Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми президенти Тоҷикистонро шатранҷбози Ҳиндустон соҳиб шуд


Дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми президенти Тоҷикистон”, ки аз 9-ум то 16-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 230 шатранҷбоз аз 16 кишвар иштирок дошт.

Мусобиқа дар ду гурӯҳ — “А” ва “В”- сурат гирифт. Дар гурӯҳи “А” гроссмейстер ё бузургустод Пранав Ананд аз Ҳиндустон ғолиб шуд. Вай дар 9 бозӣ 7 имтиёз гирифт. Ананд бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тило ва 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз гашт.

Ҷойи дуюм насиби гроссмейстер Сергей Дригалов аз Русия гардид. Ӯ бо медали нуқра ва 8 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Ҷойи сеюмро гроссмейстер Никита Афанасиеви русиягӣ азони худ кард. Вай бо медали биринҷӣ ва 5 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Дар гурӯҳи “А” шатранҷбозони тоҷик дар ҳайати дастаи олимпии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, аммо аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Дар гурӯҳи “В” зиёда аз 130 шатранҷбози синну соли гуногун ширкат дошт. Дар ин гурӯҳ Исломбек Хусанови 11-сола аз Узбекистон ғолиб шуд. Намояндаи дигари Узбекистон - Муҳаммаддиёр Маҳмадуллоев - медали нуқра гирифт. Оксана Горячкина аз Русия бо нишони биринҷӣ сарфароз гашт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Тоҷикистон” 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба беҳтарин шатранҷбозон дар маҷмуъ 15 ҷоизаи асосӣ ва 4 ҷоизаи иловагӣ дар гурӯҳи “А”, инчунин 11 ҷоизаи асосӣ ва 12 ҷоизаи иловагӣ дар гурӯҳи “В” супурда шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG