадҳои дифоӣ баргузор мешавад.
Даргузашти писари Лоиқ Шералӣ - АП

Имрӯз дар Душанбе, дар синни 54-солагӣ Ромиш Шералӣ - писари Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик даргузашт. Дар ин бора хабаргузории "Азия Плюс" иттило дода навиштааст, ки хабари даргузашти ӯро бародараш Диловар Шералӣ тасдиқ кард.
Ӯ гуфтааст, ки Ромиш солҳои охир аз дарди дил азият мекашид ва дар шифохонаҳои Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошт.
“Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”, - гуфтааст Диловар Шералӣ ба "Азия Плюс".
Ромиш писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва дар нашриёти “Адиб” фаъолият кардааст.
Соли 2016 дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ ба муносибати зодрӯзи падар, Ромиш Шералӣ гуфта буд, ки дар сари таҳияи "Куллиёт"-и ашъори падар кор кардаву "то ҳадде, ки қувватам расид ва имкони таҳрир доштам, то андозае метавон гуфт, ҳамаи шеърҳояшро ворид кардам". Он замон ӯ аз идомаи кор дар самти ҷамъовариву нашри ашъори падар хабар дода буд.
Ба саволи ин ки оё бо падараш ифтихор мекунад, гуфта буд: "Албатта! Чаро ифтихор надошта бошам? Устод Лоиқ мояи ифтихори натанҳо ман, балки мояи ифтихори тамоми миллат аст."
Иҷлосияи аввали порлумон 19 март баргузор мешавад

Иҷлосияи якуми порлумони мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19-уми март баргузор мешавад. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 март фармон содир кард.
Дар фармон аз ҷумла омадааст, "Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад".
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор шуд. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар интихоботи рӯзи 2-юми март 85,3 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд.
Ин интихобот бе ҳузури намояндагони мухолифон, нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва баъзе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ баргузор шуд.
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст. Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.
Маҷлиси Намояндагон аз 63 курсӣ иборат аст. Дар интихоботи порлумонии рӯзи 2-юми март дусад кас, асосан намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва панҷ ҳизби дигари рӯ ба ҳукумат, вориди корзор шуданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки қаблан созмони мухолиф номбар мешуд, на анҷуман орост ва на номзад пешниҳод кард. Далелаш ҳам маълум нест.
Ҳамлаи Русия ба Одесса бо мушаку паҳпод. Як нафар кушта шудааст

Бар асари ҳамлаи Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилояти Одесса як сокини 77-солаи рустои Лиманка ҷон бохтааст.
Дар ин бора раиси маъмурияти низомии вилоят, Олег Кипер, рӯзи 5-уми март хабар дод.
Ба иттилои ӯ, дар атрофи Одесса чанд хона вайрон шуда, дар маркази вилоят, шаҳри Одесса, зербунёдҳои муҳим осеб дидаанд.
"Бахше аз шаҳри Одесса бе барқ, об ва гармӣ монд," -- афзуд ӯ.
Нерӯҳои Русия бо мушаки дурпарвоз ноҳияи Белгород-Днестровскийро дар вилояти Одесса низ нишон гирифтаанд. Кипер гуфт, дар онҷо як бинои истироҳатгоҳ пурра вайрон шуд.
Вазорати корҳои дохилии Украина зарари расидаро аз зарбаҳои Русия "густурда" донистааст.
Расонаҳои давлатии Русия низ дар бораи "таркишҳо дар Одесса" навиштанд, вале бе ёдоварӣ аз он ки ин ҳодисаҳо бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маскав рух доданд.
Боздошти як кас барои даъват ба сӯзондани "военкомат" дар Русия

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ё ФСБ хабар дод, ки як сокини Екатеринбургро бо иттиҳоми даъват ба оташ задани комиссариати ҳарбӣ дастгир кард.
Хабаргузории расмии ТАСС видеои маъзаратхоҳии ӯро нашр кард, аммо маълум нест онро таҳти чӣ шароит ба навор гирифтаанд.
Ба зидди ин сокини Екатеринбург бо иттиҳоми даъват ба терроризм парванда боз шудааст.
"Медиазона" маълум кард, ки боздоштшуда Маркус Мур аст ва 24 сол дорад.
Замони боздошташ маълум нест, вале саҳифааш дар шабакаи "ВКонтакте" бо талаби Додситонии кулли Русия дар моҳи августи соли 2024 баста шудааст.
Ба гузориши "ОВД-Инфо", аз оғози ҳуҷуми Русия ба Украина бо иттиҳоми даъват ба терроризм алайҳи 262 кас парванда кушодаанд. Ҷазои ҳадди аксар аз рӯи ин иттиҳом ҳафт сол зиндон аст.
Лукашенко: Мунтазири Трамп ва Путину Зеленский ҳастам

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, дар суҳбат бо блогери амрикоӣ Марио Науфалу гуфт, омода аст, ки дар Минск мизбони гуфтушуниди президентҳои Русия, Украина ва Амрико бошад, вале омода нест, миёнравӣ кунад.
"Бинобар ин, ба Доналд Трамп расонед, ки ман ӯро ҳамроҳи Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар инҷо мунтазирам. Менишинем ва оромона созиш мекунем," – гуфт Лукашенко.
Раҳбари худкомаи Беларус афзудааст, "аҳсан ба Трамп, ки хоҳони поён додан ба ҷанг дар Украина аст. Дар ин масъала ман омода ҳастам дар як саф бо ӯ ҷой гирам."
Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков гуфт, имкони мулоқоти Путин, Трамп ва Зеленский дар Минск ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
Александр Лукашенко дар мусоҳибааш ҳамчунин гуфт, Евгений Пригожин, раҳбари пешинаи ширкати муздурии "Вагнер" ҳангоми ошӯб дар тобистони соли 2023 мехост, силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи Лукашенко, вай тавонистааст Пригожинро бовар кунонад, ки ба ҳадафҳояш намерасад ва сипас нерӯҳои "Вагнер", ки ба тарафи Маскав мерафтанд, ба қафо баргаштанд.
Лукашенко гуфт, барои қатъи ошӯби Пригожин дар Русия аз ҷониби намояндагони CIA, MI6 ва идораҳои дигари истихборотии ғарбӣ ба таври хусусӣ ситоиш шудааст. Вале ӯ дар мусоҳиба барои тасдиқи суханонаш ҳеч далел наовард.
Додситони нав хостааст, аз шеваҳои ғайриқонунии даъват пешгирӣ шавад

Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбии Тоҷикистон, хостааст, ки аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш пешгирӣ шавад.
Бино ба хабари Вазорати дифои Тоҷикистон, Ҳаётзода дар ин бора рӯзи 3-юми март дар ҷаласае бо ҳузури муовини сарвазир ва раиси Кумисюни даъват Дилрабо Мансурӣ ва вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода суҳбат кард.
Вай афзудааст, барои ин, "пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиши сатҳи ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа ба сифати даъвати шаҳрвандон" зарур аст.
Дар Тоҷикистон соле ду дафъа – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака бо хабари “сарбозшикор” (облава) ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон ҳамроҳ аст.
Баъзе аз волидон соли гузашта шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.
Бархе далели фирор аз артишро ба шароити нохубу "дедовишина" ва марги мармузи баъзе аз сарбозон пайванд медиҳанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябри 2024 дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонӣ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Мақомот ҳангоми супоридани ҷасади ӯ ба волидонаш гуфтаанд, “худкушӣ кард". Падараш иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".
Духтарони тоҷик бозиро ба қирғизҳо бохтанд

Дар шаҳри Душанбе 4-уми март мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола оғоз ёфт, ки то рӯзи 8-уми март идома хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доранд.
Дар даври якуми мусобиқа 4-уми март дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи панҷуми бозӣ Сумая Маҳмадсолиева, бозигари қирғизҳо, ба дарвозаи мизбонон зад. Дар бозии дигари даври якум мунтахаби Узбекистон тими Эронро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби духтарони Қирғизистону Узбекистон бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуданд.
Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз ба даст меорад, ғолиби мусобиқа мегардад.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 6-уми март байни дастаҳои Қирғизистон - Эрон ва Узбекистон - Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Барои духтарони футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки аз 9-ум то 17-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола:
Иштирокдорон:
Тоҷикистон
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Даври якум
4-уми март (сешанбе)
Эрон – Узбекистон – 0:1
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
Қирғизистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
2 |
Узбекистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
Эрон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
Даври дуюм
6-уми март (панҷшанбе)
12:00 – Қирғизистон - Эрон
15:00 – Узбекистон - Тоҷикистон
Даври сеюм
8-уми март (шанбе)
12:00 – Узбекистон - Қирғизистон
15:00 –- Тоҷикистон - Эрон
Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Як ширкат аз Арабистони Саудӣ мехоҳад корҷӯёни тоҷикро ба кор ҷалб намояд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ширкати "Арко"-и саудӣ хоҳишмандонро ҳамчун пешхизмат дар ин кишвар ба кор ҷалб карданист.
Манбаъ мегӯяд, музди меҳнат дар ҳаҷми 2500 риёл, баробар ба 7 ҳазор сомонӣ буда, довталабон баъди суҳбат бо намояндаи "Арко", ба кор гирифта мешаванд.
Синну соли аз 21 то 35 сола, донистани забонҳои англисӣ ва арабӣ дар сатҳи муошират ва надоштани доғи судӣ, талаботҳоест, ки барои довталабон пешбинӣ шудааст.
Зубайдулло Саидов, намояндаи "Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, раводиди кории 2-сола, се вақт хурок ва ҷои хоб аз сӯи корфармо таъмин мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, хоҳишмандон новобаста аз ҷинсият ба кор гирифта шуда, дар шаҳрҳои гуногуни Арабистони Саудӣ ба ҳайси пешхизмат кор мекунанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки ҷалби корҷӯёни тоҷик бар асоси ёддошти тафоҳум байни ду кишвар сурат мегирад ва дар назар аст то 20 ҳазор корҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногуни хидматрасонӣ дар шаҳрҳои гуногуни Арабистони Саудӣ ба кор ҷалб гарданд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳост талош доранд, ки роҳи муҳоҷирони тоҷик ба ҷуз аз Русия, ба кишварҳои дигар ҳам боз шавад.
Тибқи омори расмӣ, бештари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва як қисми дигар барои кор ба Қазоқистон мераванд.
Таъйини даҳҳо додрасу раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон

Даҳҳо додрасу раисони додгоҳҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дигар карданд.
Фармон дар ин бора рӯзи 4-уми март имзо шуд.
Сабаби тағйирот дар додгоҳҳо поёни ваколат, гузаштан ба кори дигар ва бознишастагӣ будааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки 65 кас бори аввал ба мақоми додрас таъйин гардиданд.
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва танқидҳо зиёданд, ки зимни интихоби онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешавад. Вебсайти президент рӯзи чоруми март онҳоро "кадрҳои ҷавону корозмуда" навишт.
Дар даҳ соли гузашта нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо, бо гумони ришвахорӣ, қаллобӣ ва фаро рафтан аз ваколат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар Тоҷикистон беш аз чорсад додрас кор мекунад.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия дармондаанд

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар гузаргоҳи “Жайсан” дар сарҳади Қазоқистон бо Русия дармондаанд.
Чанд муҳоҷири тоҷик рӯзи 4-уми март бо фиристодани навор гуфтанд, ки чор рӯз боз дар шароити сахте қарор доранд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, марзбонони қазоқ ба онҳо гуфтаанд, дархости Русия аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро роҳ надиҳанд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, теъдоди тоҷикони дармонда “ба беш аз сад нафар мерасад”.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.
Аксари ин муҳоҷирон ба воситаи мусофирбар ва мошин талоши рафтан ба Русияро доштаанд. Маъмулан, муҳоҷироне бо роҳи заминӣ ба Русия мераванд, ки пули камтар доранд ва сафар бо автобусу мошинро арзонтар медонанд.
"То 500 миллион доллар." Нақшаи нави Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ки дар фикри “эҳё ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ” ҳастанд.
Намояндагони ду тараф изҳори умед кардаанд, ки то соли 2030 “додугирифт то 500 миллион доллар” расонда хоҳад шуд.
Ин нақшаҳо рӯзи 4-уми март ҳангоми мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе садо додааст. Ҳайати Қирғизистонро нахуствазир Одилбек Қосималиев раҳбарӣ мекунад.
Мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёт намедиҳанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки мулоқоти сарвазирони ду кишвар – Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев – дар “шакли маҳдуд” барпо шуд ва баъди ин нашасти васеи аъзои ҳукуматҳо доир гардид.
Ба навиштаи ҳукумати Қирғизистон, Қосималиев “ба авлавияти рушди муносибатҳои хуб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон” таъкид ва “саломи гарму ҷӯшони президент Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон”-ро расондааст.
Дар суҳбати ду сарвазир "ҳадафи умумии то соли 2030 то ба сатҳи 500 миллион доллар расонидани додугирифтҳои тиҷоратӣ" баён шудааст. Қосималиев гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ба бозори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баровардани маҳсулоти Тоҷикистон мусоидат кунад.
"Ба аҳамияти роҳандозии ҳарчи зудтари тарҳи CASA-1000 ва эҳёи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид шудааст”, -- омадааст дар изҳороти расмии Бишкек.
Мулоқот дар пасманзари созиши муҳими Душанбе ва Бишкек дар мавриди таъйин ва нишонагузории сарҳади ду кишвар сурат гирифтааст. Созиш баъд аз ду муноқишаи хунин дар солҳои 2021 ва 2022, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, роҳро ба эҳёи муносибатҳои хуб ҳамвор мекунад.
Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон дар чор соли гузашта ба поинтарин сатҳ расида буд. Интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи марзиро имзо кунанд.
Омори расмӣ мегӯяд, баъди хушунатҳои соли 2021, додугирифти байни ду ҳамсоя беш аз се баробар кам шуд. Агар соли 2020 ин нишондод 37 миллион долларро ташкил медод, соли 2023 он то 12 милилон доллар поин омад.
Бино ба маълумоти омори Тоҷикистон, 93 дарсади додугирифтҳои байни ду ҳамсояро содироти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медодааст.
"Бо нерӯи барқ шиканҷа шуда, базӯр аз ҷой мехест"

Виктория Рошина, хабарнигори украинӣ, ки дар асорати нерӯҳои Русия ҷон бохт, қаблан дар бораи бо нерӯи барқ шиканҷа шуданаш шикоят кардааст.
Дар ин бора дар филми таҳқиқотие хабар дода шуд, ки чанд созмону расона, аз ҷумла тарҳи "Слидство.Инфо" ва Гузоришгарони Бидуни Марз, омода намуданд.
Яке аз ҳамроҳони Рошина дар Боздоштгоҳи зери итоати нерӯҳои Русия бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, "вай аз дарди меъдаву табларза ҳам шикоят дошт; то 30 кило вазнашро гум карда буд ва базӯр аз ҷой мехест."
Виктория Рошинаи 27-сола хабарнигори озод буд ва барои бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ гузориш медод. Дар моҳи августи соли 2023 дар як минтақаи таҳти тасарруфи Русия дар Украина бедарак шуд.
Марги Виктория Рошинаро дар моҳи октябри соли 2024 тасдиқ карданд, вале то ҳанӯз ҷасади ӯ ба пайвандонаш дода нашудааст.
Рошина аз аввал ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод. Дар моҳи марти соли 2022 дар Бердянски ишғолшуда аз тарафи нерӯҳои ФСБ-и Русия дастгир ва баъд аз даҳ рӯз раҳо гардида буд. Он замон барандаи ҷоизаи International Women's Media Foundation шуд.
Боздошт ва парванда барои овардани мошинҳои истеҳсолашон то 2013

Масъулони Идораи гумрук дар вилояти Суғд баъзе аз тоҷиронро гунаҳкор карданд, ки бо ҳуҷҷатҳои сохта талош доранд, мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро ба кишвар биоранд. Дар соли 2024 чанд нафар бо ин ҷурм боздошт шудааст.
Баҳриддин Эмомзода, муовини сардори Идораи гумрук, гуфт, дар понздаҳ маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 19 мошин гирифта шуд.
“Ин парвандаҳо ба мақомоти тафтишотӣ фиристоданд. Асосан ҳолатҳое, ки онҳо ба чунин кор даст мезаданд, ин бо роҳи сохтакорӣ ба қайдгирии шаҳодатномаи техникии воситаҳои нақлиёт буд,” – гуфт ӯ.
Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2023 овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро манъ кард. Вале бисёре аз тоҷирон он вақт иддао доштанд, ки қарор ногаҳонӣ буд ва тиҷораташонро дар нимароҳ гузошт.
Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2023, ҳангоми нашри қарор, ҳадафро аз манъи нақлиёти “куҳна” ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳо гуфтанд.
Мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 дар муқоиса ба мошинҳои нав арзон ва барои қишри миёна дар Тоҷикистон дастрасанд. Бештари мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013, аз 35 то 100 ҳазор сомонӣ (3000 - 9000 доллар) нарх доранд. Нақлиёте, ки баъд аз соли 2014 истеҳсол шудаанд, аз 150 ҳазор сомонӣ (13 ҳазор доллар) боло ҳастанд.
Бо назардошти дастрас будани нақлиёти тавлидашон то соли 2013, тоҷирон талош мекарданд, ин гуна мошинҳоро аз Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо ба Тоҷикистон оранд. Дар се соли охир ба Тоҷикистон ҳудуди 110 ҳазор мошини тавлидашон то соли 2013 оварда шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Пулиси Душанбе аз тоҷирон хост, дар Рамазон нархҳоро боло набаранд

Пулиси Душанбе бо пахши як изҳороти расмӣ аз тоҷирону соҳибкорон хостааст, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, "чораҳои таъсиррасони қонунӣ" меандешад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, бархе афроди "фурсатталаб" бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи бештар, аз ниёзмандиҳои мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хӯроквориро боло мебаранд.
Пулис мегӯяд, ки ба ҳадафи назорат ва танзими нархҳо, кормандонаш дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳо, ба санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз кардаанд.
Дар Тоҷикистон маъмулан дар арафаи иду ҷашнҳо нархи маҳсулот боло меравад.
Мақомот ҳамакнун барои танзими қиматҳо, баъзе чораҳоро рӯи даст гирифтаанд. Аз ҷумла, ташкили ярмаркаҳо, ки ба гуфтаи масъулин, дар онҷо маҳсулот бо арзиши поёнтар аз бозор пешниҳод мешавад.
Аммо аз сифати моли пешниҳодшуда дар ярмакаҳо на ҳама розӣ ҳастанд.
Ҳалокати 2 нафар дар бархӯрди як худрав бо издиҳоми мардум дар Олмон

