Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муштзани тоҷик дар нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон рақобат мекунанд


Муштзанҳои тоҷик Хусравхон Раҳимов ва Акмал Убайдов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.  

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ то рӯзи 13-уми декабр идома меёбад, намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ аз рӯи ҳамаи вазнҳо 13 нафар муаррифӣ мекунанд. Аз байни онҳо ду нафар ба нимфинал баромаданд.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило, ки дар рақобати аввал бар муштзани Лесото дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шуда буд, дар чорякфинал бар намояндаи Африқои Ҷанубӣ Сигвела Масибулеле бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Акмал Убайдов дар вазни 60 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англияро бо нокаут мағлуб намуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Македония ғолиб омад. Вай дар марҳилаи чорякниҳоӣ Серик Темиржанови қазоқро бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Бояд гуфт, ҳарду муштзани тоҷик, ки ба марҳилаи ниманиҳоӣ расиданд, аллакай барои худ медали биринҷиро таъмин карданд, ҳамакнун муборизаро барои нишонҳои тилою нуқра идома медиҳанд.

Аммо ду муштзани дигари тоҷик дар даври чорякниҳоӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гаштанд.

Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни 51 кило, ки дар рақобати аввали худ бар намояндаи Непал пирӯзӣ ба даст овард, дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар муштзани қирғиз ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале муштзани ҷавони тоҷик дар чорякфинал аз қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Ҳасанбой Дусматов аз Узбекистон бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.

Некрӯз Салимов, ки дар вазни 80 кило дар рақобати аввал намояндаи Камбоҷаро мағлуб кард, дар рақобати дуюм бар муштзани Македония пирӯзӣ ба даст оварда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Аммо Некрӯз дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Куба Лопез Кардона Арлен бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Қаблан нуҳ нафар муштзанҳои тоҷик - Меҳрон Шафиев (48 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаҳобҷон Шукуров (75 кг), Шамшер Саидов (82 кг), Парвиз Каримов (86 кг), Наврӯз Ҷафоев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+ 92 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.

Рақобатҳои даври ниманиҳоӣ 11-уми декабр ва сабқати ниҳоӣ 13-уми декабр доир мегарданд.

Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар мегиранд. Аз ин маблағ 50 дар сад ба муштзанҳо, 25 фоиз ба мураббӣ ва 25 фоиз ба федератсияҳои миллӣ супурда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG