Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои тило насиби кӣ мешавад: "Истиқлол" ё "Вахш"?


Бозиҳои даври 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 9-10-уми ноябр баргузор шуданд.

Дастаи “Вахш”-и Бохтар, пешсафи мусобиқот, дар бозии даври 22-юм дар майдони худ тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе - дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.

КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ду бозии дигари даври 22-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ - “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби якхелаи 1:1 ба поён расид.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Вахш” бо 44 имтиёз аз 21 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 40 имтиёз аз 18 бозӣ мақоми дуюмро касб кардааст. Шонси “Истиқлол” барои гирифтани унвони қаҳрамонӣ хубтар аст, зеро душанбегиҳо чаҳор бозӣ, бохтариҳо бошанд, як бозии дигар анҷом медиҳанд. Дар бозии мавқуфмондаи даври 19-ум “Вахш” дар майдони худ бо “Истиқлол” рақобат мекунад.

КМВА, ки дар 22 бозӣ 37 имтиёз гирифт, ҷойи сеюмро ишғол намуда, медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025-ро ба даст овард.

«Панҷшер», ки бо 12 имтиёз аз 22 бозӣ дар ҷадвали мусобиқоти имсола зинаи охиринро гирифт, лигаи олиро тарк мекунад. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар мусобиқоти лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок менамояд.

«Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 имтиёз аз 21 бозӣ дар зинаи пешазохирин – 11-ум – қарор дорад, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ. Даври 22-юм

9-уми ноябр (якшанбе)

«Вахш» - Истаравшан» - 2:0

Голҳо: Ампонса, 71, Черний, 90+2

Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»

КМВА – “Регар-ТадАЗ” – 1:0

Гол: Енегуе, 70

Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

“Барқчӣ” – “Хуҷанд” – 0:1

Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 3

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

10-уми ноябр (душанбе)

“Ҳулбук” – “Равшан” – 1:1

Голҳо: Салимов, 18 (1:0), Максумов, 74 (1:1)

Кӯлоб. Варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”

“Истиқлол” – “Эсхата” – 6:2

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 8 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 11 (2:0). Рустам Соиров, 27 (3:0). Рустам Соиров, 49 (4:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 68 (5:0). Диёрбек Холмирзоев, 84 (5:1). Ҷасур Ярбеков, 87 (5:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+1 (6:2).

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

“Панҷшер” – “Ҳосилот” – 1:1

Голҳо: Сонг, 10 (0:1), Айисси, 43 (1:1)

Бохтар. Варзишгоҳи «Вахш»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ пас аз натиҷагирии бозиҳои даври 22-юм чунин аст:

1. “Вахш” - 21 бозӣ 44 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 32-17

2. “Истиқлол” - 18 бозӣ 40 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 39-15

3. КМВА - 22 бозӣ 37 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 38-23

4. “Равшан” - 22 бозӣ 35 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 26-20

5. “Хуҷанд” - 22 бозӣ 31 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 24-25

6. “Эсхата” - 22 бозӣ 30 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 31-30

7. “Регар-ТадАЗ” - 21 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-22

8. “Барқчӣ” - 22 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-20

9. “Ҳосилот” - 20 бозӣ 24 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 25-26

10. “Истаравшан” - 21 бозӣ 19 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-38

11. “Ҳулбук” - 21 бозӣ 13 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 14-34

12. “Панҷшер” - 22 бозӣ 12 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 16-41

Бозиҳои боқимонда:

Даври 14-ум – “Ҳосилот” – “Истиқлол”

Даври 18-ум – “Ҳулбук” – “Истиқлол”

Даври 19-ум – “Вахш” – “Истиқлол”

Даври 20-ум – “Ҳосилот” – “Регар-ТадАЗ”

Даври 21-ум – “Истаравшан” – “Истиқлол”

Санаҳои баргузории ин панҷ бозии мавқуфмонда ҳанӯз муайян нашудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG