Дар даври аввал Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кило аз Ҳидетоши Токумочи аз Ҷопон ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило аз Михал Йедржевский аз Лаҳистон мағлуб шуданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио 303 ҷудокор (169 мард ва 134 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 паҳлавон - Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100 кг) - намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа, ки дар Токио 7-уми декабр доир мегардад, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Чонг-Ю Лин аз Тайпейи Чин/ Герман Кобетс аз Русия рақобат мекунад. Рақиби Мусаниф Миробов дар вазни то 66 кило дар даври аввал Чаниёнг Ким аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило дар даври аввал бо Сотаро Фуҷивара аз Ҷопон вориди сабқат мешавад. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кило дар даври аввал бо Ҷангарай Нергуи аз Муғулистон қувваозмоӣ менамояд.
Барномаи Tokyo Grand Slam 2025:
6-уми декабр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
7-уми декабр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг байни мардон.
Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ тақдим мегардад. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ.
Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Tokyo Grand Slam 2024 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар (се мард ва як зан) шомил буданд: Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).
Медали ягонаи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Обид Ҷебов ба даст овард. Вай дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои ҷопонӣ дастболо шуд.
Гуфтугӯ