Пулиси Олмон мегӯяд, бар асари бархӯрди як мошин дар шаҳри Маннхейм бо издиҳоми мардум, ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд.
Ин ҳодиса 3 март рух дод ва ронандаи худрав ба гурӯҳе аз мардум дар хиёбоне, ки барои роҳгузарон ихтисос дошт, бархӯрд кард.
Сухангӯи пулис гуфтааст, як гумонзади ин ҳодиса боздошт шудааст, аммо таъкид кард, ки дар мавриди эҳтимоли вуҷуди гумонзадҳои дигар наметавон маълумоти бештар дод. Хабаргузории Олмон мегӯяд, ӯ шаҳрванди ҳамин кишвар аст.
Пас аз ин ҳодиса пулис аз мардуми Маннхейм дар ҷануб-ғарби Олмон хост, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва аз рафтан ба ҷойи ҳодиса худдорӣ кунанд.
Мошинҳо ба унвони абзори маргбор дар чандин иқдоми хушунатомез дар моҳҳои ахир дар Олмон мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Моҳи гузашта як духтари дусола ва модараш ду рӯз пас аз захмӣ шудан дар як ҳамла бо як мошин дар Мюнхен, ҷон бохтанд. Як марди 24-солаи афғон, ки ба унвони як паноҳҷӯ ба Олмон омада буд, дастгир шуд ва додгоҳ гуфт, ки ба назар мерасад ӯ бо ангезаҳои динӣ ин корро анҷом додааст.
Соли гузашта бар асари бархӯрди як мошин дар бозори Крисмас дар шаҳри Магдебург дар шарқи ин кишвар, шаш нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Оскар. Ҷоизаи "Дар сояи сарв"-и синамогарони эронӣ

Ҳусейн Мулоимӣ ва Ширин Сӯҳонӣ, филмсозони эронӣ, наздик буд имкони ҳузурро дар ҷашнвораи "Оскар" аз даст диҳанд, аммо дар ниҳоят филмашон – "Дар сояи сарв" –беҳтарин филми кӯтоҳи аниматсионӣ эътироф шуд.
Онҳо ин тарҳро бе пуштибонии давлат, бо сармояи шахсӣ ва дар баробари сензура ва мушкилоти молӣ ба поён расондаанд.
Раводиде, ки дар охирин лаҳза содир шуд, ба Ҳусейн Мулоимӣ ва Ширин Суҳонӣ имкон дод, ки рӯзи 2-юми март ба Лос-Анҷелес сафар кунанд ва танҳо се соат пеш аз оғози маросим ба онҷо бирасанд. Баъд аз муддати кӯтоҳе филми аниматсионии онҳо барандаи ҷоиза шуд.
Мулоимӣ ҳангоми гирифтани ҷоиза гуфт, "ин як муъҷиза аст. Суҳбат кардан дар баробари ин ҷамъи пуринтизор барои мо бисёр душвор аст." Ӯ афзуд, "бале, агар пойфишорӣ кунем ва имкон дошта бошем, муъҷизаҳо рух хоҳанд дод."
"Дар сояи сарв" аниматсияи дубуъдӣ ва бидуни муколама аст, ки пайомадҳои ҷанги Эрон ва Ироқро дар даҳаи 1980 бозгӯ мекунад.
Ҳусейн Мулоимӣ пеш аз маросими "Оскар" дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, гуфт, аввал мехостанд муносибати печидаи оилаҳоро ба тасвир бикашанд, аммо баъд тамаркузро ба таъсири вайронагри ҷанг ва пайомадҳои он тағйир доданд.
97-умин маросими супурдани ҷоизаҳои "Оскар" шоми 2-юми март дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд.
ҲКТ ба порлумон роҳ наёфт. Эълони натиҷаҳои интихобот дар Тоҷикистон

Мақомот дар Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи порлумониро эълон карданд.
Ин корзор рӯзи 2-юми март бе ҳузури мухолифон, нозирони САҲА ва баъзе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ гузашт.
Тибқи омори Кумисюни марказии интихобот аз 3-юми март, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон наздик ба 2,5 миллион орои мардумро соҳиб шудааст. Тасдиқи дурустии ин рақам аз манобеи мустақил имконпазир нест. Дар умум, ба иттилои КМИР, аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 49 ҷой ба номзадҳои ҲХДТ расид.
Дар ҷойи дуюм, Ҳизби аграрии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Наздик ба як миллион раъй ва 7 курсӣ дар порлумон.
Тақрибан 600 ҳазор орои сокинон ба Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ нисбат дода шудааст. Ин ҳизб дар порлумон соҳиби 5 вакил мешавад.
КМИР гуфтааст, ба Ҳизби сотсиалистӣ беш аз 248 ҳазор ва ба Ҳизби демократ 237 ҳазор нафар раъй додаанд. Ҳардуи ин ҳизб дар порлумон яктоӣ курсӣ хоҳанд дошт.
Ба иттилои расмӣ, ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон наздик ба 90 ҳазор раъй додаанд ва ин ҳизби ҳукмрон дар замони Шӯравӣ бори аввал дар порлумони кишвар бе вакил монд.
Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, дар умум, аз панҷуним миллион аҳолии қобили раъй беш аз 85 дарсад ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтанд.
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, иддао дорад, ки ширкати беш аз 85 дарсад дар интихобот “комилан бардурӯғ буда, бо иштироки воқеӣ ҳеч иртибот надорад.”
“Бар асоси маълумоти манбаъҳои мустақили ин ниҳод, дар асл, шумораи воқеии иштирокдорон дар интихобот ҳамагӣ 304 ҳазору 301 нафарро ташкил дода, ки танҳо 5,51% аз шумораи умумии интихобкунандагон мебошад,” – гуфт ӯ рӯзи 3-юми март. Тасдиқ ё радди ҳамаи ин баёнияҳо имконпазир нест.
Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
Маҷлиси Намояндагон аз 63 курсӣ иборат аст ва вакилон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Вакилоне, ки барои хомӯшӣ дар баробари мушкили мардум ва қабули бе баҳси тарҳҳои пешниҳоди ҳукумат танқид мешаванд.
"Дар Боздоштгоҳ аст." Аҳмади Иброҳимро ба Душанбе бурдаанд

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷикро, ки ба даҳ солу чор моҳ ҳабс маҳкум шудааст, рӯзи 26-уми феврал аз Кӯлоб ба Душанбе бурдаанд. Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 3-юми март аз манобеаш хабар гирифт.
Мақомот нагуфтанд, ки ӯро дар кадом зиндон ҷойгир хоҳанд кард, вале ба иттилои дарёфтӣ “феълан дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт аст”.
Ширинмоҳ Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим, дар як тамоси телефонӣ хабари ба Душанбе бурда шудани ӯро тасдиқ кард.
Ба иттилои ӯ, бародараш ҳангоми интиқол ба Душанбе гуфтааст, ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳро нагирифт ва биноан барои бозбинии он дархост надод.
“Вай гуфт, ки ҳатман аз рӯйи ҳукми ноодилона шикоят хоҳад кард ва то ҳукм ба дасташ нарасад, муҳлати шикоят намегузарад,” – афзуд Ширинмоҳ Иброҳимова.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳӣ гуфта буданд, ӯ барои бозбинии ҳукм ҳамагӣ ним моҳ фурсат дошт. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврал гуфт, чун рӯзноманигор шикоят накард, “аз ин бармеояд, ки бо ҳукм розӣ аст.”
Пайвандонаш мегуфтанд, шикоятро аз ҳукми, ба гуфтаашон, “фармоишӣ” кори беҳуда медонанд. Ба нақли яке аз онҳо, ҳушдор гирифта буданд, ки агар аз ҳукм шикоят баранд, эҳтимол ҷазо сахттар шавад.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори 63-сола ва сардабири нашрияи “Пайк”, дар моҳи августи соли 2024 дастгир шуд. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар моҳи январ ӯро ба “пешниҳоди ришва”, “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” гунаҳкор донист. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз ҳукмро ноодилона ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигорро талаб карданд.
Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, бо "тавсия"-и Эҷаӣ истеъфо дод

