Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши таниш миёни Афғонистон ва Покистон манофеъ ва сармоягузориҳои Чинро таҳдид мекунад


Чин поёни ҷанг зери раҳбарии Амрико дар Афғонистонро фурсате барои густариши нуфузи минтақавии худ, дастрасӣ ба сарватҳои зерзаминӣ ва конҳои ин кишвар ва таъмини амнияти марзҳояш дар баробари гурӯҳҳои ифротӣ медид.

Аммо бо онки Пекин пас аз соли 2021 ҳузури иқтисодӣ ва сиёсии худро дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон густариш додааст, манфиатҳои Чин акнун бо душманӣ миёни Кобул ва Исломобод ва низ бо ҳамлаҳо бар коргарон ва тарҳҳои чинӣ дар минтақа, ба хатар афтодааст.

Ба бовари коршиносон, расидани Афғонистон ба субот ва оромиш аз роҳи рушду пешравӣ ва поёни душмании дерина миёни Кобул ва Исломобод аз тариқи ҳамкориҳои иқтисодӣ, калиди даст ёфтани Чин ба ҳадафҳояш дар ин минтақа ба шумор меравад. Барномае, ки то кунун номуваффақ будааст.

Марвин Вейнбаум, мудири мутолеоти Афғонистон ва Покистон дар Институти Ховари Миёна дар Вашингтон мегӯяд, "Чин дар иртибот ба субот миёни Покистон ва Афғонистон баландпарвозиҳо дошт, аммо нишонае аз амалӣ шудани он ба чашм намехӯрад".

"ЗАРБА БА МАНФИАТҲОИ ЧИН"

Дар моҳи октябр ҳукумати Толибон ва Покистон бо ҳам даргири ҷанге шуданд, ки бар асари он даҳҳо нафар кушта шуданд ва боис шуд Покистон марзи худро бо Афғонистон бандад. Ин рӯёрӯии маргбор дар солҳои ахир байни ду тараф бесобиқа буд ва нигарониҳо аз эҳтимоли оғози як ҷанги густурдаро афзоиш дод.

Исломобод ҳукумати Толибон дар Кобулро муттаҳам мекунад, ки гурӯҳи ифротии Таҳрики Толибони Покистонро паноҳ медиҳад -- гурӯҳе, ки ба таври афзоянда ба ҳамлаҳои хунин дар Покистон даст мезанад.

Пас аз нимаи октябр ва дар пайи поён ёфтани як оташбаси муваққат, гоҳ-гоҳ дар марзи тӯлонии ин ду кишвар даргириҳое рух додааст. Чанд ҳафта пеш Толибон Покистонро ба даст задан ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар дохили хоки Афғонистон муттаҳам кард. Ин ҳамлаҳо боиси кушта шудани 10 нафар нафар, аз ҷумла 9 кӯдак шуд.

Марвин Вейнбаум, мудири мутолеоти Афғонистон ва Покистон дар Институти Ховари Миёна дар Вашингтон мегӯяд, Пекин нигарон аст, ки як ҷанги густурда миёни Толибон ва Покистон тарҳҳои зербиноии Чин дар ҳар ду кишварро ба хатар биандозад.

Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ин вазъият нақшаи Чинро барҳам задааст ва ба назар мерасад, ки онҳо барои беҳбуди вазъ ҳеч фишанге дар ихтиёр надоранд".

Покистон мизбони тарҳҳои даҳҳомиллиарддолларӣ бо номи даҳлези иқтисодии Чин-Покистон (CPEC) аст, ки бахши муҳиме аз ибтикори "Як камарбанд -як роҳ"-и Чин ба шумор меравад. Аммо Чин аз замони оғози CPEC дар соли 2015, танҳо ҳудуди 25 миллиард доллар дар Покистон сармоягузорӣ кардааст.

Ҳазорон шаҳрванди Чин дар Покистон кор мекунанд ва мақомҳои покистонӣ барои ҳифозат аз онҳо як нерӯи вижаи пулис таъсис дода, садҳо постгоҳи тафтиш насб намудааст ва чораҳои сахти амниятӣ дар атрофи тарҳҳои бузург рӯи даст гирифтааст.

Чин ҳамчунон қарордодҳое барои истихроҷи нафт ва маъдан бо ҳукумати Толибон имзо карда ва ваъда додааст, ки CPEC-ро ба Афғонистон густариш диҳад -- кишваре, ки Чин онро пуле миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ медонад.

