Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Ҳонгконг 154 варзишгар (95 мард ва 59 зан) аз 18 кишвари чаҳор қитъаи олам иштирок дошт.
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 22-юми ноябр - варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг ва дар чаҳор вазн байни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81 кг мубориза бурданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 23-юми ноябр – занон дар чаҳор вазн: -63 кг, -70 кг, -78 кг, +78 кг ва мардон дар се вазн: -90кг, -100 кг ва +100 кг рақобат карданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот се нафар (як кас байни мардон ва ду нафар миёни занон) муаррифӣ намуданд.
Александра Кан дар сабқати занон дар вазни то 57 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Чаекянг Ли мағлуб шуд. Кан дар даври тасаллобахш бар Ван Лок Лау аз Ҳонконг пирӯз гардид. Александраи 19-сола барои дарёфти медали биринҷӣ бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳонгсун Чоои 22-сола ғолиб омад. Ин аввалин медали Александра дар арсаи ҷаҳонӣ буд ва ба ӯ 50 имтиёзи олимпӣ овард.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Магомед Фармонбекови 20-сола дар вазни то 73 кило байни мардон пас аз пирӯзӣ бар Чен-Ҳсен Чен аз Тайпейи Чин дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Ҳонг Нин Мак аз Ҳонконг шикаст хӯрд. Фармонбеков дар даври тасаллобахш аз Ерик Амани аз Австралия ноком шуда, ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Виктория Киселёваи 20-сола дар сабқати занон дар вазни +78 кило дар ҳарду рақобати худ аз гуштигирони Муғулистон ва Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.
Дар ҳисоби умумии медалҳо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 21 медал (8 тило, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Австралия бо 6 медал (2 тило, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Ҳиндустон бо 7 медал (1 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи ҳафтум дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд.
Бояд зикр намуд, варзишгарони тоҷик имсол дар мусобиқоти бози Осиё дар риштаи ҷудо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, чаҳор медали биринҷӣ ба даст оварданд. Аммо паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё-2025, ки моҳи октябр дар шаҳри Оқтови Қазоқистон доир гардид, бе медал монданд.
Гуфтугӯ