Муҳаммадҷавод Зариф, муовини раисҷумҳури Эрон, гуфт, ки бо "тавсия"-и раиси қувваи қазоия Ғуломҳусейн Муҳсини Эҷаӣ аз мансабаш истеъфо дод.
Вай рӯзи 3-юми март дар паёме дар шабакаи "X" навишт, Муҳсини Эҷаӣ "машварат додааст", ки ба донишгоҳ баргардад, "то аз фишори бештар ба ҳукумат пешгирӣ шавад".
"Дар шаш моҳи гузашта бо сахифтарин (қабеҳтарин) тавҳинҳо ва таҳдидҳо нисбат ба худ ва хонаводаам рӯбарӯ будам. Ҳатто дар даруни давлат низ талхтарин даврони хидмати чиҳилсоларо гузарондам," – афзудааст ӯ.
Зариф дар ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури пешини Эрон, дар мақоми вазири умури хориҷӣ кор кардааст.
Дар маъракаи интихоботии Масъуд Пизишкиён дар соли 2024 ҳузури намоён дошт ва пас аз пирӯзии ӯ ба мақоми муовини стратегии раисҷумҳур таъйин шуд.
Ин тасмим моҳҳо боз сарчашмаи баҳс аст. Мунтақидон мегӯянд, писарони Муҳаммадҷавод Зариф зодаи Амрико ҳастанду шаҳрвандии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаро доранд ва биноан ӯ наметавонад мансаби калидиро ишғол кунад.
Муҳаммадҷавод Зариф дар моҳи августи соли 2024 низ эълон карда буд, ки дар пайи фишорҳои марбут ба душаҳрвандии фарзандонаш истеъфо додааст. Бо вуҷуди баҳси тӯлонӣ дар Маҷлис ӯ дар мақоми худ монд.
Дурахши филми "Анора" дар ҷашнвораи имсолаи "Оскар"

Дар ҷашнвораи имсолаи “Оскар” филми “Анора”, сохтаи коргардони амрикоӣ Шон Бейкер, ҷоизаи филми беҳтаринро гирифт.
97-умин маросими супурдани ҷоизаҳои “Оскар” шоми 2-юми март дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор шуд.
Филми “Анора” дар бораи зани ҷавоне аз Бруклин ва писари сарватманди рус аст. Онҳо мехоҳанд, бо ҳамдигар издивоҷ кунанд, вале бо мухолифати хонаводаи ҷавон ва ҳамчунин хатарҳои дигар рӯбарӯ мешаванд.
Эдриен Броуди ва Майки Мэдисон, ки дар филми “Анора” нақшҳои асосиро бозидаанд, ҷоизаҳои беҳтарин бозигари мард ва беҳтарин нақши занро гирифтанд.
Шон Бейкер, ки ин филмро офаридааст, се ҷоизаи “Оскар”, аз ҷумла барои коргардонӣ ва бандубастро ба даст овард.
Пас аз “Анора”, ки дар умум панҷ ҷоизаи “Оскар” гирифт, филми “Бруталист” бо се ҷоиза бештарин ҷоизаҳоро соҳиб шуд.
Эълони натиҷаҳои интихобот: Коммунистҳо бе курсӣ монданд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллиро эълон кард.
Ба иттилои КМИР, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аз рӯйхати ҳизбӣ, бо касби 51,9 дарсади оро дар мақоми аввал қарор дорад. ҲХДТ аз рӯи ин рӯйхат дар порлумон 12 курсӣ хоҳад дошт.
Дар мақоми дувум бо касби 21 дарсади оро, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ҷой гирифтааст. Ин ҳизб дар порлумон соҳиби 5 курсӣ шуд.
Тибқи эълони КМИР, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3 курсӣ, ҲСТ як курсӣ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон як курсӣ ба даст овардаанд. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бе курсӣ мондааст.
Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар интихоботи рӯзи 2-юми март 85,3 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд.
Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест. Ба далели иҷоза надоштани хабарнигорон барои бозтоби корзори сиёсӣ маълум нест, ки ҳузури одамон дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ бештар будааст ё камтар.
Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.
Намояндагони чанд ҳизбу созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа интихоботро "намоишӣ" донистанд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкот даъват кард. Раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, интихоботро маҳкум намуд.
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст. Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.