Пекин талош кардааст то бо ташвиқи ҳамкориҳои иқтисодии бештар миёни ҳамсоягон, танишҳои деринаи Афғонистон ва Покистонро коҳиш диҳад.

Дар сол 2022 Чин як Форуми дипломатии баландрутбаро барои пешбурди ҳамкории иқтисодӣ ва амниятӣ миёни Исломобод ва Кобул дубора фаъол кард. Пекин ҳамчунин нишастҳои миёни вазирони корҳои хориҷии Толибон ва Покистонро миёнаравӣ кард ва аз ду тараф хостааст, ки ҳангоми сар задани даргириҳо, хештандорӣ нишон диҳанд.

Эҳсонуллоҳ Типу Маҳсуд, мудири хабари вебсайти Khurasan Diary, ки фаъолиятҳои гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон ва Покистонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, "Чин бисёр нигарон аст, зеро ин танишҳо ба манфиатҳои Пекин дар минтақа ва ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ латма мезанад".

ПАНОҲГОҲ БАРОИ ҶАНГҶӮЁН

Осебпазирии Чин шомили эҳтимоли сирояти хушунат аз Афғонистон ба дохили марзҳои Чин низ мешавад. Эҳсонуллоҳ Типу Маҳсуд мегӯяд, ҷанги вақеъмиқёс миёни ҳукумати Толибон дар Афғонистон ва ҳукумати Покистон Чинро аз афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои тундрав, -- аз ҷумла онҳое, ки алайҳи Чин меҷанганд, нигарон месозад.

Пекин аз ин, ки вилояти Бадахшон дар шимол-шарқи Афғонистон ба як пойгоҳи ҷангҷӯён табдил шавад, бисёр нигарон аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Пекин аз ин, ки вилояти Бадахшон дар шимол-шарқи Афғонистон ба як пойгоҳи ҷангҷӯён табдилшавад, бисёр нигарон аст".

Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Покистон ҳаммарз аст ва танҳо роҳи заминии Афғонистон ба минтақаи Шинҷони Чин ба шумор меравад.

Рӯзҳои 26 ва 30 ноябри имсол бар асари ду ҳамлаи ҷудогона аз Афғонистон, панҷ коргари чинӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон, ки ба заршӯӣ ва роҳсозӣ машғул буданд, кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Ин нахустин бор нест, ки коргарони чинӣ дар ин минтақа ҳадаф қарор мегиранд. Соли гузашта як шаҳрванди Чин кушта ва чаҳор тани дигар дар як ҳамлаи марзӣ дар ҷануби Тоҷикистон захмӣ шуда буданд. Манбаъҳо он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳамлаварон аз Афғонистон ворид шудаанд.

Ҳарчанд шумори ҷангҷӯёни фаъоли ӯйгур дар минтақа маълум нест, аммо бовар меравад, ки теъдоди онҳо бисёр зиёд нест ва ин ҳам рӯшан нашудааст, ки онҳо то чӣ андоза бо минтақаи Шинҷон дар иртибот ҳастанд.

Дар охирҳои соли 2021 Толибон ҷангҷӯёни ӯйгурро аз Бадахшон ба минтақаҳои дигари Афғонистон интиқол доданд.

Гуфта мешавад, ин ҷангҷӯён аъзои "Ҳизби исломии Туркистон" ҳастанд -- гурӯҳе ифротӣ, ки Пекин онро масъули нооромиҳо дар Шинҷон медонад ва бо номи "Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ" (ETIM)ёд мешавад.

Ба гуфтаи бисёре аз коршиносони мустақил, ин гурӯҳ (ETIM) дигар фаъол нест, аммо Пекин ба ангезаҳои сиёсӣ аз он ном мебарад ва мизони таъсиргузориашро калон нишон медиҳад.

Дар пайи ҳамлаҳои ахир ба коргарони чинӣ, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ваъда дод, ки "амнияти марзиро тақвият карда, таҳқиқоти муштарак анҷом диҳад ва ҳар гуна ҳамоҳангии лозим" бо Тоҷикистонро ба пеш барад.

Аммо ин куштор сабаб шудааст, ки Пекин дастури хуруҷи коргарони худро аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон содир кунад.

Эҳсонуллоҳ Типу Маҳсуд мегӯяд, "нақши Чин мумкин аст дар ҳоли афзоиш бошад, аммо ин кишвар дармонда ба назар мерасад".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG