Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 21-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 12-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Аммо натиҷаи ин бозии охирин мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод.
Бошгоҳи «Истиқлол» зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко, ки дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ бо 50 имтиёз мақоми аввалро касб намуд, дар маросими ҷоизасупорӣ бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило мукофотонида шуд.
Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори чордаҳум ва маротибаи дувоздаҳум пайиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Душанбегиҳо солҳои 2010 - 2011, 2014 – 2025 барандаи медалҳои тилои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шудаанд.
Ҳамлагар Пол Комолафе, легионери 25-солаи африқоии “Истиқлол” аз Нигерия, ки ба дарвозаи рақибонаш 12 гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқаи Лигаи олӣ дар соли 2025 дониста шуд.
КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе (сармураббиаш Тоҳирҷон Муъминов) бо 37 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 имтиёз дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом дод.
Аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ (2:2 ва 2:0) тими “Сардор” зери раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба мусобиқаи Лигаи олӣ дар соли 2026 роҳхат гирифт.
Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи имсола зинаи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк намуд. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар Лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок хоҳад кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Бозии мавқуфмондаи даври 21-ум
“Истаравшан” – “Истиқлол” – 1:4
Голҳо: Марлен Чобанов, 9 (0:1). Пол Комолафе, 18 (0:2). Масрур Ғафуров, 37 (0:3). Аҳтам Назаров, 51 - аз пеналти (0:4). Султонбек Фозилов, 74 (1:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Пол Комолафе («Истиқлол»).
Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
12-уми декабр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 22 | 15 | 5 | 2 | 58-18 | 50 |
| 2 | «Вахш» (Бохтар) | 22 | 12 | 9 | 1 | 33-18 | 45 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 7 | 5 | 38-23 | 37 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 8 | 11 | 3 | 26-20 | 35 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 22 | 9 | 4 | 9 | 24-25 | 31 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 7 | 9 | 6 | 31-30 | 30 |
| 7 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 22 | 8 | 6 | 8 | 25-24 | 30 |
| 8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 22 | 6 | 9 | 7 | 22-20 | 27 |
| 9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 22 | 6 | 6 | 10 | 27-38 | 24 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 22 | 4 | 7 | 11 | 23-42 | 19 |
| 11 | “Ҳулбук” (Восеъ) | 22 | 2 | 7 | 13 | 15-39 | 13 |
| 12 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 22 | 2 | 6 | 14 | 16-41 | 12 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Пол Камолафе (“Истиқлол”) – 12 гол, Рустам Соиров (“Истиқлол”) – 10 гол, Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ), Дмитрий Билоног (“Вахш”) – 8-голӣ.
Гуфтугӯ